Имрӯз 18 июли соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳайати роҳбарии якчанд мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Аз он ҷумла бо Амрҳои Президенти мамлакат аз 18 июли соли 2024 №АП-602, Муртазозода Ораз собиқ Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали директор ва Шарифзода Лоҳутӣ Шариф собиқ сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон ба вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Нимаи дуюми рӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода нафарони дар ин вазифа таъйингардидаро ба аҳли кормандони Марказ муаррифӣ намуд. Зимни суҳбат номбурда, аз сиёсати муваффақи кадрии Сарвари давлат ёдоварӣ намуда, иброз намуд, ки қобилияти роҳбарӣ ва забондонию ташкилотчигии ин ду нафар, ки дар идораю сохторҳои гуногун фаъолияти пурсамар доштанд, мавриди таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор гирифта, ба ин вазифаҳо сазовор дониста шуданд. Мо аз ин ду кадри ҷавон боварии комил дорем, ки сарбаландона аз ифои вазифаашон мебароянд. Хоҳишмандем ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.

Директори Марказ Хайриддин Усмонзода аз дастгирии Пешвои муаззами миллат доир ба таъйини кадрҳои донишманду масъулиятшинос ба ин вазифаҳои арзанда изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки сазовор донистани ду кадри ҷавон ба ҳайси муовинони директор ба Маркази тадқиқоти стратегӣ аз сиёсати хирадмандонаи кадрии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони болаёқату кордон далолат мекунад. Ҷаҳду талош менамоем, ки ба боварии Президенти мамлакат сазовор гардида, ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳо, омодагии ҳамаҷонибаи аҳли кормандонамонро барои иҷрои вазифаҳои дар зимаамон гузошта сафарбар намоем.

 Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед