Раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ҳамчун натиҷаи ин раванд шакл, навъ ва миқёси таҳдиду хатарҳоро ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ куллан тағйир додаанд. Яке аз масъалаҳои муҳим ҳам барои амнияти миллӣ ва ҳам барои амнияти шахсии шаҳрвандон – ин таъмини амнияти иттилоотӣ ба ҳисоб меравад.

Агар ба таърихи муносибатҳои байналмилалӣ назар афканем, пас маълум мегардад, ки то ин дам майдони асосии муҳориба – фазои хушкӣ буд, вале дар айни замон, яъне бо оғози асри XXI майдони асосии ҷангу муҳорибаи миёни кишварҳои дунё, аз ҷумла абарқудратҳо фазои умумиҷаҳонии иттилоотӣ (фазои кибернетикӣ) ба ҳисоб меравад. Технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ имконият фароҳам овардаанд, ки бидуни ҷангҳои ҷисмонӣ, яъне бе истифодаи яроқу аслиҳа, кишварҳои алоҳида рақибони худро шикаст диҳанд.

Ҳангоми истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла Интернет, истифодабарандагон бо ҷанбаҳои мусбат ва манфии онҳо рӯ ба рӯ мегарданд.

Воқеият чунин аст, ки манъ намудани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё Интернет умуман ғайриимкон буда, қобили қабул нест. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд бо дарки масъулият дар назди падару модар ва ҷомеа тамоми имкониятҳои мавҷударо оқилона ва барои худинкишофдиҳӣ истифода намоянд.

Ба назари мо, ҷиҳати таъмини амнияти шахсӣ дар фазои маҷозӣ мо бояд ба ду ҷанбаи он диққати махсус зоҳир намоем:

Эмин нигоҳ доштани худ аз иттилооти бардурӯғ ё хабарҳои фейкӣ. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ шумораи зиёди хабарҳои бардурӯғ паҳн мегарданд, ки ин ҳолат ҳам ба тафаккур ва ҳам ба амнияти шахсии мо таъсири бузурги манфӣ мерасонад. Дар ин замина, мо бояд дар худ тафаккури танқидиро рушд диҳем.

Дурӣ ҷустан аз маводҳои хусусияти экстремистиву террористидошта. Истифодаи дастовардњои навтарини технологияњои иттилоотї аз тарафи гурўњњои ифротгаро ва террористї талаб менамояд, ки истифодабарандагони Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини амнияти шахсии худ дар фазои маҷозӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Таҷрибаи соҳавӣ нишон медиҳад, ки се давраи ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ мавҷуданд:

1) Маълумоти пешниҳоднамудаи худи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии гуногун метавонад, ки ҳамчун махзани маълумоти аввалия барои шахсони масъул барои ҷалбнамоии аъзоёни нав ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ “хизмат” намояд;

2) Шахсони масъул барои ҷалбнамоии аъзоёни нав (вербовщик) ба чунин ашхос иттилооти хусусияти экстремистиву террористидоштаро паҳн намуда, онҳоро мағзшӯйӣ менамоянд. Дар ин давраи нисбатан мушкил ҳар як инсон, хусусан ҷавонон, ки қишри осебпазир ба ҳисоб мераванд, бояд ақли солимро кор фармоянд ва дар сурати ба вуқӯъ омадани чунин ҳолат ба падару модар хабар диҳанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Муҳоҷирон, ки қисми дигари осебпазири ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз падару модари худ дуранд, ҳатман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат саривақт хабар диҳанд;

3) Дур намудан аз падару модар ва дигар шахсони наздик. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рафтори шахсоне, ки зери хатари ба доми аъзоёни гуруҳҳои тундгароӣ қарор доранд, хусусиятҳои ба мисли дурӣ ҷустан аз хешу таборони наздик дида мешаванд. Ин нишона барои падару модарон бояд нигаронкунанда бошад ва дар ин самт бо фарзандони худ корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намоянд.

Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки агар таъмини амнияти шахсии шаҳрвандон аз як ҷониб масъулияти мақомоти дахлдори кишвар бошад, аз ҷониби дигар ҳар як шахс бояд иттилоот дар бораи худ ва умуман худро дар фазои маҷозӣ идора намояд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ҳар як фард аз Интернет бояд барои ғанӣ гардидани донишу малакаи кории худ истифода намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

Ҳидоятзода Комрон

муовини сардори Раёсати омӯзиши

масъалаҳои амнияти минтақавӣ

Чоп кунед