Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои иқтисодию молиявии ҷаҳон, аз ҷумла бо Бонки Ҷаҳонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст. Ташкилоти мазкур ба рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи давлатҳои аъзо хизмати молиявӣ мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ бархӯрдор мебошад ва самти фаъолияти ниҳодҳои он соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро фаро мегирад, ки дар татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои муҳимми молиявиро дар бахшҳои гуногун ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, дар татбиқи «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995-2000», «Стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012», дастгирии бахши хусусӣ, беҳдошти вазъи инфрасохтори иқтисодии мамлакат, татбиқи сиёсати фискалӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ нақши назаррас дорад. Зеро дар шароити душвори молиявии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва давраҳои барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ ташкилоти мазкур яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахшҳои иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла сармоягузориро пайваста такмил дода, ҳанӯз моҳи марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инвеститсияҳои хориҷӣ» қабул гардида буд. Баъдан солҳои 2007 ва 2016 ин қонун дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» қабул гардид. Дар соли 2013 бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ба бахши хусусӣ» низ қабул гардид, ки ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба беҳтар гардидани фазои сармоягузории кишвар заминаи воқеӣ гузошт.
Дар баробари ин, мутахассисони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ масъалаҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонро таҳлил ва таҳқиқ намуда, барои бартараф намудани ин мушкилиҳо ба давлатҳои аъзо тавсияҳои судманд пешниҳод менамоянд. Масалан, хулосаи онҳо дар мавриди ҷамъбаст намудани соли молиявии 2024–2025 чунин аст: «Сарфи назар аз беҳтар гардидани ҳолати молиявии қисме аз кишварҳои ҷаҳон ва таъмин намудани сатҳи муътадилии рушди иқтисодиашон, бо сабаби дар бозори ҷаҳонӣ болоравии арзиши молу маҳсулоти хусусияти стратегидошта, онҳо сатҳи рушди дилхоҳро таъмин карда наметавонанд».
Дар робита ба ин, дар бозори ҷаҳонӣ арзиши энергия – 2,1 дарсад, нуриҳои азотӣ – 1,8 дарсад ва металлҳои қиматбаҳо – 2,7 дарсад боло рафта, арзиши молҳои хусусияти техникӣ надошта – 2,3 дарсад ва арзиши молу маҳсулоти истеъмолӣ – 1,1 дарсад паст гардидаанд, ки ин ҳолат ба вазъи молиявии корхонаҳои саноатӣ таъсири ҷиддӣ расонида, дар маҷмуъ ба паст гардидани нишондиҳандаҳои молиявӣ замина мегузорад. Ин чунин маъно дорад, ки дар шароити давлатҳои мутараққӣ ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД бештар мебошад ва ба сатҳи рушди иқтисодӣ таъсири зиёдтар расонида метавонад.
Тақрибан 60 дарсади кишварҳое, ки дар онҳо 80 дарсади аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, суръати афзоишро ба ҳисоби миёна аз сатҳи рушди нимаи соли 2010 (замоне, ки таъсири буҳрони молиявӣ ҷаҳонро фаро гирифта буд ва нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодӣ бо натиҷаҳои беҳтар ҷамъбаст намегардиданд) пасттар таъмин карда метавонанд.
Коршиносони ин ташкилоти қарзӣ, ғайр аз болоравии арзиши молу маҳсулоти хусусияти стратегидошта, таъсири хавфҳои зиёдеро ба монанди тағйирёбии бесобиқаи иқлим, офатҳои табиӣ, вазъи номуътадили геополитикӣ ва меъёрҳои баланди фоизие, ки дар муносибатҳои молиявии давлатҳо, давраҳои дуру дароз бетағйир боқӣ мондаанд, сабаби дигари ноустувории иқтисодӣ медонанд. Онҳо вобаста ба шароити номуътадили ҷаҳони муосир, тавсия медиҳанд, ки ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи тиҷорат, амнияти озуқаворӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонии иқтисодиёт ва дарёфти роҳҳои паст намудани фоизи қарзҳои ташкилотҳои молиявӣ тақвият диҳанд.
Бо назардошти омилҳои дар боло нишон додашуда, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ тавсия медиҳанд, ки барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарур аст, ки тавассути сармоягузории судманд ба сектори хусусӣ, рушди минбаъдаи иқтисодию молиявии худро таъмин намоянд. Вобаста ба ин, тибқи маълумотҳои оморӣ, дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ба ҳолати 1 июли соли 2024 ҳамагӣ 324,2 ҳазор мебошанд, аз ҷумла 36,8 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома, 49,2 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи патент, 59,5 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 178,6 ҳазор соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ. Дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли 2023 шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда 12,2 ҳазор ё ин ки қариб 4 дарсад, аз ҷумла 1,1 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома ва 2,0 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, инчунин 4,0 ҳазор соҳибкории инфиродии соҳаи кишоварзӣ зиёд шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманди роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД сол аз сол афзоиш меёбад ва дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Ҳамаи ин дастовардҳо пеш аз ҳама ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, ки таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро ба таъмини рушди соҳаҳои воқеии иқтисодӣ ва самаранок истифодабарии имкониятҳои молиявӣ, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум амалӣ менамояд. Воқеан ҳам, дар баробари такмил ёфтани амалиёти молиявӣ бо мурури пешбинӣ гардидани имтиёзҳои андозӣ, хизматрасониҳои судманди сармоягузорӣ ва такмили ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба сатҳи рушди иқтисоди миллӣ заминаи воқеӣ гузошта метавонем.
Дар асоси маълумотҳои омории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2690,4 млн. долларро ташкил додааст, ки ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 113,6 млн. доллари ИМА ё 4,4 дарсад зиёд мебошад. Афзоиши воридоти сармояи хориҷӣ дар соли 2023 асосан аз ҳисоби дигар навъҳои сармоягузорӣ ба ҳаҷми 510,7 млн. доллар ё 26,1 дарсад таъмин гардидааст. Дар ин давра, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ 221,4 млн. доллари ИМА ташкил дода нисбат ба соли 2022 ба маблағи 397,0 млн. доллар ё 64,2 дарсад коҳиш ёфтааст.
Диаграммаи 1
Тамоюли сармоягузорӣ дар давоми солҳои 2020-2023, (млн. дол. ИМА)
Манбаъ: дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳ 241) ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст. https://investcom.tj/uploads/post_docs/11/EMP9VUwhIFv0.pdf.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳои диаграммаи 1 мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли рушди сармоягузорӣ ташвишовар набуда, дар солҳои минбаъда низ бо амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки кишвар зимни ҳамкорӣ бо шарикони рушд он афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии сармояи хориҷӣ дар соли 2020 беш аз 428,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 162,5 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақим ва 265,9 млн. доллар қарзҳо аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо мебошанд. Дар асоси маълумоти ин ниҳод, дар соли 2021 воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ 718,3 млн. долларро ташкил додааст, ки аз он 342,2 млн. доллар сармояҳои мустақим ва 0,1 млн. доллари амрикоӣ сармояҳои ҷомадонӣ мебошанд.
Рушди робитаҳо бо ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ, аз ҷумла бо Бонки Ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти калони иқтисодӣ дорад. Зеро ҷалби бештари сармоягузориҳо ва қарзҳои имтиёзнок ба рушди минбаъдаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид гузошта метавонад. Ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ барои сохтмони роҳҳо ва иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ аҳаммияти муҳим дошта, ҳамкориҳо дар сохтмони бунгоҳҳои тибби, муассисаҳои таълимӣ ва умуман дар пешрафти иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии кишвар мунтазам тақвият меёбад. Айни замон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолию хизматрасонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои судмандро андешида, бо ҳамкориҳои судманд дар иҷрои босифату саривақтии онҳо кишварҳои шарик ва аъзои ташкилотҳои молиявӣ байналмилалӣ метавонанд ҳиссагузор бошанд. Яъне ҳадафи олии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бар пояи рушди устувори иқтисодӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари демократии рушдёфта иборат мебошад.
Рушди устувори иқтисодиёти кишвар аз самаранокии фаъолияти соҳаҳои саноат ва энергетика вобастагӣ дорад, ки то имрӯз дар кишвар 3580 корхонаҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 61 дарсад ба саноати коркард, 20 дарсад ба саноати истихроҷ, 18 дарсад ба таъминоти барқ ва газ рост меояд. Дар ин замина, соли 2023 иқтидори энергетикии кишвар зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 млрд. кВт /соатро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017–ум 4,8 млрд. кВт/соат ё 28 дарсад зиёд мебошад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла, 53 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 30 лоиҳаи маблағгузории қарзию грантӣ ба маблағи умумии 49,4 млрд. сомонӣ татбиқ гардидаанд, ки онҳо ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ, махсусан барои таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ва раванди саноаткунонии босуръат заминаи муосиро фароҳам меоранд.
Бо дарназардошти ин имкониятҳои молиявӣ ва ба инобат гирифтани таъсири хавфҳои берунӣ ба монанди болоравии нархҳо молу маҳсулоти хусусияти стратегӣ дошта, дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои вобаста ба тағйирёбии авзои сиёсии ҷаҳон, зарур аст, ки самаранокии ҳамкориҳои молиявиро бо ташкилотҳои молиявӣ – байналмилалӣ, аз ҷумла бо Бонки ҷаҳонӣ густариш дода, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти миллиро тақвият бахшем.
Ғуломносирова Ф.М.,
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии
МТС – и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон