Фаъолияти муназзами бахши молия ва
бонкдорӣ яке аз шартҳои асосӣ ва
муҳимми рушди иқтисодию
иҷтимоии кишвар мебошад.
(Эмомалӣ Раҳмон, 10.05.2019)
Имрӯз дар кишвар соҳае вуҷуд надорад, ки фаъолияти он бо муассисаҳои бонкӣ алоқаманд набошад. Ҳар як ташкилоту муассиса ба хидматрасониҳои бонкӣ ниёз дорад ва наметавонад фаъолияти худро бидуни амалиётҳои бонкӣ анҷом диҳад, аз ҷумла:
- барои пардохт ба таъминкунандагон,
- гирифтани маблағ аз муштариён;
- гирифтани маблағҳои ҳисоботӣ;
- пардохти андоз;
- дастрас ва баргардонидани қарзҳо;
- пардохти музди меҳнат ва ғайра.
Аз ин нуқтаи назар, гуфтан мумкин аст, ки низоми бонкӣ заминаи асосие ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳамаи муносибатҳои эътимодбахш дар иқтисоди муосири мамлакат таҷасум меёбанд.
Дар назар бояд дошт, ки саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, махсусан, саноатикунонии кишвар калон буда, фаъолияти муътадили иқтисодиёт аз сифат ва гуногуннамудии хизматрасониҳои бонкӣ вобастагии зиёд дорад.
Бинобар ин, низоми молияву бонкии кишвар ҳамчун омили муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон бояд ба афзалиятҳои кишвар ва ба манфиати ҷомеа равона шуда, барои бо сармоя таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳавасманд гардонидани соҳибкорону тоҷирон ва умуман, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷомеа, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат намояд.
Бо ин мақсад, ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳукумати мамлакат дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба рушди низоми бонкии кишвар низ тавваҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ асосҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкии кишвар тадриҷан такмил дода шуданд.
Дар натиҷа давоми дар 20 соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000–ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд пеш аз ҳама ба пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, рушди низоми бонкӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ аз ҳарвақта бештар аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардад ва дар ин замина рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем.
Ҳамин тавр, ислоҳоту тадбирҳои андешидашуда инкон фароҳам овард, ки дар замони истиқлолияти давлатии кишвар нишондиҳандаҳои низоми бонкии кишвар мунтазам афзоиш ёбад. Баъзе аз дастовардҳои назаррасро дар ин самт чунин хулоса намудан мумкин аст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 расонида шуд. Дар ин давра, ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла дар соли 2021–ум 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.
Ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо беш аз 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000–ум 130 баробар афзоиш ёфт.
Барои таъмин намудани рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба низоми бонкии кишвар ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис аз 80 то ба 50 миллион сомонӣ кам карда шуд.
Ҳоло ҳаҷми дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ 25 197,8 сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2021 15,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра, ҳаҷми бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 12 313,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2021 1 281,0 миллион сомонӣ ё 11,6 фоиз зиёд мебошад. Илова бар ин, дар давраи таҳлилӣ нишондиҳандаи даромаднокии дороиҳои (ROA) ташкилотҳои қарзии молиявӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аз 2,5 то 6,8 фоиз ва нишондиҳандаи даромаднокии сармоя (ROE) аз 11,5 то 28,9 фоиз афзоиш ёфтаанд.
Мунтазам андешидани тадбирҳои муассири давлатӣ ҷиҳати такмили низоми бонкии кишвар дар баробари дигар амалёту хизматрасониҳои бонкӣ шумораи ҳамёнҳои электронӣ ва ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ низ мунтазам тамоюли зиёдшавӣ доранд. Рақамҳои омории диаграммаҳои зерин баёнгари ин гуфтаҳо мебошад.
Манбаъ: маълумоти бонки милии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо истифода аз ҳамёнҳои электронӣ муштариён имкон пайдо карданд, ки як қатор хизматрасониҳоро тавассути телефонҳои мобилӣ (смартфонҳо) ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд. Дар соли 2022 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 6,4 миллион адад амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 708 миллион сомонӣ анҷом дода шуданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 25,4 фоиз ва 87,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, бо вуҷуди дастоварҳои назаррас ва муътадил арзёбӣ гардидани нишондиҳандаҳои низоми бонкии кишвар ҳоло ҳам баъзе мушкилоту масъалаҳо ҳалталаб ҷой доранд, ки андешидани чораҳои дахлдорро тақозо менамоянд.
Тавре, ки болотар қайд карда гузаштем саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, махсусан, тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат калон буда, фаъолияти муътадили иқтисодиёт аз сифат ва гуногуннамудии хизматрасониҳои бонкӣ вобастагии зиёд дорад.
Бо ин мақсад, танҳо тайи 10 соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар зиёда аз 81 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, вале ҳаҷми солонаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 14,5 то 12,6 фоиз кам гардидааст.
Тибқи арзёбии ташкилотҳои байналмилалӣ ҳангоми ба 23 фоиз баробар намудани ин нишондиҳанда иқтисодиёти кишвар ҳар сол 1,5 фоиз зиёдтар рушд ёбад. Яъне дар ин ҳолат суръати рушди иқтисодӣ дар кишвар ба 9 фоизи солона метавонад баробар гардад.
Гарчанде дар самти пешниҳоди қарзгузориҳои низоми бонкӣ ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар тамоюлҳои мусбӣ ба назар расад ҳам, вале бо вуҷуди ин ҳама, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанӯз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мемонад. Яъне ҳануз ҳам, фоизи нисбатан баланди қарз яке аз омилҳои боздорандаи дастрасии соҳибкории истеҳсолӣ ба воситаҳои молиявӣ мебошад. Аз сабаби баланд будани меъёри фоизҳои қарзӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, мушкилоти норасоии воситаҳои гардон ҳанӯз ҳам ҷой дорад.
Масъалаи дигари ҳалталаб ин ҷалби нокифояи пасандозгузории шахсони воқеӣ дар ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда мебошад. Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолат дар коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо арзёбӣ мегардад. Ин вазъ, соли 2014 яъне, баъди муфлис гаштани баъзе аз бонкҳои фаъоли кишвар ва дар ин замина, ба вуҷуд омадани мушкилии бозпасгирии пасандозҳо, эътимоди мардумро ба ташкилотҳои қарздиҳанда боз ҳам заифтар гардонид.
Набояд фаромӯш кард, ки дар шароити рақобати бозорӣ танҳо ташкилотҳои қарзие, ки маҳсулоти нави бонкӣ ва хизматрасониҳои гуногуни инноватсиониро пешниҳод менамоянд, мавқеи худро дар бозор устувор карда метавонанд.
Торафт шиддат гирифтани рақобати байналмилалӣ моро водор месозад, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои умумимиллӣ имконоту захираҳои мавҷударо самаранок истифода карда, фазои соҳибкориву сармоягузориро ва низоми бонкиро боз ҳам беҳтар ва фаъолнокии иқтисодии аҳолии Тоҷикистонро баланд бардорем
Дар робита ба ин, боз ҳам ҷоннок ва тақвият бахшидани корҳоро ҷиҳати ҳалли масоили ҷойдошта, хусусан дар самти паст намудани фоизи қарзҳо, ба соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин, ба соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, осон намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, инчунин ва барқарор намудани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо бо роҳи ҷоннок намудани назорати бонкӣ, арзёбии дороии бонкҳо ва мониторинги доимии вазъи бозори хизматрасониҳои бонкӣ ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад.
Наҷмуддинов М.С.
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон