Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки баргузор мешавад, хотирмон ва мақсаднок ба анҷом расид.

Ҳадафи аввалиндараҷаи озмун,  баланд бардоштани завқи китобхонии наврасону ҷавонон, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа буд. Натиҷаи ин озмун бори дигар собит сохт, ки дар ҳақиқат мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ бо ҷавонони кишвар мунтазам таъкид менамояд, ки “Шумо­­-ҷавонони азиз, ҳаргиз фаромӯш накунед, ки гузаштагони мо-тоҷикон дар тӯли тамоми таърих соҳиби саводу маърифат, китобу қалам, илму дониш ва офарандагони яке аз тамаддунҳои бостонӣ, инчунин, шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд”.

Воқеан, ин  таъкидҳои саривақтии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як наврасу ҷавони бедордилро водор месозад, ки ба донишомӯзиву китобхонӣ машғул шавад ва ҷаҳони маънавии хешро ҳарчи бештар ғанӣ гардонад.

Ҷое мутолиа намуда будам, ки дар Донишгоҳи Стелленбос дар Африқои Ҷанубӣ дар пештоқи он лавҳае бо чунин навиштаҳо овезон аст: “Барои маҳв кардани миллат бомбаи атомӣ ё мушакҳои дурпарвозкунанда лозим нест. Танҳо сифати таълимро паст карда, ба руйбардорӣ аз дафтар (истифодаи шпаргалка) иҷозат диҳед кифоя. Дар натиҷа:

  • Беморон аз дасти чунин духтурон мемиранд.
  • Биноҳо аз дасти чунин меъморону муҳандисон фурӯ меравад.
  • Маблағҳо аз дасти чунин иқтисодчиёну муҳосибон ба бод меравад.
  • Адолат аз дасти чунин қозиҳо нест мешаванд.
  • Пастии таълим-маҳви миллат аст!”

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, китобхониро ба одати доимӣ табдил диҳанд, ба омӯзиши илму дониш ҷиддӣ машғул шаванд ва дар рушди Тоҷикистони азизамон, ки хонаи умеду орзуи ҳар кадоми мову шумо мебошад, саҳми арзанда гузоранд ва Ватани маҳбубамонро ба як кишвари пешрафтаи фарҳангӣ мубаддал гардонанд.

Боиси ифтихор аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” барои ҳамагон беҳтарин ганҷинаҳои миллатро кашф намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд, ки миллати тоҷик, миллати қадима ва миллати китобхону китобдӯст аст. Чунин манзараи донишомӯзӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ имкон фароҳам меоранд, ки дар кишвари зебои мо кӯдакону наврасони донишманд ба воя бирасанд ва  барои давлату миллати мо дар оянда хизмат кунанд. Озмуни мазкур аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Дар доираи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” мо дар байни аҳли байту пайвандонамон озмуни оилавии “Каримиён пайравони хираду доноӣ”-ро баргузор намудем, ки аз таъсирбахш ва диққатҷалбкунанда гузаштани он ҳаловат бурдем. Ва ин ҷо ҳис кардем, ки то кадом дараҷа озмуни ҷумҳуриявӣ ба ҳадафҳояшу мақсадҳояш ноил шудаву натиҷаю таасуроти баланд гузоштааст. Мо саволҳои озмуни оилавиро гуногун гузоштем, ки баъди худро муаррифӣ кардану фанҳои гуманитариро чи хел балад асту чанд рубоӣ, ғазал ва асарҳои насриро азхуд кардааст, ҳамчунин, дар боби рӯзгордорӣ чиро медонад, киро идеал ҳисоб мекунад ва барои чӣ, кӣ шудан мехоҳад, ахлоқи ҳамида ва силаи раҳмро чи хел мефаҳмад, дар оянда пайрави кӣ шудан мехоҳад, мафҳумҳои иттиҳод, дастҷаъмӣ, Падар,  Модар, Ватанро чи хел шарҳ медиҳад, зодрӯзи худро бо забони русӣ гап занед, замини наздиҳавлигиятон чанд масоҳат аст, дар ҳавлиятон чанд дарахт шинонидаед, чи қадар кишт гузаронидаед ва кадом зироатҳо, муқадассоти Тоҷикистон кадомҳоянд ва ғайраҳо. Барои ишғоли ҷойҳои 1,2,3-юм ва 2 ҷойи ифтихорӣ иштирокчиёни аз 5 сола то 65 сола то соати 12-и шаб қуваозмоӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд. Акнун озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳбалад шуд, ки мо ибтидои ин озмунҳоро аз оила, деҳа, ҷамоат оғоз намуда, ба сатҳи ноҳияю вилояту ҷумҳурӣ барорем. Ин ҳолат боис мегардад, ки робитаи мактабу оила ва Асосиатсияи волидайн боз ҳам мустаҳакам гардад. Фикр мекунам, ки дар барномаю саволномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баробари фанҳои гуманитарӣ фанҳои дақиқ илова мешуд, мазмун ва таъсири баргузории он боз ҳам таасуроти зиёд мебахшид. Барои пешрафти саноатикунонӣ ва инноватсионии  ҷумҳурӣ нақши калон мебозид ва аз тарафи дигар иҷроиши дастури Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мавриди иҷроиш қарор мегирифт. Бисёр ифтихорӣ мебуд, агар ҳамагон боз бештар ба мактаб рӯй меоварданду барои донишманд шудани фарзандону миллату давлат саҳми босазо мегузоштанд.

Давраи фаъолияти кориям дар ноҳияи Файзобод собиқадори меҳнат Дустмурод Ҳакимовро (равонашон шод бод) ба дафтари кориям даъват намуда, хоҳиш намудам, ки барои ҳавасманд гардонидан ва сайқал додани дониши хонандагони ноҳия аз номашон стипендия (идрорпулӣ) мувофиқи имконият таъсис диҳем. Дӯстмуродака бе ягон дудилагӣ фикри маро ҷонибдорӣ намуда, ҳар моҳ аз ҳисоби хоҷагии деҳқонияшон барои 50 хонанда ба маблағи 50 сомонӣ стипендия таъсис доданд. Ҳамчунин соҳибкори муваффақи ҳамин ноҳия Ҷамшед Ғафуров баъди пешниҳоди мо ба маблағи 50000 доллари ИМА ба мактаби маркази ноҳия барои сохтмони варзишгоҳ кумак расонида, дар деҳаи Кенҷаободи ноҳияи Файзобод мактаби замонавӣ сохта ба истифода дод. Манучеҳр Каримзода яке аз чеҳраҳои фарҳангию маърифатӣ дар ноҳия мададгори оилаҳои камбизоат шуда, пайваста дар арафаи ҳамагуна ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ ба эҳтиёҷмандон кумакҳои хайриявӣ намуда, ба фарзандонашон либос ва ҷиҳозҳои мактабӣ  тақдим менамуданд. Дар ҷумҳурӣ шумораи чунин шахсони саховатманд бениҳоят бисёранд. Лозим ва ёдоварист, ки ин нафарон бояд мактаби намунаю сабақи ҳамагон қарор гиранд. Дар мактабҳо ба шарафи онҳо гӯшаҳои ифтихорӣ ташкил карда шаванд, дарсҳои соатҳои тарбиявӣ аз фаъолият, зиндагинома ва шахсияти онҳо баргузор карда шавад, онҳоро бо унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадр кунанд ва амсоли инҳо. Соли 2016 дар яке аз мактабҳои ноҳияи Ёвон стипендияи “Каримиён” барои хатмкунандагони мактаб ва” муаллими беҳтарин” таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати боло рафтани сатҳи дониш ва ҳавасманд гардонидани муаллимони фаъол саҳми босазо гузошт.

Барномаҳоро дар ҳар номинатсия тамошо мекардаму пеши назарам кишвари Ҷопон ҷилвагар мешуд. Ин кишвар, чунонки маълум аст, баъди ҷанги дуюми ҷаҳон валангор гашта буд. Барои рафъ намудани хисороти ҷанг роҳбари хирадманди он ислоҳотро аз соҳаи маориф шурӯъ намуд. Дар фосилаи муайян ин кори оғозкардаи роҳбари Ҷопон натиҷаҳои дилхоҳ ба самар овард ва насли босаводе ба камол расид, ки ба ҷаҳон имрӯз техника ва технологияҳои навтарину муосирро кашф ва истихроҷ карда, пешниҳод менамояд. Мегӯянд, ки аз Сарвазири Ҷопон пурсиданд: Чӣ гуна ба ин ҳама илму техника ноил гардидед? Гуфт: «Мо ба омӯзгорон маошро  монанди Вазир, дахлнопазириро монанди Депутат ва шарафмандиро монанди Император таъмин намудем.” Бале, хеле суханҳои шоиста. Месазад, ки устодони ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мукофоту унвонҳои ифтихории Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф қадрдонӣ карда шаванд.

Ташаббус ва иқдоми бузурги Пешвои мо- Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хотирмон буд ва таасуроти нек бахшид. Ҳамин гуна ҷаҳду ҷадалҳо дар ояндаи наздик дар Ватани мо самараи нек ба бор меоваранд. Мо ба амалишавии ин иқдому ояндаи неки Ватан бовар дорем, зеро Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ барҳақ фармуда:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Имомназари Каримиён,

                                                             Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

          Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

          Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Чоп кунед