Рӯзи 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, Паёми навбатии худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд. Дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ, ки дар бинои Парламенти кишвар баргузор гардид, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, аъзои Ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, муассисаҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, намояндагони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷавонон ва дигарон ширкат варзиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар Паём аз ҷумла қайд гардид, ки аз шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» супориш доданд.
Ҳамзамон музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқарар карда мешавад.
Дар баробари ин тибқи супориши Пешвои миллат аз 1 сенятбри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ дар арафаи Соли нав ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Яъне Паём суханони барномавии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, оинаи рӯшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо кормандони давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон беш аз пеш ба ин санади муҳимму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти ҳамешагии худ қарор медиҳанд.
Ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъӣ чун дигар кормандони вазорату муассисаҳои давлатӣ ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз аввал то ба фарҷом тамошо карда, таассуроти пурмазмуну ғанӣ ва амиқ гирифтанд.
Хулоса, кормандони Марказ дар минбаъда фаъолияташон ҷиҳати амалӣ гардидани нуктаҳои ин санади сарнавиштсоз кӯшишу талош ба харҷ медиҳанд, вазифаҳои дар Паём ироагардидаро дар самтҳои гуногуни соҳаҳоҳи ҳаёти ҷамъият сармашқи кори худ намуда, саҳми шоистаи худро хоҳанд гузошт.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон