Рӯзҳои 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид. Ин Конфронси дуюми СММ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд тақрибан баъди панҷоҳ соли конфронси якуми СММ доир гардид. Бояд зикр намуд, ки Конфронси якуми СММ вобаста ба масъалаҳои марбут ба об соли 1977 баргузор гардида буд.

Агар Конфронси якуми СММ дар оғози ба вуҷуд омадани тағйирёбии иқлим баргузор гардида бошад, пас Конфронси дуюми СММ дар шароит ва вазъияте доир шуд, ки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфта, рӯз то рӯз ҳаёти инсону табиатро зери таҳдид нобудшавӣ қарор дода истодаанд. Яъне, имрӯз хатари тағйирёбии босуръати иқлиму мушкилоти об ба инсоният камтар аз хатарҳои дигари мушкилоти муосири ҷаҳонӣ нест.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳибаи махсуси худ бо шабакаи телевизионии СММ дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” масъалаҳои вобаста ба обро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан, оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст.”

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар Конфронси болозикр суханронӣ намуда, мушкилоти обро ҷиддӣ арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, иброз дошт, ки “Имрӯз об ба мушкилоти бузург рӯбарӯ гардидааст. Яке аз омилҳои афзоиши мушкилоти об худи инсоният аст. Мо гардиши обро вайрон кардем. Экосистемаҳоро вайрон карда, обҳои зеризаминиро ифлос намудем. Аз чор офати табиӣ се адади он ба об тааллуқ дорад. Аз чор як нафар бе оби тоза зиндагӣ мекунад.”

Мувофиқи арзёбии Дабири кулл Антонио Гутерриш айни ҳол дар ҷаҳон то ду миллиард одам аз оддитарин шароити санитарӣ маҳруманд. Дар баробари мавҷуд будани чунин мушкилот дар байни сокинони ҷаҳон, ҳамзамон хатари тағйирёбии иқлим ва муаммоҳои экологӣ давлатҳоро нигарон намудааст. Тайи ду даҳсола аст, ки дар нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ сиёсатмадорону коршиносон аз хатарҳои тағйирёбии иқлим сухан намуда, оқибатҳои ин равандро барои инсоният манфӣ баҳогузорӣ менамоянд. Воқеият ва оқибатҳои манфии онро аз баланд шудани сатҳи оби баҳрҳо ва ба амал овардани харобкориҳо, инчунин дар об шудани пиряхҳои азим, ки яке аз сарчашмаҳои асосии зуҳури обҳои тоза мебошанд, мушоҳида намудан мумкин аст. Тағйирёбии босуръати иқлим боис гардидааст, ки оби Баҳри Арал то кунун 50 фоиз кам шавад. Албатта, ин ҳолат ба ҳаёти сокинони ҳавзаи Баҳри Арал таъсири манфӣ мегузорад.

Аз таҳлил ва дидгоҳҳои сиёсатмадорону коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ бармеояд, ки мушкилоти вобаста ба об ва тағйирёбии босуръати иқлим масъалаи ҷиддӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бо дарназардошти он, ки омилҳои манфии тағйирёбии иқлим ва мушкилоти об барои ҷомеаи башарӣ ва табиати атроф хатару таҳдиди ҷиддиро ба бор меорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбариии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсола боз ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти об ва мудирияти он пеш бурда истодааст, ки инсониятро аз чандин фоҷеаи бузург наҷот диҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир панҷ ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул ва эътироф гардида, мавриди амал қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси аввалини худро оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” пешниҳод карда буд. Дар ҳамин замина бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2013  “Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд. Ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ҳамакнун, муҳим аст, ки вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу экология, ки чанд нуктаи мушаххасро баён намоем, то арзишмандӣ ва аҳамияти онҳо барои имрӯз ва ояндаи ҳаёти башарият маълум гардад.

Нуктаи аввал ин аст, ки мувофиқи таҳлилҳо даҳсолаи охир мушкилиҳои вобаста ба об дар ҳоли афзоишанд. Ҳамасола ба ҳалокат расидани то ним миллион инсон аз бемориҳои сироятии марбут ба об, авзоиши шумораи одамоне, ки аз шароити одии беҳдоштӣ бархурдор нестанд, гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо далели афзоиши мушкилоти об аст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои ҳалли мушкилоти мазкур равона гардидааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон ҷомеаи башариро водор намуда истодаанд, ки дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилоти вобаста ба обро дар авлавият қарор диҳанд. Чунки идомаи ҳаёт ва бақои инсону табиат ба об вобастагии ҷиддӣ дорад.

Нуктаи дуюм ин аст, ки  ҳамасола афзоиши шумораи аҳолии сайёра боиси сарфи бештари захираҳои обӣ гардида истодааст. Аз тарафи дигар, бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар ҷаҳонӣ ва ихроҷи газҳои гулхонаӣ боис шуда, ки ҳарорати ҳаво дар сайёраи замин боло равад. Ин омил обшавии пиряхҳо ва тағйиробии босуръати иқлимро ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин, дар меҳвари ташаббусҳои Тоҷикистон масъалаи мудирияти об ва муносибат ба табиат мақоми асосиро касб намудааст. Ин нуктаро метавон дар ташаббуси навбатии кишвар оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мушоҳида намуд. Дар рӯзномаи Конфронси дуюми СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” низ яке аз мавзуҳои асосӣ масъалаи мудирияти об буд. Дар робита ба ин ба кишварҳои ҷаҳон пешниҳод гардид, ки Рӯзномаи амал дар соҳаи обро пайваста пайгирӣ намуда, роҳи самароноки мудирияти обро дар давлат ва минтақаи худ афзоиши диҳанд.

Нуктаи сеюм ин аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бахусус ташаббуси баргузории Конфронси дуюми СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” раванди нави ҳамгироӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об аст. Дар раванди Конфронс Рӯзномаи амал дар соҳаи об пурра гардида, тақвияти ҳамкорӣ дар ин соҳа зарур шуморида шуд. Албатта, ташббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидгоҳ, уҳдадорӣ ва нақшаҳои амали давлатҳоро ҳамоҳанг намуда, муносибати самаранок ба об ва табиатро шакл медиҳад.

Нуктаи чорум ё худ муҳимтарин нукта ин аст, ки дар матни ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон арзишҳои башардӯстона мақоми махсусро соҳибанд. Хатари тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши бемориҳои сироятии марбут ба об, нодурст ва ғайри мақсаднок истифода гардидани об, муносибати бераҳмона ба табиат омилҳое мебошанд, ки хатари умумиро барои башарият ба вуҷуд овардаанд. Имрӯз ин таҳдидҳо дар байни ҷомеаи башар эҳсос гардида, вазъиятро мураккаб намуда истодаанд. Мақсад аз ташаббус ва иқдомҳои Тоҷикистон наҷоти башарият ва сайёраи замин аз фоҷиаи нестшавӣ аст. Ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар бақои сулҳу субот, амнияти ҷаҳонӣ ва пешгирии муноқишаву низоъҳои мусаллаҳона миёни давлатҳо нақши муҳим  мегузорад. Бинобар ин, имрӯз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва эҳтиром менамоянд. Ҳамзамон, иқдомҳои кишвари моро якдилона ва ба таври фарогирӣ татбиқ намуда, дар амалӣ гардидани онҳо саҳм мегузоранд.

Алиназар Ашуров,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед