Тавре, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониҳояшон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намудаанд, ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи “коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Дар робита ба ин, дар моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатие) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайриммодӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мебошад.

Аммо, аз сӯйи дигар, ҳамон фасод аз ришвахорӣ падидаи бисёрҷанбатар аст. Барои коррупсия танҳо гирифтани пора ё ришва шарт нест. Ба маънои васеъ коррупсия истифодаи мақоми хизматӣ ба манфиати шахсиро дар бар мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки бо вуҷуди амал кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии ҳолати ришвахорӣ дар кишвар кифояткунанда бошад ҳам, мутаассифона ҳолатҳои ба фасод даст доштани нафароне мушоҳида мегардад, ки баҳри бартараф кардани ин падида кӯшишҳои дастаҷамъӣ кардан лозим аст. Маврид ба зикр аст, ки дар шароити кунунӣ инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ мувоҷеҳ аст, аз қабили тероризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯбарӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Аз ин рӯ, фасод низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда бартарӣ надошта, ба онҳо алоқамандии зич дорад.

Гуфтан бамаврид аст, ки аз муқаррароти моддаҳои 1,5,10 ва 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат кафолат додааст ва инчунин, уҳдадор аст, ки баҳри амалӣ гаштани онҳо шароити мусоид муҳайё созад. Инчунин, ин муқаррарот дар қисми 2-и моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки тибқи он “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шахс шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.

Ҳамзамон, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии омилҳои коррупсионӣ муқаррароти дахлдор пешбинӣ гардидааст, ки шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Аз ҷумла дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 317, 318, 319, 320 ва дигар модаҳои Кодекси ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.

Муқовимат бо фасод кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад натиҷаҳои мусбиат ба даст оварад ва сатҳи болоравии ришвахориро коҳиш диҳад.

Бояд қайд кард, ки 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия” қабул карда шуд, ки дар он номгӯйи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, роҳҳои пешгирии фасод барои давлатҳои аъзо пешбини шудаанд. То имрӯз зиёда аз 140 кишварҳои ҷаҳон ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузошта, 25 сентябри соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин ҳуҷҷати басо муҳим ва мубрам имзо гузошт.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олии кишвар, ки 22 декабри соли 2016 ироа гардид, таъкид карданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд бояд бетараф набошад”.

Дар баробари ин, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонуну қарорҳо ва стратегияҳои дарозмуҳлат доир ба муқовимат бо коррупсия қабул шуданд. “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025)-ро дар бар мегирад. Дар миқёси кишвар ду маротиба барномаи зиддикоррупсионии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул карда шуданд, ки аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани ин падидаи номатлуб гувоҳӣ медиҳанд.

Аз ин рӯ, барои таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа ва ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон, камари ҳиммат баста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Саҳми мо барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ хеле ҳам калон аст, зеро дар ҳаёти ҳаррузаамон мушоҳида мекунем ва мебинем, ки ашхосе, ки дучори ин мушкилот шудаанд, ҳам ба иқтисодиёти худ ва ҳам ба иқтисодиёти оила инчунин ба иқтисодиёти кишвар зарари калон расондаанд. Пас мебояд, ки қаноатро пеша карда, баҳри зиндагии шоиста ва солим камари ҳиммат бандем ва барои таъмини хонавода бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кунем, зеро дар меҳнати ҳалол зиндагии осоишта ва оилаи солим дида мешавад.

Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед