16.01.2025, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Дар оғоз бори дигар ташрифи меҳмони гиромӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.

Мо таваҷҷуҳи хоссаи Ҷумҳурии Исломии Эронро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мекунем.

Музокироту вохӯриҳои имрӯза мисли ҳамеша дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ сурат гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқоти хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷоми музокирот як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду ҷонибро такмил медиҳанд.

Ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳои муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро баланд арзёбӣ мекунад.

Итминон дорам, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда барои идомаи густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Мо ҷонибдории худро аз идомаи муколамаи созандаи сиёсии байни ду давлат дар сатҳҳои мухталиф иброз доштем.

Кишвари мо аз густариши равобити байнипарлумонӣ, табодули сафарҳои расмии роҳбарони парлумонҳои ду кишвари дӯст ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори ризоият намуд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи самтҳои дорои авлавият дар муносибатҳои дуҷонибаи мо маҳсуб меёбанд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир муомилоти тиҷоратии дуҷониба суръати тоза пайдо карда, соли гузашта ба зиёда аз панҷоҳ фоиз афзоиш ёфт.

Зимнан, тақвияти фаъолияти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, Шӯро ва Кумитаи муштараки соҳибкориву сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷониби Тоҷикистон зарурати саъю талоши бештари ниҳодҳои дахлдори ду кишварро дар татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030-и мелодӣ ва Нақшаи роҳи он зикр кард.

Мо алоқамандии худро ба рушди ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз доштем.

Дар ин замина истифодаи васеъ аз имконоти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба манфиати ҷонибҳо дониста шуд.

Ҷониби мо, инчунин, аз зарфиятҳои фаровони бахшҳои саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, фанноварӣ, кишоварзӣ ва соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ёдовар шуд.

Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар баргузор гардид.

Дар чорчӯби он чонибҳо 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як нишонаи мавҷуд будани имкониятҳои фарох барои ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони мо дар самтҳои мазкур мебошад.

Кишвари мо ба рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва зарурати роҳандозии иқдомҳои муассир дар ин ҷода таъкид кард.

Дар рафти музокирот ба тамоюли афзоиши интиқоли молу коло миёни ду кишвар дар солҳои ахир ишора гардид.

Вобаста ба ин, зарурати истифодаи самарабахш аз зарфиятҳои бузурги нақлиётиву транзитии ҷонибҳо мавриди таъкид қарор гирифт.

Ҳамчунин, роҷеъ ба истифодаи зарфиятҳои бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба унвони заминаи мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот табодули назар анҷом ёфт.

Ҷониби мо тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, дар бахшҳои боғпарварӣ, таъсиси ниҳолхонаҳо ва истифодаи технологияҳои муосири обёриро ба нафъи кор донист.

Зимни истиқбол аз лағви низоми раводид байни ду кишвар, нақши таъсиргузори ин иқдом ба рушди соҳаи гардишгарӣ зикр гардид.

Мо зарурати ҳамкории боз ҳам бештарро дар соҳаи тиб, бахусус, рушди бахши дорусозии муштарак ва бозомӯзии мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ кардем.

Бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ ва забонӣ, тавсеаи беш аз пеши равобит дар соҳаҳои илму фарҳанг ва омӯзишу пажӯҳиш зарур дониста шуд.

Бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза дар ҷаҳон ва минтақа, аҳаммияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар ин замина зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои сойберӣ ба манфиати ду кишвар ва минтақа маънидод гардид.

Мо аҳаммияти ҳамоҳангиҳои муштаракро барои расонидани кумакҳои мавриди ниёз ба мардуми Афғонистон ва мусоидат дар истиқрори сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя таъкид кардем.

Ҷониби Тоҷикистон аз идомаи вазъи фоҷеабор дар Навори Ғазза изҳори нигаронӣ кард.

Вобаста ба ин, зарурати андешидани чораҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати хотимаи нооромиҳо дар Ховари Миёна таъкид карда шуд.

Дар робита ба ин, Тоҷикистон ҷонибдории худро аз татбиқи қатъномаҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба қазияи Фаластин ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бори дигар изҳор намуд.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар ҷараёни музокирот мо аз ҳолат ва раванди шарикӣ бо Эрон дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори ризоият кардем.

Омодагии ҷониби худро ҷиҳати идомаи ин раванд иброз доштем.

Тоҷикистон ба кишвари дӯст барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои байналмилалии худ, аз ҷумла дар мавзӯи обу иқлим сипосгузорӣ намуд.

Дар маҷмӯъ, мо натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Масъуди Пизишкиёнро ҳамчун оғози марҳалаи ҷадид дар рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту бародар арзёбӣ менамоем.

Дар фарҷоми сухани худ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатмандиву комёбиҳо ва ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу осоиш ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Чоп кунед