Созмони Ҳамкории Шанхай ҳашт кишварро муттаҳид карда, ҳудуди умумии онҳо беш аз 34 миллион километри мураббаъ, яъне 60 дарсади қаламрави АвруОсиёро ташкил медиҳад. Шумораи умумии аҳолии кишварҳои СҲШ тақрибан се миллиарду 400 миллион нафар  мебошад, ки ин нисфи аҳолии кураи Замин аст.

Созмони ҳамкории Шанхай 20 сол қабл дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” таъсис ёфта, айни ҳол, тақрибан аз се яки ММД ҷаҳон, 60 дарсади ҳудуди АвруОсиёро ташкил медиҳад. СҲШ неруи муҳимми созанда дар ҳалли масъалаҳои АвруОсиё ва байналмилалӣ гуфта мешавад.

Афзалиятҳои СҲШ: амният, мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Бар хилофи блокҳои низомӣ-сиёсӣ, ин ташкилот ҳеҷ гоҳ ба ягон давлат ва иттиҳодия муқобилат накардааст. Ҳама машқҳои низомӣ дар дохили созмон гузаронида мешаванд.  Кишварҳои узви СҲШ дахолат ба умури дигар давлатҳоро зери ниқоби мубориза бо терроризм ғайри қобили қабул медонанд.

СҲШ ҳамчун як созмони муассир ва пешсаф тайи 20 сол Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда, барои рушди соҳаҳои технология, нақлиёт, коммуникатсия такон бахшид. Аз ҷумла, бо эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим, ки пайвандгари Шарқ бо Ғарб аст, муносибатҳои иқтисодӣ ба сатҳи нав баромаданд.

Соли 2021 аз ҳар лиҳоз барои мардуми сарбаланди тоҷик соли таърихиву хотирмон хоҳад буд, зеро имсол дар баробари ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ кишвари мо мизбони ду чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ – ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад. Ҳамзамон, 20-солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай дар кишвари мо таҷлил мегардад, ки дар сатҳи баланд доир намудани он ба имиҷ ё худ эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун яке аз муассисони ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Воқеан, рост омадани раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ба давраи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 20-солагии ин созмони муътабар басо рамзист. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ҳамчун муассис ва узви фаъоли СҲШ ин навбат низ давраи раёсати худро дар созмон бо ташаббусҳои бисёр муҳиму навоварона ба анҷом мерасонад. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар чандин чорабиниҳое, ки аллакай таҳти раёсати кишвари мо баргузор шуданд, дида метавонем.

Тавре аз маълумоти воситаҳои ахбори омма бармеояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли раёсаташ ба СҲШ барномаи фарогиреро бо беш аз сад чорабинӣ рӯйи даст гирифтааст, ки аллакай бештари онҳо амалӣ ё доир шуданд. Маҷмӯи ин чорабиниву ташаббусҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа, ҳамкории самарбахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илму техника, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист, шукуфоиву пешрафти кишварҳои узв мусоидат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай давоми бист соли фаъолият ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст, зеро он пайваста дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ дар ҷараён аст. Борҳо шоҳид гардидем, ки дар ҳар як саммити сарварони давлатҳои созмон барои мубориза ва ҳалли хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, қарорҳои вижа қабул карда мешаванд. Ва ин қарорҳоро  сокинони давлатҳои узви СҲШ, ки қариб нисфи аҳолии кураи Заминро дар бар мегиранд, бо хушнудӣ пазируфтанд.

Созмони Ҳамкории Шанхай дар муддати бист соли фаъолияти худ ба омили муҳимми сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии созмон торафт афзуда, ҳамзамон, равобити берунии он густариш меёбад. Фаъолияти созмон таваҷҷуҳи теъдоди бештари мамлакатҳоро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти муштараку муттасил ва самарабахши ҳамаи давлатҳои кзви, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои созмон буда, заминаи онро иҷрои сареҳи вазифаю уҳдадориҳои дар ҳуҷҷатҳои низомномавӣ инъикосёфта ташкил медиҳанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҷашни 20-солагии таъсисёбии он саҳифаи навро дар таърихи ин созмон рақам мезанад. Ва санадҳое, ки ҳоло барои тасдиқ ба ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои СҲШ омода шудаанд, дар сурати қабул гардидан, барои таъмини сулҳу субот дар ҷуғрофиёи созмон, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши муассир хоҳанд гузошт.

Гулафзо САЛИМОВА,

мутахассиси пешбари Раёсати

таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии

МТС – и назди Президенти ҶТ

Чоп кунед