Муқовимат бо экстремизм барои тамоми кишварҳои пасошӯравӣ аҳамияти фавқуллодаю муҳим дорад ва аз ин рӯ, як самти муҳимми ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ва пешгирии ифротгароӣ аз сатҳи омодагии ин давлатҳо вобаста аст. Чунки кишвари мо дар доираи СММ, ИДМ, СААД ва СҲШ бо аксари ин мамлакатҳо ҳамкории пайваста дошта, тақвияти он барои таҳкими суботу амният метавонад таъсири мусбат расонад.
Таҳлилу баррасии маводҳои дастраси иттилоотӣ нишон медиҳанд, ки мувофиқи маълумоти роҳбари махсуси Маркази зиддитеррористии ИДМ Андрей Новиков, ҳизбу созмонҳои фаъолияташон дар қаламрави кишварҳои ИДМ мамнӯъ чунин аст: дар Федератсияи Русия беш аз 31созмони террористӣ ва 73 ифротӣ, дар кишвари Қазоқистон 17 созмони террористӣ ва 6 ифротӣ, дар Ҷумҳурии Қирғизистон 20 созмони террористӣ ва экстремистӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ташкилоти террористиву экстремистӣ ва (39 сомонаи интернетӣ, ки ба онҳо хизмат мерасонанд) ва дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22адад созмони террористиву ифротгароӣ мавҷуд мебошанд. Дар маҷмӯъ, танҳо аз 11 кишвари ИДМ дар 5 кишвари он 207ҳизбу созмонҳо бо ҳалномаҳои судии кишварҳо созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташон дар қаламрави ин давлатҳо манъ карда шудаанд.
Ҳамзамон, тибқи маълумоти Маркази зиддитеррористии ИДМ ба рӯйхати умумии байнидавлатии ҷустуҷӯйи беш аз 10 ҳазор нафар шахсиятҳо, аз ҷумла, 5 ҳазор нафари он ҷангҷӯйи байналмилалӣ (худкуш), ки дар амалҳои террористии махсус даст доранд ва бештар аз 4 ҳазор навор ва акси нафарони ба терроризм айбдоршуда ворид карда шудаанд. Маълумоти мавҷуда имкон медиҳад, ки фаъолияти корҳои ҷустуҷӯйӣ ва дастгир намудани ин афродро дар қаламрави ИДМ осон гардад.
Маркази зиддитеррористии ИДМ аз натиҷаи корҳои ҷустуҷӯйии анҷомдодааш чунин маълумот пешниҳод кардааст. Тайи солҳои 2015 то соли 2019 бештар аз 200 нафар ашхос барои содир кардани ҷиноятҳои террористию экстремистӣ дастгир карда шуда, беш аз 300 нафаре, ки дар маблағгузорию ҳамкорӣ бо ташкилотҳои террористӣ иштирок ва саҳм гузоштанд, муайян карда шудаанд.
Дар ин давра мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ корҳои зиёди самаранокро ба анҷом расонидаанд. Тайи ин солҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои тасдиқкунандае аз фаъолияти ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ба Суди Олӣ пешниҳод гардиданд. Баъди омӯзиш ва баррасӣ бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 18ташкилоти террористиву экстремистӣ дар кишвар баста шудаанд. Инчунин, бо ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон, аз 15–уми августи соли 2019 созмони Паймони миллии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ва Гурӯҳи 24 аз соли 2015 ҳамчун иттиҳоди террористӣ–экстремистӣ эътироф гардиданд. Ҳамзамон, бо ин ҳалномаи мазкур фаъолияти 39 шабакаи иҷтимоӣ ва сомонаи интернетие, ки ба ин ташкилоти террористӣ–экстремистии Паймони миллии Тоҷикистон ва ҳамаслаконашон хизмат мекарданд, манъ карда шуданд.
Бояд таззакур дод, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ ТТЭ ҲНИ–ро ба таври расмӣ ба феҳристи созмонҳои экстремистию террористӣ дохил намуда, фаъолияташонро дар қаламрави кишварҳои ин созмонҳо бастанд.
Тибқи омори расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 то имрӯз бештар аз 1400 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои терроризм ва экстремизм боздошту зиндонӣ шудаанд. Тибқи маълумоти ВАО дар асоси қабули Қонуни афв октябри соли 2019 беш аз 500 нафари онҳо аз маҳбасҳо озод карда шудаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир, бахусус ифротгароию терроризм, пешгирию мубориза аз ин падидаҳои номатлуб, баҳри таъмини амнияти давлат, ҳаёти осоиштаи мардум корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодаанд. Аз ҷумла, ҷой доштани шомилшавии бархе аз ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистию террористӣ чун пештара ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум боқӣ мемонад. Дар ин давра бештар аз 1029 (733) ҷинояти хусусияти террористию экстремистӣ дошта ошкору ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018–ум 296 адад ё 28,7% зиёд мебошад.
Дар ин давра нисбат ба 395 нафар барои узвият дар ташкилоту ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва иштирок доштан дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ парвандаҳо боз шуда, тафтишот идома дорад. Инчунин, нисбат ба 214 нафар шаҳрванд, ки пайравиро ба равияи тундраву ифротии салафия пазируфта буданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудаанд.
Дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиноятҳои хусусияти террористӣ–экстремистӣ дошта аз ҳама бештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содир гардидаанд. Парвандаҳои ҷиноятие, ки хусусияти террористӣ–экстремистӣ дошта, аз ҷониби маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳии ЯС–3/1 (37 нафар) ЯС–3/2 (28 нафар)-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба роҳбарон ва аъзои иттиҳодияи муташаккили ҷиноятии ба ном “Ҷамоати муваҳҳидин”, ки бо маслиҳат нақшаи ҷалби дигар маҳбусонро доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд такроран маҳкум гардиданд.
Тафтишоти парвандаҳо нишон доданд, ки 29 нафар саркарда ва аъзоёни фаъоли иттиҳоди ҷиноятии мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ҳамаашон бо амалҳои даст доштан дастгир гардид, барои узвият ё талоши пайвастан ба ин ҳаракатҳои тундрав маҳкум шуда буданд.
Ҷинояти мудҳиши террористӣ–ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 –“Ишқобод”-и қисми ҳарбии 0317-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Рӯдакӣ содир гардид, ки дар натиҷаи он 26 (мардон 9, занон 8 нафар, ноболиғон 4 нафар, хизматчиёни ҳарбӣ 5 нафар ва 1 корманди милитсия) куштаю 2 нафари дигар захмӣ гардиданд. Доир ба ин ҳодиса парванда оғоз гардида, мавриди тафтиши пурраю ҳамаҷониба қарор дода шуда, баъдан ба суд ирсол гардид. Масъулияти ба амал омадани ҳамаи ин амалҳоро гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба уҳда гирифта буд.
Дар нишасти хабарӣ, 28-уми январи соли 2020 Додситони кулли кишвар дар бораи боздошти 113 нафар гумонбар бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнӯъи «Ихвон-ул-муслимин» ва ДОИШ хабар дод. Аз ин шумора беш аз 20 нафари боздоштшуда як нафар гумонбар аз мақомоти иҷроияи Ҳокимияти шаҳри Исфара ва дигар омӯзгорони мактабҳои миёна ва донишкадаҳои олӣ, ташкилоту муасисаҳо, имомхатибон бо шогирдонашон буданд.
Яке якбора боздошти беш аз садҳо нафар бо гумони узвият доштани баъзе шаҳрвандон дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” байни ҷомеа фарзияҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Овозаҳои зиёди беасосе тариқи расонаҳои интернетӣ пахш гардиданд. Аз маълумоти солҳои гузашта чанд мавриди ҳодисаҳои боздошт ё зиндонӣ кардашудани пайравони ин созмон дар Тоҷикистон расонаӣ шуда буд.
Шумораи тахминии боздоштшудагони ба санҷиш фарогирифта аз минтақаи кишвар чунинанд: аз вилояти Хатлон беш аз 100 нафар, шаҳри Бохтар 40 нафар, Норак 17 нафар, аз сокини шаҳри Истаравшан ва Исфараи вилояти Суғд 30 нафар, аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон 3 нафар омӯзгори ин муассиса бо гумони ҳамкорӣ бо созмони “Ихвон-ул-муслимин” бозпурсӣ шуда истода, тафтишот идома дорад. Соли 2016 бо ҳукми додгоҳ 20 имом–хатиби ихвонӣ дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнӯъ ба зиндон маҳкум шуда буданд. Олимону коршиносон аз чунин раванди вазъ нигарониҳои зиёде доранд. Саволҳое садо медиҳанд, ки чаро бо гузашти чаҳордаҳ сол аз замони манъи фаъолияти созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар Тоҷикистон, масъалаи фаъолияти ин созмони террористӣ аз ҷониби Вазорату кумитаҳои дахлдори қудратӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода нашудааст? Аз рӯйи таҳлили баъзе маълумот пайравони ячейкаҳои хуфтаи созмони “Ихвон-ул-муслимин”, “ТТЭ ҲНИ” ва “Салафия” солҳои дароз дар кишвар пинҳонкорона фаъолият дошта, пайравони онҳо то сатҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, донишгоҳу донишкада, муассисаҳои дигари давлатӣ (доктору номзадҳои илм) бо ақидаву андешаҳои тарғиботӣ роҳ ёфтанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ, 14-уми феврали 2020, маълумот дод, ки дар соли 2019-ум 161 нафар шаҳрванд бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгиру бозпурсӣ карда шуданд. Аз ин шумора 50 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар хориҷа дастгир шуда, ба кишвар баргардонда оварда шудаанд. Узвияти афроди дастгиршуда чунин мебошад: 81 узви Давлати Исломӣ, 54 узви Салафия, 8 узви ҲНИ, 3 увзи Ҷамоати Ансоруллоҳ, 2 узви Ҳаракати Исломии Туркистон, 1 узви Ал-Қоида, 1 узви Толибон.
Инчунин, 19-уми феврали ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ, маълумот дода шуд, ки дар соли 2020-ум 1091 ҷинояти хусусияти террористӣ–экстремистидошта ошкор ва 271 нафар аъзою тарафдорони ин равияҳо дастгир шудаанд.
Соли 2019 дар Тоҷикистон се ҳодисае рӯй дод, ки мақомот онҳоро амали террористӣ номиданд. Ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанду Ваҳдат ва ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар моҳи ноябри соли 2019, ки гурӯҳи ДОИШ масъулияти ҳар сеи онро ба уҳда гирифт.
Аз воқеаҳои фоҷиабори таърих бо овардани он факту далелҳои ҷойдошта дар ҷомеаи имрӯза огаҳӣ пайдо кардани ҳамаи шаҳрвандони кишвар, аз фаъолияти роҳбарони ҳизбу созмонҳои экстремистию– террористӣ, ки дар боло шарҳ дода шуд, бояд сабақи ҳар як фарди кишвар бошад, то худ ва ҷомеаро аз он пок нигоҳ доранд.
Аммо мухолифони сиёсӣ, бахусус, Паймони миллии Тоҷикистон, ТТЭ ҲНИ ва дигар пайравонашон ҳоло ҳам фазои ҷомеаи Тоҷикистонро аз хориҷ аз рӯйи кинаву адовати доштаашон, одитарин ҳодисаи рухдодаро барои бадном кардани Ҳукумати Тоҷикистон истифода мебаранд.
Мақсад аз талошҳои кишварҳои ғарбию арабӣ баҳри ҳимоят аз як ҳизби сиёсӣ дар чист? Ҳоло дар ҷумҳурӣ як фазои таъсирасон ташаккул ёфта истодааст. Ин, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки баъди ба амалҳои террористӣ даст задании ҲНИ фаъолияти он баста шуда, ба рӯйхати ҳизбу созмонҳои террористӣ дохил карда шуд. Намояндагони ин ҳизб дар байни кишварҳои ғарбию шарқӣ тарафдор пайдо карда, дар Аврупо паноҳ бурдаанд ва фаъолияти ҳизбро он ҷо ба роҳ мондаанд.
Дар хулоса пешниҳодҳои зерин манзур мешаванд:
Якум, ба назар мерасад, ки инвентаризатсияи санадҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба имзо расида гузаронида шуда, дар шакли пажӯҳиши алоҳида ба ҷомеаи кишвар ва ҷаҳонӣ пешкаш гардад. Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба татбиқи амалии ин санадҳо муҳим аст, то дар самти байналмилалӣ бо риояи аслҳои ҳуқуқи байналмилалӣ иқдомоти Тоҷикистон муаррифӣ ва барои таҳкими суботу амнияти мамлакат мусоидат кунад.
Дуюм, баргузор намудани ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд дар кишвар собит намуд, ки кишвари мо манфиатҳои миллии худро дар ин самт ҳимоя ва татбиқ менамояд. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки дар арафаи 30–солагии Истиқлолияти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ИДМ бо ҷалби ходимони давлатӣ, кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсус, инчунин олимону коршиносон конфронси минтақавии Осиёи Марказӣ барои густариши ҳамкорӣ дар самти муқовимат ва пешгирии экстремизм ва терроризм баргузор карда шавад ва таҷрибаи мавҷудаи сисолаи давлатҳо то андозае ҷамъбаст гардида, иқдомҳои нав барои тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт муаррифӣ гардад.
Сеюм, таҳлили паҳлуҳои дигари хатарзои ин масъалаи муҳимми доғи зиндагӣ аз ҷониби олимону коршиносон тасдиқ менамоянд, ки муносибати фитнаангези пешгирифтаи имрӯзаи ТТЭ Ҳизби Наҳзати Исломии аз хориҷ ва хатарноки фаъолияти минбаъдаи он, мисли созмони «Ихвон-ул-муслимин», барои ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар ҳамсоя кишварҳо аз созмонҳои экстремистиву террористӣ, қанотҳои он, ба монанди Давлати Исломӣ (ДОИШ), Ал-Қоида, Ҳизб-ут-Таҳрир, Ҷунбиши Толибон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ, бештар аст. Аз ин рӯ, дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ аз аҳамият холӣ нест.
Вақте дар бораи мубориза бо ин падидаҳои номатлуб сухан мегӯем, бисёр муҳим аст, ки муаллифон маводҳои таҳлилӣ доир ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм на танҳо муҳаққиқ, балки донанда, баранда ва соҳиби арзишҳои миллӣ бошанд. Дар ин ҷода аввалин ва муассиртарин қадам дар замири шаҳрвандон парваридани андешаи Ваҳдати миллӣ аст.
Бояд дар назар дошта бошем, ки имрӯз хатти набардҳои беамон на дар майдони ҷанг, балки дар зеҳнҳои одамон барои тағйири тафаккур мегузарад. Набарди ҷаҳонӣ барои тасарруфи тафаккури сиёсӣ давом дорад. Дар хотир дошта бошем, ки идомаи ин набардҳои иттилоотӣ рахна ба Ваҳдати миллӣ, рахна ба тақдири ҳар як шаҳрванд аст, тири ҳалокати ҳар як нафар аст. Баҳри нигоҳ доштани ин Ваҳдатдар замириҷавонон бояд ҳисси эҳтиром ба Ватан, муқаддасоти миллӣ ва дигар арзишҳои фарҳангӣ тарбия карда шаванд. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳама гуна талошҳои ифротгароёни хориҷӣ тариқи иттилоотӣ ғолиб омада метавонем.
Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти
Минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон