Дар доираи баргузории конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав», ки таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ баргузор мегардад, санаи 22 июни соли 2024 ҳайати Гурӯҳи байналмилалии иртибототии Чин бо роҳбарии муовини сардори Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Юй Юнчуан ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар мулоқоти мазкур, инчунин сардори Маркази пахши барномаҳои Аврупо ва Осиё дар назди Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин, оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Сян Юнган, сармуҳаррири Нашриёти адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Сюй Ҷун, муовини директори Пажуҳишгоҳи Чини муосир ва ҷаҳон Сун Мин, муовини директори шуъбаи корҳои байналмилалии Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин, оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Лин Сихэ, муовини директор оид ба корҳои хориҷии Маркази пахши барномаҳои Аврупо ва Осиё дар назди Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хоричӣ Ю Шаншан, коршиноси Пажуҳишгоҳи Чини муосир ва ҷаҳон Гао Хан ва коршиноси Маркази пахши барномаҳои Аврупо ва Осиё дар назди Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Сян Хаоян низ ширкат доштанд.

Хайридин Усмонзода директори Марказ ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Мавсуф қайд намуд, ки ташрифи ҳайати Чин ба таҳкими ҳамкориҳои илмию таҳлилӣ ва ҳамкориҳои густурда дар самти табодули чопи китобҳо ва нашри мақолаҳои илмию таҳлилии коршиносони ҳарду ҷониб бо забонҳои хориҷӣ дар мавзуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ дар маҷаллаҳои эътирофгардидаи доираҳои илмии ҳар ду кишвар,омӯзиши таҷрибаи пешқадам муосир ва ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ботаҷрибаи чинӣ, бозомӯзи ва такмили ихтисоси кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ бо дастгири Гурӯҳи байналмилалии иртибототи Чин вобаста ба нашр ва паҳн намудани дастовардҳои илмӣ муҳим ва саривақтӣ арзёби мегардад, ки мо ҳавасманди ҳамкориҳои судманд дар ин масир ҳастем.

Дар навбати худ, Юй Юнчуан, муовини сардори Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, дар бораи фаъолияти Гурӯҳи байналмилалии иртибототи Чин маълумоти муфассал ироа намуд. Номбурда ҳавсмандии ҷониби чинро дар ҳамкории дуҷониба ва ҳамаҷонибаро бо марказҳои зеҳнии ҳар ду кишвар таъкид намуда, зикр намуд, ки дар самти ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ, мутахассисони мо таҷрибаи кофии муосир ва сатҳи ҷаҳониро қоиланд ва чандин барномаю лоиҳаҳо дар ин самт тарҳрезӣ шудаанд, ки аз фаъолияти устувору пешрафтаи мо далолат мекунанд. Мо омода ҳастем, ки бо кормандони марказҳои зеҳнии дӯстони тоҷикистониамон ҳамкориҳоро роҳандозӣ намуда, табодули таҷрибаю бозомӯзӣ ва такмили ихтисосои онҳоро дар ин самт таъмин намоем. Инчунин дар нашри адабиётҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ ва чопи мақолаҳои илмии коршиносону олимони тоҷик дар маҷаллаҳои бонуфузи Ҷумҳурии Чин омода ҳастем, ки кӯмаки бедареғи худро расонем. Ҳамзамон ҷалби кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба лоиҳаҳою барномаҳои дар ин самт амалкунанда низ аз ҷониби Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешавад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар дар соҳаи нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва ғайраҳо афкори андеша намуда, назари худро дар густариши робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Чин неку дурахшон баҳо доданд. Аз ҷумла ба имзои Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои зеҳнии ҳарду мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Дар интиҳои мулоқот Юй Юнчуан иброз намуд, ки дар Тоҷикистон Маркази омӯзиши масъалаҳои модернизатсияи Чин- Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Директори Марказ Усмонзода Хайридин ба меҳмонон барои ташриф изҳори сипос намуда, аз иқдомҳои пешгирифтаи ҷониби Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ истиқбол намуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳои ду ниҳод минбаъд низ густариш ва рушд хоҳанд кард.

Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда гузашт.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед