Вазъияти номуътадили иқтисодиву сиёсии ҷаҳон, болоравии рақобат, баландшавии нархи ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ дастгирӣ ва рушди манбаъдаи фаъолияти соҳибкориро дар ҷумҳурӣ тақозо менамояд. Рушд ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ бояд дар ҳамкории мутақобилаи давлату бахши хусусӣ инъикос гардида, шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шавад. Ҳалли ин масъала пайваста дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дошта, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Яке аз тадбирҳои асосии дар ин самт амалигардида, аз ҷумла, тасдиқ ва амалӣ гардидани Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад. Дар доираи Кодекси мазкур як қатор сабукиҳо пешбинӣ гардидааст, ки барои рушди минбаъдаи соҳибкориву сармоягузорӣ ва дар ин асос ба саноатикунонии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Кодекси мазкур дар муқоиса бо Кодеки қаблӣ дорои бартариҳои зиёд мебошад. Дар Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав теъдоди андозҳо аз 10 то ба 7 номгӯй кам гардид ва меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.

Тибқи моддаи 24-и Кодекси андози ҶТ дар ҷумҳурӣ андозҳои умумидавлатӣ ва андози маҳаллӣ, инчунин, тибқи моддаи 25-и Кодекси мазкур низоми андозбандии махсус муқаррар карда шудаанд (ниг. ба ҷадвали 1).

Дар Кодекси андози ҶТ дар таҳрири нав на танҳо теъдоди андоз, инчунин, меъёри он кам карда шудааст. Масалан, меъёри андози иҷтимоӣ барои ташкилотҳои дигар (ғайрибуҷетӣ) барои суғуртакунандагон – 20% ва барои суғурташудагон – 2%, барои соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда – 1% аз даромади умумӣ, вале на камтар аз андозаи ҳадди баландтарини андози иҷтимоӣ (бо дарназардошти коэффитсиенти минтақавӣ) барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ё ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо агар соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома ё патент фаъолияткунанда даромад нагирифта бошад (бо дарназардошти коэффитсиенти минтақавӣ) муқаррар карда шудааст. Ҳамзамон, меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ барои дигар намуди фаъолият то 18% (қаблӣ 23%) ва барои ташкилотҳои молиявии қарздиҳӣ ва ширкатҳои мобилӣ аз 23% то ба 20% паст карда шуд.

Шумораи низоми махсуси андозбандӣ дар Кодекси андози ҶТ дар таҳрири нав аз 4 адад ба 8 адад расонида шуд, ки барои рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт шароит фароҳам меорад. Солҳои охир ҷорӣ намудани низоми махсуси андозбандӣ барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ нақши муайянро иҷро менамоянд, зеро соҳибкорон метавонанд тариқи низоми ба худ мувофиқ бо низоми умумӣ ё низоми махсус андоз супоранд.

Ҳамчунин, барои мусоидат намудан ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ ва аз ин ҳисоб ташкили ҷойҳои нави корӣ, хусусан барои занону духтарон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (21.12.2021) таъкид намуданд, “…замини тутзорҳо ба муддати даҳ сол аз пардохти андози ягонаи замин ва шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд” ва “..бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо, аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд”.

Дар қисми назорати камералӣ низ якчанд тағйиру иловаҳо дохил гардидаанд, аз ҷумла назорати камералӣ метавонад дар шакли автоматӣ бо истифода аз барномаҳои электронӣ гузаронида шавад ва қарор оиди муҷозот ва натиҷаи он дар ҳисобварақа дарҷ карда намешаванд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав нисбат ба Кодекси қаблӣ якчанд навгониҳо, аз ҷумла тибқи боби 19-уми Кодекси мазкур, Муқаррарот дар бораи кумаки касбӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон аз ҷониби мушовирони мустақили андоз, системаи тамғагузории электронӣ ё коди QR барои назорати молҳои зераксизӣ, системаи рамзгузории электронӣ барои молҳои воридотӣ ва ватанӣ таҳия шуда, Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо, яъне мақоми машваратӣ оид ба баррасии пешазсудии баҳсҳои андозӣ ҷорӣ гардидаанд.

Инчунин, мониторинги андоз ба таври электронӣ ба роҳ монда мешавад, ки барои назорати суръатнок, ҳамкории фосилавӣ ва назорати дақиқ мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи татбиқи Кодекси андоз дар таҳрири нав теъдоди соҳибкорони фаъолияткунанда дар семоҳаи якуми соли 2022 ба 339982 адад, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ба 31330 адад ва соҳибкорони инфиродӣ ба 308652 адад расидааст (тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Кодекси андоз дар таҳрири нав афзалиятнок буда, дар он нисбат ба кодекси қаблӣ тақрибан 30% сабукиҳои андозӣ пешбинӣ гардидаанд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт, аз ҷумла, фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳад намуд.

 

Содиқова А.Ф.,
корманди Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед