Технологияи рақамисозӣ ба сатҳи зиндагии ҷомеа таъсири бевосита расонида, дар коҳиши камбизоатӣ ва некуаҳволии ҷомеа мусоидат мекунад.  Мо ин матлабро метавонем бо як гузориши Созмони Милали Муттаҳид асоснок кунем. СММ дар як гузориши худ дар бораи рақамисозии ҷомеа қайд карда буд: “Бе дастрасии интернет, ки ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсири манфӣ мерасонад, боиси ғофил шудан аз як қатор ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунад. Инчунин, гурӯҳҳои ҳошияшуда ва давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар як ҳолати ногувор боқӣ монда,  ба ин васила нобаробарӣ ҳам дар дохили давлатҳо ва ҳам байни давлатҳоро инъикос мекунад”.  Агар дастрасӣ ба ҳаёти рақамӣ пайвастшуда барои зиндагии арзанда ва дастрасӣ ба маълумотҳои зарурӣ барои ҷомеа, имкон фароҳам орад пас бояд мавқеи нобаробарии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро тағйир дод. Аз ин рӯ, ҷомеа имкон пайдо мекунад, ки технология ва интернетро ба манфиат истифода баранд. Ҳамин тариқ, мусоидат ба дастрасии васеътар ба технологияҳои интернетӣ дар кишварҳои рӯбатараққӣ бояд, як қисми раванди пешбурди фарогирии иҷтимоӣ бошад.

Сифати зиндагӣ ё некуаҳволии ҷомеа яке аз муҳимтарин натиҷаҳои фарогирии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳисобида мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки робитаи байни пайвастшавӣ ба ҳаёти рақамӣ ва технологияҳои пешқадам барои сифати зиндагии ҷомеа ва таъсир гузоштан ба ташаббусҳои рушди маҳаллӣ ва миллӣ, ки ба беҳтар кардани имкониятҳо барои дастрасӣ ба технология нигаронида шудаанд, муҳим мебошад. Чунин иқдомҳо як ҷанбаи таъсирасонӣ дар ҳаёти ҷомеаи иҷтимоӣ буда, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба истифодаи дастгоҳҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ мебошад. Бо вуҷуди  ин, ташаббусҳо бояд тавассути фаҳмиши беҳтаре дар бораи он, ки пайвасти рақамӣ бо сифати зиндагии шоиста чӣ гуна таъсир мерасонад, маълумоти бештаре дошта бошем.

Имрӯзҳо дар тамоми хоҷагии халқ рақамикунонӣ дида мешавад, ки ин иқдом боис мегардад, ки сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар шавад. Масалан, системаи рақамисозӣ дар соҳаи бонкдорӣ, маориф, нақлиёт, тиҷорат ва ғара   ҷорӣ гардидааст.

Бонкдорӣ – бешубҳа ҷорӣ кардани низоми пардохтҳо тариқи кортҳои пластикӣ ва истифода аз ҳамёнҳои электронӣ муштариён имкон пайдо карданд, ки як қатор хизматрасониҳоро тавассути телефонҳои мобилӣ (смартфонҳо) ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд., ки ин яке аз навгониҳо дар пардохти маблағҳои хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ мебошад. Имрӯзҳо вобаста ба анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ, аз қабили терминалҳои электронӣ, пардохтҳо тавассути QR – рамзҳо, интернет–бонкинг, бонкдории мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва дигар намуди технологияҳои муосири пардохтӣ мавриди истифодаи ҷомеа қарор доранд.

Маориф – муҷҷаҳазгардонии синфҳо бо равзанаи электронӣ, ки раванди таҳсил тариқи слайдҳо мегузаранд. Инчунин,  китобхонаи электронӣ дар сомонаҳои муассисаҳо  ҷой гирифтаанд, ки хонандагон аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Ғайр аз ин, хонандагон имкон пайдо мекунанд китобҳоро тавассути телефони мобилӣ ва планшет истифода намоянд.  Ба роҳ мондани таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳҳои кишвар, ки хонандагон метавонанд тариқи интернет аз телефонҳо ва компютерҳои худ таҳсил намоянд. Агар мо солҳои қаблиро ёд оварем, дар соҳаи маориф омӯзгорон маоши моҳонаашонро  тариқи нақдӣ мегирифтанд. Албатта ин боиси ҳам боло рафтани ҳолати ришвахорӣ мешуд ва ҳам аз тарафи омӯзгорон барои гирифтани маблағ масрафи иловагиро тақозо мекард.

Нақлиёт – дар ин соҳа низ рақамикунонӣ ба роҳ монда шудааст. Хусусан дар низоми пардохти хизматрасонӣ тариқи кортҳо дар нақлиётҳои истифодаи умум (автобус, тролейбус, автобусҳои хурд)–и шаҳрӣ яке аз иқдомҳои ҷорисозии низоми рақамӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад.

Тиҷорат –  дар ин соҳа савдои электронӣ амал мекунад, ки дар баргузории намоишгоҳҳои онлайнӣ, содироти маҳсулоти тавлиди Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ, рушди иқтидори содиротӣ, дарёфти бозорҳои нав, тавсеаи ҳамкориҳои ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, ҷалби сармоя ва рушди тиҷорати электронӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Мо таърифи зиндагии бо рақамӣ алоқамандро ба мафҳумҳои дастрасии рақамӣ ва мустақилияти рақамӣ асос медиҳем Дастгоҳҳо барои зиндагии рақамӣ маъмулан, аз компютерҳои шахсӣ ва технологияҳои мобилӣ, ба монанди планшетҳо, телефонҳои мобилӣ ё смартфонҳо иборатанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар пайвастшави ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо ба мо имкон медиҳад, ки якчанд омилҳо ах ҷумла: сарфа кардани вақт, сарфа кардани хароҷот, иҷрои қарордодҳо дар муҳлати муайяншуда ва маълумоти иловагӣ дошан аз навгониҳои дилхоҳ хизматрасониро ба назар гирем.

Дар айни замон, иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун омили пешрафтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодии навъи инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ин на танҳо тамоюли ҷаҳонӣ ва нишонаи инқилоби илмию техникӣ дар воситаҳои истеҳсолот, ки ба иттилоот ва компютерҳо, коммуникатсия, технологияҳои рақамӣ асос ёфтааст, балки  бештар ба соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ворид мешавад, ки воситаи зарурии рафъи кафомонии технологияҳои  истехсолот мусоидат мекунад.

Бе имконияти зиндагии бо рақамӣ пайвастшуда, сифати зиндагӣ метавонад коҳиш ёбад. Масалан, корбаре, ки дастрасӣ ба интернетро танҳо тавассути дастгоҳи мобилӣ амалӣ мегардонад, метавонад таҷрибаи хеле гуногуни ҳаёти рақамиро нисбат ба корбари дигаре дошта бошад, ки дастрасии он бо истифодаи компютерро дар бар гирад. Бисёре аз вебсайтҳо барои телефонҳои мобилӣ мутобиқ карда нашудаанд ва ё ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ вазифаҳо ва муқаддимаи онҳо кам карда мешавад, ки ин амалҳоро ба мисли тиҷорати электронӣ ё бонкдории онлайн дар дастгоҳи мобилӣ мушкилтар мекунад. Илова бар ин, ба таҷрибаҳои мустақилияти рақамӣ аз маконҳое, ки ба интернет дастрасӣ надоранд, таъсир мерасонад. Истифодабарандае, ки ба интернети баландсуръат дар хона дастрасӣ дорад, дар муқоиса бо шахсе, ки танҳо аз интернет-кафе дастрасӣ дорад, мустақилияти бештар дорад. Аз ин рӯ, чӣ гуна ва аз куҷо дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотӣ метавонад одамонро бо роҳҳои гуногун дар бар гирад ё хориҷ кунад.

Назарияҳои гуногун собит сохтаанд, ки чаро зиндагии бо рақамӣ пайвастшуда метавонад ба сифати ҳаёт алоқаманд бошад. Аз нуқтаи назари эҳтиёҷот, дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотӣ бояд ба сифати ҳаёт таъсир расонад ва ба одамон имкон диҳад, ки эҳтиёҷоти фитрии худро, аз қабили кор, мақсад, озодона баёни ақида, алоқамандӣ ва рушди худидоракуниро иҷро кунанд. Аз нуқтаи назари сармояи иҷтимоӣ, интернет сармояи иҷтимоиро бо роҳи нигоҳ доштан ва барқарор кардани шабакаҳо ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ ва афзоиш додани шаклҳои алоқаи иҷтимоӣ хизмат мекунад. Ҳамин тариқ, технологияҳои рақамӣ равандҳои фарогирии иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, ҷомеа манфиатҳои худро барои ноил шудан ба озодиҳои шахсӣ тавассути дастрасии худ ба технологияҳои рақамӣ зиёд мекунанд.

Одамоне, ки бештар ба кумаки иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, аксар вақт малакаҳои рақамӣ надоранд, аксари онҳо имкониятҳои саломатии маҳдуд доранд. Онҳо метавонанд хидматҳои махсус ва дастрасии алтернативӣ ба хидматҳоро талаб кунанд. Рақамикунонии соҳа метавонад ҳам расонидани кумакро сода кунад ва ҳам роҳҳои нави табъизро эҷод кунад ва аксари ин падидаҳо аз усулҳои ахлоқие, ки дар системаи дастгирии иҷтимоӣ қарор доранд, вобаста аст.

Хулоса, ҳаёти муосирро бе истифодаи технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан хеле душвор аст. Рақамикуноӣ ҳар дафъа бахшҳои бештари ҳаёти ҳаррӯзаи моро фаро мегирад ва аз мо танҳо омухтани фанҳои дақиқ ва хориҷӣ инчунин, доштани малаккаи баланди истифодабарӣ дар технологияҳои рақамиро тақозо мекунад.

Имрӯз дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар технологияҳои саноати барқарорсозӣ дигаргуниҳои инқилобӣ ба амал омада истодаанд. Технологияҳои рақамӣ ба мо имкон медиҳанд, ки на танҳо равандҳои зиёдеро сода мегардонанд, балки воқиф шудани ҷомеа аз расонаҳои ҷаҳони имрӯз дарак медиҳад.

Асри рақамикунонӣ моро водор месозад, ки на танҳо тарзи зиндагӣ, балки тарзи тафаккурро низ рушд бахшем.

Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед