Дар раванди бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ вазъи сиёсӣ- идеологӣ ва иқтисодии кишварҳои мусулмонӣ ба як буҳрони бузург гирифтор шуд, ки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ як амали муқаррарӣ гардидааст. Хусусан таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои  динӣ ва дастгирии онҳо аз ҷониби ин ё он қудрати сиёсӣ кишварҳои минтақаро  ба майдони нави ҷангҳои бо номи “давлати исломӣ” кашида, ҷалби мусулмонони кишварҳои дигар қувваҳои асосии ин амалиятҳои низомӣ мебошанд.

Таҷрибаи ҳизбсозӣ дар асоси таълимоти динӣ як падидаи нави тағйир додани мақом ва нақши ислом дар ҷомеаи мусулмонӣ мебошад. Имрӯз аз ҷониби аксари мусулмонон пазируфта шудан ё нашудани он, дуруст будани таъсиси ҳизб аз нигоҳи ислом масъалаи меҳварӣ нест, зеро дар аксарияти кишварҳои мусулмоннишин теъдоди зиёди ҳизбҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ фаъолият доранд. Аммо мушкилот дар ин аст, ки тафаккури динии мардум сиёсӣ шуда, дин қудсияти худро гум карда, ба омили бозиҳои сиёсӣ табдил меёбад. Аз ҳамин нигоҳ, сиёсисозии  дин аз  ҷониби ашхосу давлатҳои  манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии  мардуми оддӣ бо пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ татбиқи амалии худро ёфта истодааст.

Чуноне  мо медонем дар ин даврон фазои идеологӣ куллан холӣ монда буд ва ин ҳаракатҳои динӣ аз ин истифода бурда,  худро дӯстдору ҳомии мардуми бечора муаррифӣ карданд. Мардум ҳам ба ташвиқу тарғиби ин дасисакорон бовар карда, аз пушти онҳо вориди майдони сиёсӣ гардиданд, дар натиҷа кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Мардуми бофарҳанги тоҷик дар ниҳоят ба ваҳдату сулҳ омада, аз баҳри ҳамаи гуноҳҳои ҳамдигар ба хотири оромию ободии кишвар ва боқӣ мондани ин сарзамини бузург ба наслҳои оянда гузаштанд ва як давраи ободию созандагӣ оғоз шуд. Дар ин давраи кӯтоҳ, кишвари мо хеле обод шуда, пешравиҳои назаррас дар ин самт идома доранд, ки  дар он саҳми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ниҳоят зиёд аст. Ба хотири оромию осудагии кишвар  барои фаъолияти сиёсии ҳизби исломӣ низ дар асоси қонунгузории кишвар иҷозат дода шуд ва умед буд, ки онҳо аз  ҷанги шаҳрвандӣ сабақи талх гирифтанд, ки ҷанг чӣ харобиҳо ва ҳисорот ба бор меорад. Аммо омӯзиши  фаъолияти сиёсӣ- идеологии чандсолаи ҲНИ тамоман натиҷаҳои дигарро собит намуд.  Дар фаъолияти сиёсии онҳо  дини ислом танҳо барои  амалисозии ҳадафҳои сиёсии онҳо  истифода бурда мешуду халос. Мутаассифона, кишварҳое, ки дар минтақа ҳадафҳои сиёсӣ доранд,  минбаъд сарпараст ва пуштибони ҲНИ шуданд.  Маҳз бо ташкил ва дастгирии чунин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ имрӯз кишварҳои  абарқудрат низоми сиёсии кишварҳои орому осуда, мисли Ироқ, Сурия ва Ливияро фалаҷ карда, ба ҷои низомҳои давлатӣ як низоми идеологӣ ва сиёсиро рӯйи кор меоранд, ки дар он чандин  ҳизбу ҳаракатҳоро барои ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ роҳандозӣ мекунанд.

Дар даврони ҷаҳонишавӣ нақши омилҳои миллию динӣ ва тамаддунӣ барои муносибатҳои байналмилалӣ зиёд шуда, худшиносии динӣ ва миллӣ мақом ва нақши хосро касб мекунад. Ин як воқеият ва ягона роҳи истодагарӣ кардан дар роҳи ҷаҳонишавӣ мебошад. Яъне дар сурати аз даст додани ҳуввияти миллӣ ва динӣ миллат метавонад дар гирдоби фарҳангу миллатҳои дигар омехта гашта, тамоман аз саҳнаи таърих ба нестӣ равад. Дар ҷараёни таҳмилии ҷаҳонишавӣ танҳо арзишҳои миллӣ ва динӣ метавонанд миллатро наҷот диҳанд.

Миллати тоҷик бо пазируфтани ислом дар тамаддуни фарҳанги ислом нақши бисёр бузург бозид. Вале баъзан баҳсҳои суъӣ дар мавриди таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар ҷомеа ба амал меояд, ки ба фикри мо паёмадҳои хуб нахоҳанд дошт. “Исломро дар фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост”, – Эмомалӣ Раҳмон.

Хусусан, имрӯз ибораи давлатдории дунявиро  аз доираи сиёсии кишварҳои мусулмонӣ бо таъсис ва дастгирии ҳаракату ҳизбҳои исломӣ аз доираи давлатдорӣ берун  карда, ба ҷойи он низоми хилофати исломиро овардаанд.  Он даҳшате, ки ҲНИ дар давраи нави Истиқлолияти давлатӣ ба гардани мардуми  тоҷик оварда буд, хеле бузург буд, вале аз он хулосаи зарурӣ набароварданд.  ҲНИ баъд аз он гӯё сиёсати «сабр ва таҳаммул»-ро асоси барномаи сиёсии худ қарор доданд, аммо маълум шуд, ки ин «таҳаммул»-и эшон як ҳилаи навбатӣ буд ва бо фаро расидани шарои ти мусоид  аз он нишон ҳам намонд. Баъд  аз   хиёнати намояндаи ин ҳизб, ки аллакай дар ниҳоди давлатӣ фаъолият дошт, маълум гардид, ки ҲНИ ҳанӯз пойбанди андешаи ба даст овардани қудрати сиёсӣ будаасту аз ин андеша лаҳзае ҳам ҷудо нашудааст. Вале  мардуми шарифу бофарҳанги  тоҷик сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва Президенти кишварро  ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, мутмаин аст,  ки дар фазои  осудаву оромӣ имкон дорад,  ки тамоми ормонҳои миллию динии мардуми тоҷик ҷомаи амал пӯшанд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди  ватанпарастро зарур  аст,  ки дар муқобили рафтору  кирдор  ва ғояҳои  ифротии бегонапарастонаи баъзе  аз мухолифин  бетарафӣ зоҳир накарда,  дар таҳкими давлати миллӣ бояд саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро дар урфият гуфтаанд:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Ман як нафар ҷавоне, ки зери боли Тоҷикистони соҳибистиқлол камол ёфта, соҳиби маълумот гаштаам  ин ноҷавонмардонро маҳкум мекунам. Ин рафтори ноҷавонмардонаи ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин ҳеҷ гоҳ наметавонад, мо ҷавононро ба роҳи бад равона намояд ва руҳияи моро тағйир диҳанд.

Дар  хулоса  ҳаминро метавон қайд намуд, ки Ватани азизи худ Тоҷикистони соҳибистиқлолро мо ҳама хурду бузург дӯст дошта, азм намоем, ки баҳри боз ҳам обод гаштани диёри хеш саҳмгузор бошем. Зеро шаъну шарафи  ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон буда, ояндасозии ин миллати куҳанбунёд низ аз худи мо ҷавонон вобастагӣ дорад.

 

 

 

Фарзона Ғуломносирова,

мутахассиси пешбари

Раёсати тадқиқоти  масъалаҳои

соҳибкорӣ ва  инкишофи бахши хусусии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед