Пӯшида нест, ки имрӯзҳо зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм характери байналмилалиро касб намуда, ба амнияти миллии тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Ба ин асос, дар қатори дигар давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба масъалаи таъмини амнияти миллии худ диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 чунин таъкид кардаанд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии кишвар аз таҳдиду хатарҳои терроризм ва экстремизм, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллатамон чорабиниҳои дахлдорро андешида истодааст. Ин кор дар самтҳои зерин пиёда карда мешавад:
1. Такмил додани асосҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи мубориза бо терроризму экстремизм;
2. Пайваста баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Узвияти фаъоли кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ғайра.
Доир ба самти якум ҳаминро қайд кардан даркор аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми бист соли охир як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки соҳаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро ба танзим медароранд. Яке аз санадҳои муҳим, ки дар ҳоли татбиқ қарор дорад “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ба ҳисоб меравад. Дар он ташаккул ва ҷорӣ намудани меъёрҳо ва механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм ва масъалаҳои дигари пешгирикунанда дар назар гирифта шудаанд. Амалишавии пурраи Стратегия имкон медиҳад, ки низоми таъсирбахши механизмҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва мафкуравии пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар фароҳам оварда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар робитаҳои ҳасанаи дуҷонибаро бо кишварҳои аз нигоҳи техникаи ҳарбӣ пешрафта, хусусан Федератсия Россия, ба роҳ мондааст. Бо техникаи ҳарбии ҳозиразамон, таъсиси сохторҳои зиддитеррористию экстремистии дахлдор, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қодиранд, ки ҳама гуна амалҳои террористӣ пешгирӣ намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳамгироӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба монанди ИДМ, СААД, СҲШ, САҲА ва ғайра диққати ҷиддӣ медиҳад. Имрӯз дар дохили ин созмонҳо сохторҳои махсуси зиддитеррористӣ ташкил гардида, амал мекунанд, ки барои таъмини дастаҷамъонаи амнияти кишварҳои узв равона карда шудаанд. Дар ин ҷода, нақши СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ), ки ба масъалаҳои таъмини амнияти дастаҷамъона машғул аст, басо муҳим мебошад.
Илова ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба як майдони сиёсии ҳалли масоили мубориза бо терроризм ва экстремизм табдил ёфтааст. Чунончи, тайи солҳои 2018 ва 2019 дар Душанбе ду чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» доир гардиданд. Бо гузаронидани чунин чорабиниҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён бори дигар собит сохт, ки терроризм ва экстремизм падидаҳои хатарнок барои ҳамаи кишварҳо ба ҳисоб меравад ва муборизаи муташаккилонаро тақозо мекунанд.
Яке аз роҳҳои дигари таъмини амнияти миллӣ ин фаъолияти зиддитеррористии сохторҳои махсус ва қудратии кишвар ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ чандин гурӯҳҳои террористию экстремистии махфиёна амалкунанда ошкор ва безарар карда шудаанд. Аз ҷумла, амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи террористии генерал А. Назарзода соли 2015 нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб ҳамеша мавқеи оштинопазирро дорад.
Ҳамин тариқ, бояд қайд намоем, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи умумиҷаҳонӣ исботи ин гуфтаҳо мебошанд.
Қадамшо Масумов, мутахассиси
пешбари Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавӣ МТС назди
Президенти Чумҳурии Тоҷикистон