Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ доир шуда истодааст. Дар қисамти ифтитоҳии ҳамоиш роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви СҲШ аз Марказҳои миллии тадқиқоти стратегӣ суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрам андшаҳои худро иброз намуданд. Яке аз мавзӯҳое, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарони марказҳои тадққоти стратегии Фоурми СҲШ қарор дошт, масъалаи тақвияти фаъолияти марказҳои таҳлили давлатҳои аъзои СҲШ мебошад. Мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, афзоиши чолишу хатарҳо, бархурди манфиатҳо ва рақобатҳои геполотикӣ ва ғайраҳо тақвияти фаъолияти марказҳои зеҳнии СҲШ-ро тақозо менамоянд.

Вобаста ба масъалаи мазкур Усмонзода Хайриддин директори Маркази тадқиқоти стратегӣ таъкид намуд, ки таҳлили вазъи ҷаҳон, нишон медиҳад, ки танҳо дар сурати пурра мавриди омӯзиш қарор додан ва пайваста пайгирӣ намудани раванду ҳодисаҳо мо метавонем, ки роҳу воситаҳои пешгирӣ ва мубориза бо хатару таҳдидҳоро пайдо намуда, сулҳу субот, амният ва рушди устуворро дар на танҳо дар ҳавзаи СҲШ балки, фаротаро аз он таъмин намоем.

Виджай Тхакур Синг директори генералии Шӯрои Ҳиндустон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ зимни суханронии худ зикр кард, ки маҳз пайгирии раванду ҳодисаҳо аз ҷониби марказҳои таҳлилӣ имкон медиҳанд, ки кишварҳои аъзои СҲШ дар раванди қаблуи қарорҳо тасмим самаранок гиранд.

Ба андешаи Жун Ин ноиби Президенти Академияи масъалаҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳоло муносибатҳои байналмилалӣ дар марҳилаи бисёр ҳассос қарор доранд. Равандҳои мазкур нақши марказҳои таҳлилро дар пайдо намудани роҳи ҳалли дурусти масъалаҳо рузафзун намудааст.

Директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Элдор Орипов доир ба нақши Форуми СҲШ андешаронӣ намуда, таъкид дошт, ки айни ҳол кишварҳои аъзои СҲШ дар марҳилаи нави рушд қарор доранд. Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои аъзо ва пешгирии хатару таҳдидҳои ғайрианъанавӣ зарурати таҳкими фаъолияти марказҳои таҳлилӣ ба миён омдааст.

Намояндаи Маркази тадқиқотии Осиёи Шарқӣ ва СҲШ-и Институти тадқиқоти байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Русия Михаил Конаровский ва намояндаи Шӯрои идоракунии Институти тадқиқоти стратегии Исломобод Халид Махмуд низ дар ҷараёнги суханрониҳои худ ба тақвият ва ҷоннок намудани фаъолияти муштараки марказҳои таҳлилии узви Форуми СҲШ таъкид намуданд.

Умаман, дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ масъалаи тақвияти ҳамкориҳои марказҳои зеҳнӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарони ҳайатҳо қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ идома дорад ва қарор аст, ки дар бахшҳои алоҳидаи он масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таҳлил ва баррасӣ гарданд.

Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед