23.02.2023, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.

Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки тайи се даҳсола ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

Дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол дар маркази диққати худ қарор дода буд.

Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шӯрои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд.

Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад.

Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид.

Вақти қабули қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ.

Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.

Дар навбати аввал, 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва нерӯи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд.

Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, мо ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшидем.

Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд.

Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.

Дар марҳалаҳои минбаъда мо дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу томҳоро таъсис додем.

Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштирок карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд.

Дар робита ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвар ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуданд.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд.

Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мубориза бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Маҳз ба ҳамин хотир, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоям, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.

Ҳозирини арҷманд!

Тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисоси дорои маҳорати баланди касбӣ шарти асосии тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар мебошад.

Дар робита ба ин масъала, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон созам, ки ҳангоми таъсис додани Артиши миллӣ мо шумораи зарурии афсарону мутахассисони касбӣ надоштем.

Бинобар ин, яке аз аввалин воҳидҳои ҳарбие, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис додем, муассисаи таълимии Коллеҷи ҳарбӣ буд, ки имрӯз ҳамчун Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа фаъолият карда истодааст.

Дар зарфи сӣ сол муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро 5300 нафар, аз ҷумла академияҳои ҳарбии хориҷи кишварро 650 нафар ҷавонони мо хатм карда, ҳоло аз байни онҳо садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии дорои рутбаи олии ҳарбӣ дар вазифаҳои роҳбариву фармондеҳии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар боз 1500 нафар ҷавонони мо таҳсил карда истодаанд.

Дар маҷмӯъ, дар замони соҳибистиқлолӣ барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис тайёр карда шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз зиёда аз 80 фоизи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мо афсарони касбӣ, яъне хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд.

Тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо нафар афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шуҷоату ҷасорат ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ ва садҳо нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан, дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.

Вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақозо менамоянд, ки барои пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Вазъи зикршуда, инчунин, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳорату малакаи муосири касбӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб мекунад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси миллӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ эътибори боз ҳам бештар диҳанд.

Зеро дар замони пурҳаводиси имрӯза танҳо кадрҳое метавонанд амнияти давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд ва Ватани худро сидқан дӯст медоранд.

Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки дар сатҳи талаботи замона ба роҳ мондани омодагии касбӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ вазифаи асосии ҳайати фармондеҳӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҳар як роҳбару афсар масъулияти баланд ва донишу малакаи заруриро тақозо менамояд.

Такроран хотирнишон менамоям, ки роҳбарону афсарон бояд ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.

Шахсан ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.

Вобаста ба ин, мехоҳам масъалаи тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ва даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро махсус хотиррасон намоям.

Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, солҳои охир дар баъзе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, шаҳрҳои Душанбе ва Исфара маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин (ҳатто дар муддати ду – се рӯз) ҷамъбаст карда мешавад.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад.

Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ҳар як ҷавонмард бояд қарзи худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон иҷро намояд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки асоси омодабошии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ дар байни ҳайати шахсӣ ташкил медиҳад.

Илова бар ин, таҳаввулоту ҳодисаҳои солҳои охири ҷаҳон моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Ин амри заруриро ҳимояи истиқлолу озодӣ ва дахлнопазирии ҳудуди кишвар, таъмини амнияти давлат ва халқи тоҷик талаб менамояд.

Бо дарназардошти ин зарурат, дар Паёми навбатии Роҳбари давлат махсус таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷати мазкур самтҳои асосии сиёсати мудофиавии мамлакатро муайян карда, дар баробари дигар чорабиниҳо, инчунин, тақвияти иқтидору имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳоро ҷиҳати мутобиқ намудан ба хусусияти таҳдиду хатарҳо ва вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар бар мегирад.

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки зикр гардид, Артиши миллии сӣ сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муназзам ва неруманду боэътимод табдил ёфтааст.

Тайи се даҳсолаи гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, 24 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва зиёда аз 100 иншооти хизматрасонии нав сохта, ба истифода супорида шуд.

Дар ин давра, умуман, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат беш аз 2600 иншооту биноҳои нав бунёд карда, ба истифода супорида шуданд.

Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро дар оянда низ идома дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамояд.

Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии хеш минбаъд низ содиқ мемонанд, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд ва ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмин мекунанд.

Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори сиюмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

khovar.tj

Чоп кунед