Таҷдиди интихобии иттилоот раванди доимии ҷамъоварии иттилоот мебошад, ки барои мутобиқи талаби замон нигоҳ доштани феҳрист зарур аст. Ҳадафи дигари ин амал пурратар кардани захираи маълумотҳо ва бо талаби замон мувофиқ кардани он мебошад. Муфид мебуд агар муҳаққиқ тайи тамоми муддати таҳқиқот фикрҳои нав, ёддоштҳо ва хостаҳои худро дар коғаз нависад ва гоҳ—гоҳ онҳоро аз назар гузаронида, дар маводи мушаххас санҷад.
Дар айни замон, Ч. Браунро набояд аз ёд бурд: «Фикру андешаи худро мухтасар нависед, фақат онҳоро қайд кунед, бигузор тафаккур ҳамеша фикрҳои навро ҷустуҷӯ намояд, монанди ин ки шумо гӯё дар умратон дигар ягон китобро нахоҳед дид. Ҳамин аст тарзи асосии рушди тафаккури худ. Бадин тартиб фаъолияти фикрии шумо ҳамеша тоза ва нодир хоҳад буд».
Таҷдиди интихобӣ — худ услуби таҳлил аст, чунки фақат таҳлилгар метавонад талабот ба иттилооти нав ва нуқсон дар онро ошкор намояд ва нокомил будани маводро муайян кунад. Ба муҳаққиқ таҳқиқоти илмии минбаъда, ки барои онҳо таҷдиди маълумот зарур мебошад, маълум аст, то ин ки бе таъхир ба навиштани гузориш оғоз намояд. Таҳлилгар ҳамарӯза бодиққат миқдори азими маводро мутолиа мекунад, бинобар ин, табиист, ки ӯ иттилооти куҳнашударо мебинад ва онро иваз мекунад.
Ҳанӯз дар солҳои 1950 дар адабиёти махсус қайд гардидааст, ки дар аксар мавридҳо иттилооти куҳнашуда арзиши худро зуд аз даст медиҳанд. Имрӯз маълум шудааст, ки иттилооти фаврӣ—тактикӣ (масалан, иттилоот дар бораи қарздиҳии кутоҳмуҳлат) дар як рӯз тахминан 10% арзиши худро аз даст медиҳанд. Иттилоотии стратегӣ ва дарозмуддат, монанди маълумот дар бораи рақибони тиҷоратӣ ё гурӯҳҳои ҷинояткор, дар як моҳ 10% арзишро аз даст медиҳад. Аммо маълумот дар бораи объектҳои тағйирнопазир, масалан, зерсохтори саноатӣ ва захираҳои табиӣ дар як сол 15% арзиши худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, таҷдиди маълумот бояд ҷанбаи мунтазам дошта бошад, чунки хабар маҳсулоти зуд куҳна ва вайроншаванда аст.
Дар таърих мисолҳои зиёде маълум аст, ки чи тавр истифодаи маълумоти куҳнашуда аз тарафи ҳокимон боиси рӯй додани фоҷеа гардидааст. Масалан, ҳокими сулолаи Хоразмшоҳиён — Муҳаммад шахси содаю тарсончак набуд, балки як фармондеҳи варзида буд. Стратегияи муборизаи ӯ бо муғулҳо санҷидашуда ва ба асоси маълумоти мавҷуда дар дарбор бунёд меёфт. Аммо аҳли дарбор ба назар гирифта наметавонист, ки бештари иттилоот дар бораи тавони урдӯи муғулҳо нодуруст ё куҳнашуда буд. Ҳокими бузурги осиёиро заифии Хадамоти истихборотии ӯ фиреб дод. Бинобар ин, тасмимҳои ҳарбии Муҳаммад Хоразмшоҳ ба фоҷеа анҷомида, боиси аз байн рафтани сулолаи Хоразмшоҳиён гардид.
Дар нашрияҳои махсус ҳамчунин қайд гардидааст, ки арзиши иттилоот тибқи қоидаи «фоизи доимӣ», ки дар таҳқиқоти иқтисодӣ истифода бурда мешавад, коҳиш меёбад. Масалан, агар рейтинги ҳуҷҷат дар як сол 10% кам шавад, арзиши он дар ҳар соли минбаъда чунин хоҳад буд: 90, 81, 73, 66, 59, 53, 48, 43, 39, 35… ва ғайра. Яъне охири ҳар як соли минбаъда моҳияти он 90%—и арзиши охири соли пешинаро ташкил медиҳад. Дар ин иртибот Л.В. Шебаршин гуфтааст: «Чунин иттилооте вуҷуд надорад, ки арзиши абадӣ дошта бошад. Ҳаёт дар як ҷо намеистад, техника ва низоми муҳофизатӣ низ такмил меёбад. Чизе ки имрӯз муҳим аст — баъд аз як сол арзишашро аз даст медиҳад, дар бораи панҷ сол ҳоҷати гуфтан ҳам нест».
Мароқу рағбат ба маҳсулоти мушаххаси таҳлилӣ, ба ин ё мавод бо гузашти замон коҳиш меёбад. Яъне раванди табии аз байн рафтани арзиши иттилоотии зикршуда дар ҳуҷҷати мазкур ба амал меояд ва гузориши иттилоотӣ—таҳлилӣ аз доираи муҳиммӣ ба бойгонӣ меравад. Дар айни замон, раванди фишурдашавӣ ва тамаркузи иттилоот ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, талабот ба маълумоту иттилооти нав афзуда, арзиши иттилооти пешина беш аз пеш коҳиш меёбад.
Аз нигоҳи миқдорӣ ва илмӣ, раванди куҳнашавии иттилооти илмӣ маъмулан ба шакли графикаи шумораи иқтибосҳо аз адабиёти илмӣ доир ба мавзӯи мазкур, вобаста аз замони иқтибоси нашрияҳо ифода меёбад. Таҳқиқоти фанҳои илмии «радифи аввал» нишон медиҳад, ки аксарияти иқтибосҳо ба вақти нисбатан наздик рост меоянд.
Олимон гӯё, ки иттилоотро дубора зинда менамоянд ва бо ин мақсад ба гузаштагони бевоситаи худ такя мекунанд ва дар айни замон, давомат ё пайдарпаии инкишофи дониши илмиро нигоҳ медоранд. Ин равандро ба ибораи дигар, илмшиносон чунин шарҳ додаанд: «Тамаркузи иттилоот дар нашрияҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки агар тамоми нашрияҳои чопшуда аз даҳ сол он тараф нобуд шаванд, эҳтимолан, арзишҳои таърихӣ—фарҳангӣ бебозгашт аз байн мерафт, аммо мазмуни бевоситаи иттилоотӣ амалан коҳиш намеёфт».
Равандҳои ба ин монанд дар доираи намояндагии дипломатӣ ва хадамоти махсус ба амал меоянд. Бо гузашти замон зери таъсири омилҳои гуногун, муносибат ва таваҷҷуҳ ба маводи ҳуҷҷатӣ метавонад тағйир ёбад. Зимнан, аз як рафи ҷевон ба рафи ҷевони дигар гузоштани ҳуҷҷат метавонад ба тағйири ҷанбаи тадбирҳои иттилоотӣ—таҳлилӣ оварда расонад. Масалан, то соли 1958 санадҳои вобаста ба Алҷазоир дар Раёсати якуми аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар ҳуҷҷатҳои марбут ба Ҷумҳурии Франсия нигоҳдорӣ мешуданд. Тобистони соли 1958 ин ҳуҷҷатҳо ба ихтиёри Раёсати Африка дода шуданд, ки бештар ба таҳкими мавқеи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Африкаи Шимолӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекард, ҳол он ки Раёсати якуми европоӣ дар навбати аввал ба рушди робитаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Франсия диққат медод.
Бе таҷдиди интихобии мунтазами иттилоот ва ворид кардани тағйироти дахлдор, дар сиёсати хориҷӣ дар саҳнаи байналхалқӣ ноил шудан ба муваффқият номумкин аст. Масалан, ба ақидаи сафир Д.Ф. Сафонов, Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи хуб санҷидашудаи рушди муносибатҳо бо Африкаро надошт. Ҳар гуна нақшаҳои муваққатӣ ва кутоҳмуддат нисбат ба ин ё он кишвар наметавонистанд, барномаи стратегиро иваз намоянд. Бинобар ин, Иттиҳоди Шӯравӣ мехост кишварҳои африкоиро, ки аз мустамликадорӣ озод шуда, истиқлолияти сиёсиро ба даст меоварданд, ба тарафи худ ҷалб намояд. Чунин сиёсати ғайридурандешона боиси он шуд, ки мавқеъ ва ҳузури Иттиҳоди Шӯравӣ дар Африка торафт заиф шуда, то солҳои 90-уми асри ХХ ба ҳадди ақал расид.
Дар сурати мавҷуд будани низоми муайян, ворид кардани тағйиру ислоҳ дар иттилооти куҳнашуда осонтар мешавад. Чунин низом бояд аз зарурати мутолиаи такрории ҳуҷҷати мушаххас, тафтиши дуруст будани он ва мутобиқатии иттилооти нав огоҳ намояд. Масалан, истифодаи кодҳои ранга, ки санаи гирифтани мавод аз картотека барои таҷдидро нишон медиҳанд, ба мақсад мувофиқ аст. Ҷолиб аст, ки рангро ёрдамчиёни собиқ сарвазири Россия В.С. Черномирдин васеъ ба кор мебурданд. Баъзан ҳангоми баррасию муҳокимаи матни суханрониҳои В.С. Черномирдин, ӯ ислоҳи худро пешниҳод мекард: «Ана ин ҷо ман суханони худамро илова мекунам». Ёрдамчиён бо ташвиш хоҳиш мекарданд: «Лозим нест! Ана, мо ҷоеро, ки Шумо мехоҳед аз матн берун равед, бо ранги кабуд ишора мекунем ва он ҷое, ки набояд аз матн хориҷ шавед бо ранги сурх».
Азбаски на ҳама вақт таҷдиди тамоми ҳуҷҷат ё гузориш лозим мешавад, бояд барои қайд кардани қисматҳои ислоҳшаванда зернизом таҳия гардад. Ч. Миллс машварат медод: «Қайдҳоро бояд ба чанд самти калон тақсимбандӣ кард, ки дар дохили онҳо мавзӯъҳои хурд сол аз сол иваз хоҳанд шуд». Дар ин ҷо низ метавон кодҳои рангаро ба кор бурд. Дар компютер бояд барои гирифтани маълумот барномаи махсус бошад. Таҳлилгар бояд бо коршиносони коркарди автоматии маълумот ҳамкории наздик дошта бошад, агар хоҳад, ки вазифаи таҷдиди интихобии маводро бомуваффақият ҳаллу фасл намояд.
«Давидани» доимӣ аз паси иттилооти аз ҳама нав ва махфӣ, ки зуд куҳна мешавад, кормандони хадамоти махсус ва таҳлилгаронро ба кӯчаи сарбаста мекашонад. Бинобар ин, коршиносон ба сифати усули ёридиҳандаи ояндабинии сиёсӣ таҳқиқ ва истифодаи усулҳо ва стандартҳои тафаккури касбӣ, комплексҳои функсионалии қолабҳо, яъне мафҳуму категорияҳои илмии масалан, истифодашаванда дар сиёсат ва амалияи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро тавсия медиҳанд.
Фазои анъанавӣ, — ин муҳити нисбатан устувор буда дар саҳнаи васеъ ва нисбатан консервативии тафаккури касбӣ ба вуҷуд омада ташаккул меёбад: дар мавриди мазкур дар саҳнаи стратегияи америкоии амнияти миллӣ. Агар иттилооти мавҷуда дар бораи он ҷамъоварӣ шуда тақсибандӣ гардад, пас метавон барои арзёбии тарзи тафаккури элитаи сиёсӣ ва роҳбарияти он натиҷаи муайяни илмиро ба даст овард.
Хотиррасон менамоем, ки дар гузаштаи наздик чунин тадбирҳои таҳлилӣ бомуваффақият амалӣ мешуданд. Масалан, ситоди генералии Германия, зимни тарҳрезии стратегияи амалиёт барои ишғоли Франсия, қолабӣ будани тафаккури фармондеҳони франсиявӣ ва истифодаи қолабҳои куҳна барои пешбинии амалиёти ҳарбӣ аз тарафи онҳоро дар назар мегирифт. Дар маҷмӯъ, ин имконият дод, ки самти зарбаи асосӣ дуруст муайян карда шавад, гумроҳ кардани (дезинформатсияи) стратегии рақиб амалӣ шавад, фурсати муносиб барои таҷовуз интихоб гардад ва ниҳоят, дар муҳлати нисбатан кутоҳ муқовимати артиши франсиявӣ шикаста шавад.
Дар он ҷое, ки маълумот нодуруст истифода шавад ё иттилоот таъхир кунад ва ё иштибоҳан арзёбӣ гардад, кори таҳлилӣ бо таҷдиди интихобӣ бефоида хоҳад буд. Мисолҳое, ки А. Даллес дар китоби худ «Асы шпионажа» овардааст, ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад. Дар ҳар ду маврид — ҳам дар ҳамлаи япониҳо ба ҷазираҳои америкоии Перл—Харбор дар соли 1941 ва ҳам дар муҳорибаи Арденн дар соли 1944, иттилооти воридшударо нодуруст арзёбӣ кардаанд, ки боиси рӯй додани фоҷеа гардид.
Дар ин миён, ҳар ду ҳодиса, ки аз рӯйи ҷанбаи худ фарқияти зиёд доранд, як чизи умумиро доштанд: ба душман нисбат надодани амале, ки аз рӯйи ҳисоби америкоён мутлақо носанҷида аст. Арзёбикунандагони ин рӯйдодҳо мебоист дар назар мегирифтанд, ки рақиб метавонад ин ё он вазъиятро ба тарзи тамоман дигар бинад ва қарореро қабул кунад, ки рақибон чун беэҳтиётӣ ё амали носанҷида шумориданд.
Арзёбии дурусти таҳдиду имкониятҳои эҳтимолӣ хеле мушкил аст. Бинобар ин, фаъолияти иттилоотӣ—таҳлилӣ аксар вақт аз ғаразнокӣ ва нобаробарии афкор зарар мебинад. Дар ин иртибот нақли сафир В.М. Фалин ибратомез аст: Ӯ доир ба рӯйдодҳои ба амаломада дар Полша ёддошти таҳлилӣ навиштааст. Фикри асосии ин ёддошт чунин будааст, ки воқеияти Полша равандҳоеро, ки дар сатҳи гуногун дар ҳамаи кишварҳои сотсиалистӣ пухта мерасанд, ошкор мекунад. Ҳаракати «Ҳамбастагӣ»-и Полша чунин занге аст. Барои сарфаҳм рафтан ба рӯйдодҳои ҳамсояҳо, бояд ҳодисаҳоро дар худи сохтори Иттиҳоди Шӯравӣ амиқан баррасӣ ва дарк кард. Фақат муҳити ғизодиҳандаи норизоиятии умумӣ дар кишвари худро бартараф карда, метавон умед баст, ки барои бартараф кардани он ба дигарон низ кумак карда метавонанд.
Баъд аз тавофуқ дар дастгоҳ, ин маводи таҳлилӣ ба дасти яке аз роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ К.У. Черненко меафтад. Ӯ фақат ду—се банди аввали онро хонда дастур навиштааст: «Шумо ба ман чизеро надодаед ва ман низ чизеро надидаам. Ёддошт нобуд карда шавад! Мо Полша нестем ва рӯй додани чунин ҳодиса дар мо аслан имкон надорад». Солҳо баъд, дипломат бо алам таъкид намудааст, ки нависандаи бузурги рус А.П. Чехов ин гуна шакли тафаккурро бо чунин гуфтаҳояш ҷовидонӣ кардааст: «Ин тавр буда наметавонад, чунки ин тавр ҳеҷ гоҳ буда наметавонад».
Ба ақиб назар афканда, таъкид менамоем, ки ҳар як корманд бояд иттилоот доир ба мавзӯи муайянро назорат намуда, дар айни замон, таҷдиди ҳамаи қисмҳо ва ислоҳи маълумоти куҳнашударо таъмин намояд. Ба як таҳлилгар бояд супориш дода шавад, ки нақшаи санҷишро назорат намояд, то ин ки иттилооти иловагӣ саривақт ҷамъоварӣ карда шавад. Картотекаҳо бояд ҳама вақт нав шаванд ва равиши системӣ вазифаи ислоҳи иттилооти беарзишшударо таъмин менамояд. Худи таҷдиди интихобии маълумот — раванди доимӣ буда, аксар вақт натиҷаи ошкор шудани нуқсон дар иттилоот мебошад.
Мисоли беҳтарини таҷдиди интихобии иттилоот маълумоти ҳаррӯзаи боду ҳавосанҷӣ мебошад. Коршиносони иттилоот ҳам бояд маълумоти куҳнашударо ошкор намудан тавонанд, зеро ба гуфтаи дипломати франсиявӣ А. Плантея, маълумоти куҳна на танҳо бефоида, балки хатарнок ҳам ҳаст. Таҷдиди иттилоот — ин ҷамъоварии дубораи далелҳо барои тасдиқи дурустии иттилооти мавҷуда ва барои дарёфти маълумоти наву комилтар мебошад. Фақат маълумоти пурра дар бораи шахс ё вазъияти мушаххас, имконият медиҳад, ки арзёбӣ дуруст бошад ва сиёсати дурандешона тарҳрезӣ гардад.
Парвин Нуриддин,
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент,
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсат.