Рӯзи 15 ноябри соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шурои олимони ҷавон мизи гирд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32 – солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Стратегия ва амалияи миллатсозӣ дар мактаби давлатдории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд. Мизи гирдро муовини якуми директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ораз Муртазозода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Таъкид гардид, ки мутобиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил гардидани 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қадами муҳим дар самти рушди давлатдории навини миллӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории кишвар, ҷиҳати муайян намудани низоми сиёсӣ ва интихоби сарвари сиёсӣ яке аз марҳалаҳои тақдирсоз барои миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.
Сипас олимону донишмандони Марказ бо маърузаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуда, ҷанбаҳои гуногуни масъаларо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои фалсафа, профессор, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷират ва омӯзиши афкори омма Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи «Нақши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои илму маориф» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таҳаввули низоми илму маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи сиёсати илммеҳвари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамзамон, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ Насриддин Воҳидов маърузаи худро таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: оғози давлат-миллатсозии навини тоҷикон» манзури ҳозирин намуд. Мавсуф қайд намуд, ки маҳз бо шарофати мавқеъгириҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳаётан муҳим, халқи тоҷик шуруъ аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ раванди давлат ва миллатсозии худро тақвият бахшиданд. Аз ин рӯ, коршиносон шахсияти ин қаҳрамони миллатро «чун кӯҳ пойдору устувор» меҳисобанд.
Дар идомаи ҳамоиш, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодӣ Иброҳим Иброҳимзода дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи тақдирсоз ва сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули иқтисоди миллӣ» суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёдӣ ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд.
Дар бахши музокирот сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидхоҷа Акбаров андешаҳои хешро роҷеъ ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корномаҳои таърихсозӣ ин абармард иброз намуд.
Дар охир муовини якуми директори Марказ Ораз Муртазозода ҳамоишро натиҷагирӣ намуда, бо сухани ҷамъбастӣ ба мизи гирд ҳусни анҷом бахшид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон