Таъмини амнияти милливу минтақавӣ бо дарназардошти вазъияти мураккаби ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамеша аз авлавиятҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таҳдиду хатарҳо ба амнияти милливу минтақавӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайраҳо, ки бо тезутунд гаштани вазъият дар Афғонистон авҷ мегиранд, таҳлилу арзёбии доимӣ ва аз ҳама муҳим, ҳолати омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳро талаб менамоянд.
Чуноне ки маълум аст, пас аз оғози раванди хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар ин кишвар басо мураккаб гардида, дар вилоятҳои шимолии наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоъифаъол миёни гуруҳҳои иртиҷои ва ҳукуматӣ ба назар мерасад. Албатта чунин вазъият ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти минтақавӣ дар фазои ИДМ, СААД, СҲШ, ИА бетаъсир буда наметавонад.
Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар назди хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” қайд намуданд: “Сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад”!
Илова бар ин рӯзи 22 июли соли 2021 бо супориши Сарфармондеҳии Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ оварда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд ва 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ин машқҳои низомӣ бар зидди ягон кишвари ҳамсоя равона нагардида, мақсади асосии онҳо аз санҷиши омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ барои бартараф сохтани таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллӣ, хусусан таҳдидҳое, ки аз фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ дар шимоли Афғонистон бармеоянд, иборат аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар суханронии худ қайд намуданд, чунин ҳолати мураккаб дар 43 соли идомаи даргириҳои дохилӣ дар Афғонистон бори аввал ба вуҷуд омад.
Мақсади асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз барқарор намудани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таъмини амнияти милливу минтақавӣ мебошад. Сулҳу субот барои Ҷумҳурии Тоҷикистон басо гарон ба даст омадааст, аз ин рӯ мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ омода бошем.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид қайд намуданд: “Ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем”!
Нуктаи дигари муҳим ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз ба сиёсати дохилии ҳамсоякишварҳо дахолат накарда, чунин машқҳои низомӣ мувофиқи нақшаи корӣ ва сиёсати мудофиавии кишвар буда, танҳо ба хотири таъмини амнияти миллӣ равона карда шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус қотеона иброз доштанд, ки Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад.
Маҳмадсаидзода А.М.
мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон