Технологияҳои иттилоотии замони муосир дар ҷомеаи иттилоотӣ, пеш аз ҳама, ба муносибатҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои сиёсӣ таъсири амиқ расонида, шаклҳои зоҳиршавии сиёсиро дигаргун намуда истодаанд. Дар чунин шароит роҳу усулҳои таъсиррасонӣ ба афкори ҷамъиятӣ ба амал меоянд. Иттилоот ҳамчун манбаи асосии ҷомеаи иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафт ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеаи иттилоотӣ истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар соҳаҳои гуногун ба амал меояд. Дар чунин шароит истифодаи технологияҳои мазкур дар соҳаи сиёсат низ ногузир мегардад.

Дар шароити муосир бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсири “сиёсати нарм”, ғасби иттилоотӣ, паҳн гардидани иттилооти экстремистӣ ва таъсири онҳо ба афкори ҷамъиятӣ, махсусан, таъсири кибертерроризму киберэкстремизм дар ҷомеа ва киберҳамлаҳои тарғиботӣ дар равандҳои сиёсии ҷомеа ба мушоҳида мерасанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тайи ду даҳсолаи охир дар шабакаи ҷаҳонии интернет шабакаҳои мухталифи иҷтимоие дар фазои иттилоотӣ ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои ба худ хоссеро доро мебошанд. Агар аз як ҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ иртиботи одамонро таъмин намоянд, аз ҷониби дигар сарчашмаи тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ ва ҳамчун унсури таъсиррасон ва тарғибу ташвиқ дар равандҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа васеъ истифода мегарданд.

Бояд гуфт, ки то моҳи апрели соли 2022 дар саросари ҷаҳон 5 миллиард корбари фаъоли интернет ба қайд гирифта шудааст – 63 дарсади аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор, 92,4 дарсад ба интернет тавассути дастгоҳҳои мобилӣ дастрасӣ доштанд.

Теъдоди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар саросари ҷаҳон дар 12 моҳи охир 7,5 дарсад афзоиш ёфта, истофодабарандагони ҷаҳонии он то моҳи апрели соли 2022 ба 4,65 миллиард нафар расид, ки ин 58,7 дарсади аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳад.

Масалан, аз моҳи апрели соли 2021 то апрели соли 2022 326 миллион корбарони нав ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ шуданд, ки ин ба афзоиши тақрибан 900.000 корбарони нав ҳар рӯз баробар аст. Ин маънои онро дорад, ки айни замон корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳар сония беш аз 10 корбари нав афзоиш меёбад.

Бояд гуфт, ки айни замон дар шабакаи интернет чунин шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди “Instagram”, “Facebook”, “Twitter”, “Telegram”, “WhatsApp”, “Wechat”, “TikТok”, “Snapchat”, “Pinterest”, “Signal”, “Youtube”, “Rutube”, “IMO”, “В контакте”, “Одноклассники”, “Viber”, “Мой мир”, “Мир тесен”, “Yandex: мой круг”, “MYSPACE”, “BeOn” ва ғайра мавҷуд аст.

Дар байни онҳо “Facebook” ҳамчун бузургтарин шабакаи иҷтимоии интернетӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи оморҳо дар чор моҳи аввали соли 2022 онро ҳар моҳ беш аз 2,9 миллиард узвшудагони фаъол истифода мебурданд.

Дар ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон, ки дар раванди босуръати ташаккулёбӣ қарор дорад, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) ҳамчун омили муҳим ба ҳисоб рафта, дар равандҳои сиёсии ҷомеа мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифобарандагони интернет хеле зиёд мебошанд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ соли 2021 таъкид намуда, иброз доштанд, ки дар соли 2021 истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар беш аз 4,2 миллион нафарро ташкил дод ва шумораи муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ бошад, ба беш аз 8 миллион нафар расид.

Ё ин ки мувофиқи маълумоти “Data Reportal” то моҳи январи соли 2022 дар Тоҷикистон 1.49 млн истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда, ки назар ба соли 2021 426 ҳазор зиёд гардидааст.

Илова бар ин то моҳи январи соли соли 2022 дар Тоҷикистон 1 .04 млн истифодабарандагони “Instagram” ба қайд гирифта шудааст, ки 10,5% аҳолии кишварро ташкил дода, аксари онҳо мардон буданд–77,3%. Ҳамчунин, то моҳи январи соли 2022-ум 443.4 ҳазор истифодабарандагони “Facebook” ва 71 ҳазор истифодабарандагони фаъоли “Linkedin” ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин ҷо бар меояд, ки маълумот доир ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар якхела набуда, дар байни онҳо тафовут дида мешавад. Вале дар маҷмӯъ, рушди ТИК дар Тоҷикистон бо суръати хеле баланд идома дошта, истифодаи сомонаҳои интернетӣ, хосатан шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби ҷавонони кишвар васеъ истифода бурда шуда, шаҳрвандони кишвар дар фазои маҷозии кишвар фаъоланд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тайи ду даҳсолаи охир шабакаи интернет яке аз воситаҳои хеле муҳимми пешбурди фаъолияти сиёсӣ гардидааст. Таҷрибаи равандҳои сиёсии ҷаҳон ва инқилобҳои ранга дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки чигуна кишварҳои алоҳида ва гуруҳҳои манфиатҷӯ дар ин равандҳо бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҳамлаҳои хакериро анҷом дода, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо паҳн намудани маълумотҳои бардуруғ нисбати сиёсати давлатии ин ё он кишвар ба мафкураи шаҳрвандон таъсир мерасонанд. Илова бар ин, гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо ирсоли миллионҳо пайомакҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман паҳн намудани маълумотҳои танқидӣ дар байни аҳолӣ нисбати сиёсати давлатии кишварҳо, проблемаҳои дохилии онҳо, мавқегирии як кишвар вобаста ба дигар кишварҳо, аз ҷумла мавқегирии нодурусти ҳизбҳо ва ғайра таъсир мерасонанд.

Яке аз усулҳои истифодабарии ТИК ва дахолати кишварҳои абарқудрат ин созмон додани ҳазорҳо истифодабарандаи бардуруғ бо номҳои маҳаллии кишварҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ин ки истифода намудани ҷавонон дар паҳн намудани маълумоти «фейк» ё худ бардурӯғ мебошад.

Таҷрибаи баъзе равандҳои бесуботсозии кишварҳо нишон медиҳад, ки бо ин роҳ кишварҳои алоҳида ва гуруҳҳои манфиатҷӯ ба мафкураи мардум таъсир расонида, як навъ бадбинии мардумро бедор намуданд.

Баъзе аз кишварҳо аллакай таъсиси ҳазорҳо истифодабарандаи бардурӯғ бо номҳои маҳаллииро дар шабакаҳои иҷтимоии муайян намуда, фаъолияти онҳоро маҳдуд ва бекор намудаанд, то ин ки аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин бошанд ва бади ин васила амнияти иттилоотии худро таъмин созанд.

Бояд тазаккур дод, ки амнияти иттилоотӣ бо сиёсат алоқамандии бештар дорад ва яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсии ҷомеа ба шумор меравад. Дар заминаи манфиатҳои миллӣ ва иттилоотии кишвар дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ҳадафҳои стратегӣ ва сиёсати дохилию хориҷии давлат ташаккул дода мешаванд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки амнияти иттилоотии давлат ва ҷомеа бо устувории соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятӣ ва бо ҳолати ҳимоятшавандагии онҳо аз таъсири манфии иттилооти зараррасон алоқаманд аст. Ба ибораи дигар, амнияти иттилоотӣ қобилияти безарар карда тавонистани таъсири иттилооти манфӣ мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки амнияти иттилоотӣ ҷузъи таркибии амнияти миллии кишвар мебошад. Бо дарназардошти дигаргуниҳои технологии солҳои охир масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар муносибат бо дигар соҳаҳои амният дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Чунин зарурат ва афзалият бо он далел асоснок карда мешавад, ки фазои иттилоотӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат таъсири амиқ мерасонад.

Аз ҷумла дар зери таъсири чунин дигаргуниҳо субъектҳои нави сиёсат пайдо гардида, ниҳодҳои анъанавии ҳокимият ба дигаргунии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Зеро дар шароити муосир шаклҳои нави муборизаҳои сиёсӣ ва роҳу усулҳои амалӣ намудани таъсиррасонии сиёсӣ пайдо шудаанд, ки ҳамаи онҳо натиҷаи рушди технологияҳои иттилоотӣ ва ташаккули фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мебошанд.

Мутахассисон ва коршиносони ин соҳа мақсад ва вазифаҳои ҷангҳои иттилоотӣ ва муборизаҳои иттилоотиро дар фазои маҷозӣ ба таври зерин нишон додаанд:

–таъсири манфӣ расонидан ба имиҷи байналмилалии давлат, халал расонидан ба ҳамкориҳои байналмилалии он;

– дар раванди қабули қарорҳои сиёсӣ монеа эҷод намудан;

– ба вуҷуд овардани шиддати иҷтимоӣ ва барҳам задани суботи сиёсии ҷомеа;

– коҳиш додани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

– ташкил намудани тазоҳуроти оммавӣ;

– вайрон намудани фаъолияти муназзами идоракунии артиш, қисмҳои низомӣ ва объектҳои муҳимми стратегӣ;

– таъсири манфӣ расонидан ба фазои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа, дур намудани аҳолии кишвар аз фарҳанги миллӣ.

Дар соҳаи сиёсат омилҳои иттилоотӣ таъсири бештар дошта, барои ҳалли як қатор масъалаҳои стратегӣ ва баъзан геополитикӣ аз ҷониби субъектҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Чунончӣ:

– бо истифода аз технологияи назарфиребӣ таъсир расонидан ба афкори ҷамъиятӣ, тағйир додани он, ташкил намудани шиддати иҷтимоию сиёсӣ, ба вуҷуд овардани бетартибиҳои сиёсӣ;

– коҳиш додани таъминоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

– истисмор намудани иқтидори зеҳнии кишварҳои дигар;

–ноустувор гардонидани муносибатҳои байни ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ (бо мақсади ташкил намудани низоъҳо, ба вуҷуд овардани фазои нобоварӣ, шубҳаҳо, шиддатнок намудани муборизаҳои сиёсӣ);

–паҳн намудани иттилооти носаҳеҳ дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва бо ин роҳ таъсири манфӣ расонидан ба имиҷи сиёсии онҳо;

– вайрон намудани фаъолияти шуъбаҳои робита бо ҷомеа ва сохторҳои ташаккулдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ, мушкил намудани дастрасии онҳо ба иттилоот ва дигар воситаҳои иттилоотӣ;

–амалӣ намудани дастгирии иттилоотии агентиҳое, ки барои вайрон намудани фаъолияти муназзами сохторҳои сиёсию ҳарбӣ ва иҷтимоию иқтисодии рақиб нигаронида шудаанд.

Ҳамин тариқ, дар ҳолати амалӣ гардидани ҳадафҳои дар боло номбаргардида ба давлат, миллат ва ҷомеа зарару зиёни моддию маънавӣ расонида мешавад. Ин аст, ки дар замони муосир аксари давлатҳои дунё омилҳои иттилоотиро ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷии худ ба таври васеъ истифода менамоянд. Аз ҷумла омилҳои иттилоотӣ барои паҳн намудани арзишҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсию иҷтимоӣ истифода мегарданд. Масалан, ҳамасола аксари давлатҳои дунё аз ҳисоби фирори мағзҳо зарари зиёди моддӣ мебинанд, ки онро натиҷаи муборизаҳои иттилоотӣ номидан мумкин аст.

Бояд қайд намуд, ки дар шароити ҷангӣ дар баробари қувваҳои ҳарбӣ инчунин муборизаҳои иттилоотию психологӣ ва иттилоотию техникӣ низ нақши муҳим мебозанд. Қарорҳои ҳарбию сиёсӣ дар аксар маврид зери таъсири таҳдидҳои иттилоотӣ қабул мегарданд. Аз ин рӯ, дар пайдоиши низоъҳои мусаллаҳонаи замони муосир ва гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ иттилоот ва абзорҳои иттилоотӣ нақши ҳалкунанда доранд. Низоъҳои мусаллаҳонаи солҳои охир чунин воқеиятро инъикос менамоянд. Қобилияти ВАО барои таҳриф намудани воқеаву ҳодисаҳо ва дар ин замина тағйир додани тасаввуроти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ҷонибҳои низоъ аз сиёсатмадорон талаб менамояд, ки қарорҳои фаврӣ қабул намоянд.

Бинобар ин, ҷангҳои мусаллаҳонаи замони муосирро ҷангҳои гибридӣ меноманд. Яъне, ҷангҳое, ки дар мундариҷаи онҳо унсурҳои гуногуни амалиёт, аз ҷумла амалиёти иттилоотӣ, идеологӣ, стратегӣ, технологӣ ва ғайраҳо шомил карда шудаанд.

Гузашта аз ин, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз чигунагии таъмини амнияти иттилоотӣ вобаста мебошад. Вобастагии давлат аз фаъолияти муназзами системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осебпазирии иттилоотии ҷомеаро хеле зиёд менамояд. Махсусан, солҳои охир омилҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба суботи сиёсӣ ва амнияти сиёсии давлат мустақиман таъсиргузорӣ намуда истодаанд, ки чунин ҳолат бори дигар вобастагии сулҳу суботро аз амнияти иттилоотӣ нишон медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рушди минбаъдаи ҷомеа ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе дарназардошти омилҳои иттилоотӣ амалӣ намудан ғайриимкон аст. Дар чунин вазъият амнияти иттилоотии кишвар унсури марказии низоми амнияти миллӣ дониста шуда, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро аз худ вобаста менамояд. Дар баробари рушди инфрасохтори иттилоотии ҷомеа, ки барои фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мегардад, инчунин таҳдиду хатарҳое пайдо мешаванд, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахусус суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеаро халалдор месозанд.

Шабакаи интернет дар фаъолияти ҳамарӯзаи одамон ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ба манбаи муҳимми стратегӣ табдил ёфта истодааст. Ва кам нестанд ҳолатҳое, ки ба воситаи иттилоот таҳдиду хатарҳои гуногунро ба вуҷуд меоваранд. Аз ҷумла, бо мақсади расонидани зарар дуздидани иттилооти махфии дигарон, рахна намудан ва тахриб кардани системаҳои иттилоотии рақибон, дар заминаи ҳуҷумҳои иттилоотӣ ба амал баровардани ҷангҳои иттилоотӣ, ба воситаи иғвоангезӣ ва дурӯғпардозӣ таъсир расонидан ба шуури ҷамъиятӣ, ба воситаи шабакаҳои интернетӣ кӯшиши ташкил намудани инқилобҳои ранга, зуҳури терроризм ва экстремизми иттилоотӣ таҳдиду хатарҳое мебошанд, ки дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пайдо шудаанд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки иттилоот на танҳо ба фоидаи шахс, ҷомеа ва давлат, балки ба зарари онҳо низ истифода мегардад. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бо назардошти иштирок ё ҳузури бештари шаҳрвандон дар фазои иттилоотӣ ва имконияти таъсиррасонӣ ба доири васъеи афкори ҷамъиятӣ ҷиҳати бо мақсади халалдор кардани амнияти иттилоотии кишварҳо бештар интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро василаи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Зеро ин василаи хеле осон, имконияти нав ва қуллай инчунин аз нуқтаи назари вақт хеле тез барои расидан ба ҳадафҳои нопоки онҳо мебошад.

Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 26 январи соли 2021 таъкид намуда, иброз дошт: “Пайравони созмонҳои террористию экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд… Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”.

Метавон гуфт, ки хатару таҳдидҳои зерин ба фазои иттилоотии Тоҷикистон мавҷуданд, ки онҳро ба таври зайл арзёбӣ менамоем:

Аз ҷумла;

  • ба воситаи ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ ташкил намудани инқилобҳои ранга;
  • бо суръати баланд паҳн гардидани иттилооти носаҳеҳ ва бардурӯғ;
  • экстремизми иттилоотӣ, терроризми иттилоотӣ;
  • мағзшӯӣ намудани ҷавонон;
  • назарфиребӣ ва таъсир расонидан ба афкори ҷамъиятӣ;
  • таъсири манфии “неруи нарм” ва монанди инҳо ҳамчун таҳдидҳои воқеӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон мебошанд.

Илова бар ин, таҳдидҳои зерин низ ба амнияти иттилоотии кишвар таҳдид мекунанд:

  • мундариҷаи номуносиб;
  • дастрасии беиҷозат;
  • ихроҷи ва талафоти маълумот;
  • қаллобӣ, киберҷиноятҳо, ҷангҳои киберӣ;
  • вайрон кардани маҳдудиятҳои қонунии паҳн кардани ахбор.
  • манъ ё масдуд кардан дастрасӣ ба фаъолияти расонаҳои давлатӣ барои иттилоотонии аҳолии кишвар.

Хулоса, дар баъзе аз мавридҳо иттилоотро барои таъсири манфӣ расонидан ва амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсию идеологӣ низ истифода менамоянд, ки дар чунин шароит ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии шаҳрвандон, ба таври дуруст ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва монанди инҳоро тақозо менамояд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф ва барои иртибот доштан бо ҷавонон ва назорати онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман баҳри таъмини амнияти иттилоотии кишвар пешниҳод мегардад, ки дар оянда кишвари мо низ шабакаҳои иҷтимоии худӣ ё маҳаллиро бо додани имтиёзҳои махсус ташкил намояд, то ки ҷавонон аз он истифода баранд. Кишвари мо низ бо ин роҳ метавонад бо ҷавонони кишвар дар фазои иттилоотӣ дар иртиботи фардӣ қарор дошта бошад ва онҳоро аз таъсири идеологияи бегона нигоҳ дошта бошад.

Илова бар ин, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани фазои иттилоотии кишвар аз таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман, барои таъмини амнияти иттилооти Тоҷикистон, омода намудани кадрҳои баландихтисоси касбӣ, ворид намудани ТИК-и навтарин ба кишвар, вокуниши сарвиқатӣ ва пурра намудани фазои холигӣ, иштироки фаъоли зиёиёни миллии кишвар дар фазои маҷозӣ ва умуман саҳми ҳар як шаҳрванди ватандӯст дар ин самт муҳим ба ҳисоб меравад.

ПАРВИЗ МУҲАММАДЗОДА,
доктори илмҳои сиёсӣ,
муовини директори
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед