04.10.2021, ноҳияи Муъминобод

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Соли 2021 барои Тоҷикистони азизи мо аз ҷумлаи солҳое мебошад, ки дар саҳифаҳои таърихи навини халқамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид, зеро истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон сисола шуд.

Ҷашни муқаддаси 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар сартосари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Муъминобод бо шукӯҳу шаҳомати хос, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб, тамоми сокинони ноҳияи зебоманзари Муъминободро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузурги мардуми Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Боиси хушнудист, ки мардуми бонангу номус ва заҳматқарини ноҳияи Муъминобод дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои Ватани маҳбубамон дар соли барои кишварамон воқеан таърихӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшидаанд.

Ноҳияи Муъминобод дорои таърихи қадима буда, дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз дар охирҳои асри ХI ҳамчун шаҳр ёд шудааст.

Минтақаи Муъминобод, воқеан, як мамнӯъгоҳи зиндаи таърихи халқамон буда, дар ҳудуди он бо номи деҳаҳое вомехӯрем, ки таърихи ниҳоят қадима доранд.

Мавзеъҳои Эскӯлоб, Шаҳри Барбар, Лангар ва Сангдараҳо тибқи таҳқиқоти таърихнигорон дар асрҳои 7 – 15 аз минтақаҳои ободи Хатлонзамин ба шумор мерафтанд ва яке аз шаҳрҳои ободи Хатлон – Сикандара низ дар ҳамин қаламрав ҷойгир буд.

Ноҳияи Муъминобод макони ёдгориҳои бузурги таърихӣ буда, то ба имрӯз аз ҷониби сокинони маърифатпарвару фарҳангдӯсти он ҳифз гардидаанд.

Хотирнишон месозам, ки маҳз дар даврони истиқлоли давлатӣ ин диёри куҳан хеле ободу зебо гардид ва соли 1992 номи таърихии он аз нав барқарор карда шуд.

Ҳукумати мамлакат тайи сӣ соли охир барои пешрафти ин диёри баландкӯҳ, ки дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад, тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

Соли 2015 Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2016 – 2020 таҳия ва тасдиқ гардид, ки дар асоси он барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 33 лоиҳа ба маблағи 114 миллион сомонӣ равона гардид.

Соли 2020 Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2021 – 2025 қабул карда шуд, ки таъмин намудани рушди бомароми соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, муҳайё намудани шароити хуби зист барои аҳолӣ, бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳадафи асосии он мебошад.

Дар барномаи мазкур 123 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 275 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои бахши иқтисодӣ 43 лоиҳа ба маблағи 51 миллион сомонӣ, бахши иҷтимоӣ 48 лоиҳа ба маблағи 38 миллион сомонӣ ва бахши инфрасохтор 24 лоиҳа бо арзиши 184 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки ин диёри зебоманзар имрӯз макони сайру саёҳати на танҳо сокинони Тоҷикистон балки меҳмонону сайёҳон аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ гардидааст.

Дар ҳудуди ноҳия инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонӣ сол ба сол рушд карда, аз ояндаи неки ин диёри биҳиштосо дарак медиҳад.

Дар муддати ҳамагӣ чанд соли охир 5 меҳмонхонаи замонавӣ бо тамоми шароити зарурии фароғату истироҳат дар мавзеи Чилдухтарон ба фаъолият оғоз кард.

Имрӯз мо дар деҳаи Паҳндара боз як меҳмонхонаи панҷошёнаро барои 50 нафар мизоҷон ифтитоҳ кардем.

Соли 2015 роҳи ҳамвор аз деҳаи Саркорон то Паҳндара ба масофаи 17 километр ва соли 2020 роҳ то ноҳияи Ховалинг кушода шуд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2019 дар ноҳия маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои дил, ки бо таҷҳизоти беҳтарини тиббӣ таъмин мебошад, ба истифода дода шуд.

Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки дар замони истиқлоли давлатӣ дар ноҳия барои оммавигардонии варзиш бисёр корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Ҳоло дар ноҳия 2 ҳавзи шиноварӣ, 14 толори варзиш, 1 мактаби варзиш, ки дар он 383 нафар варзишгарон бо 20 нафар мураббиён, аз ҷумла 13 нафар номзад ба устоди варзиш машқу тамрин мекунанд, 1 варзишгоҳ бо зиёда аз 7000 ҷойи нишаст ва 123 майдон барои намудҳои гуногуни варзиш фаъолият дорад.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳия то имрӯз ба муносибати ҷашни муқаддаси 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар 340 иншооти ба нақша гирифташуда корҳои ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Имрӯз низ дар доираи сафари кории мо боз чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки самараи заҳмати софдилонаи сокинони заҳматпеша ва соҳибкорони бонангу номуси ноҳия мебошанд.

Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёду барқарорсозии майдони токзор бори дигар бовар ҳосил намудем, ки кишоварзони ноҳияи Муъминобод анъанаи неки гузаштагонро дар самти истифодаи оқилонаи замин, аз ҷумла боғу токзор идома дода, дар ин бахш ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ифтитоҳи муассисаи навбунёди таълимӣ барои 480 нафар хонанда, як корхонаи истеҳсолӣ, майдони Парчами давлатӣ ва осорхонаи мардумӣ, роҳи ҳашткилометра ва роҳи дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Кӯлоб – Муъминобод ба масофаи 45 километр, истироҳатгоҳи замонавӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, боғи интенсивӣ, корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорводорӣ, ки имрӯз сурат гирифт, ба таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ва ободу зебо гардидани ин диёри афсонавӣ мусоидат мекунад.

Бинобар ин, ман ба ҳамаи соҳибкорон, мардуми заҳматпешаи ноҳия ва сохтмончиёну роҳсозон изҳори сипос менамоям.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки ноҳияи Муъминобод дорои мавзеъҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ мебошад ва барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, таърихиву маърифатӣ, этнографӣ ва шикори байналмилалӣ имкониятҳои васеъ дорад.

Ҳарчи бештар ва самаранок истифода кардан аз ин имкониятҳои нодири таърихиву табиӣ дар ояндаи наздик метавонад ба рушди ноҳия такони ҷиддӣ бахшад.

Ҳамдиёрони азиз!

Тавре ки гуфтам, дастовардҳои ноҳия дар замони соҳибистиқлолӣ хеле назаррасанд.

Вале мо набояд бо ин дастовардҳо қаноатманд бошем, балки боз ҳам бештар заҳмат кашем, корҳои ободониро дар ҳар деҳаву маҳалли аҳолинишин ва дар ҳар хонаву манзили зист идома диҳем ва Ватани худро ободу хуррам гардонем.

Бовар дорам, ки мардуми заҳматпешаву хирадсолори ноҳияи Муъминобод бо фаъолияти пурсамари хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, таҳкими дастовардҳои истиқлол, ҳифзи сулҳу суботи кишварамон ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар оянда низ ҳиссаи ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Бори дигар тамоми сокинони бонангу номуси ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ, ки фардо ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ таҷлил мегардад, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор ва тансиҳативу хонаободӣ орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

khovar.tj

Чоп кунед