ДУШАНБЕ, 26.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон–шаҳри Душанбе Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Расонаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ аз натиҷаҳои кори Саммити Созмони Ҳамкории Шанхай назарҳои гуногун ва таҳлилҳои ҷолиб ба нашр расониданд ва ин раванд дар оянда низ давом хоҳад кард.

Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ доир ба ин мавзӯъ андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин баён намуд:

-Нишасти Душанбегии СҲШ вижагиҳои худро дошт. Агар онҳоро паҳлуи ҳам гузорем, чунин ба назар мерасад:

  1. Ин ҳамоиш ҷашнӣ буд, ба 20-солагии СҲШ бахшида шуд.
  2. Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад.
  3. Ҷуғрофиёи СҲШ васеъ гардид, ба раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз бахшида шуд. Давлатҳои Қатар, Миср, Арабистони Саудӣ ба сифати шарикони муколама ба СҲШ қабул гардиданд. Шумораи давлатҳои узви СҲШ ба 21 адад расид.
  4. Ба ҳам рост омадани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай.
  5. Бори аввал дар таърихи Созмони Ҳамкории Шанхай аз натиҷаи Саммити Шӯрои сарони давлатҳо 30 қарору санадҳо қабул гардиданд. Иҷлосияи СҲШ дар шаҳри Душанбе аз ин ҷиҳат сермаҳсултарин ҳамоиш ба шумор меравад.
  6. Бори аввал дар таърихи Созмони ҳамкории Шанхай Суруди Созмон (Гимн) дар фарҷоми ҷаласа садо дод. Муалифи Суруди Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамватани мо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода мебошад. Гимни Созмонро Оркестри симфонии кинематографистони Федератсияи Русия зери роҳбарии дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Русия Сергей Скрипка иҷро намуд. Ин воқеаи фараҳбахш, ки мояи ифтихори ҳар шаҳрванд аст, бо тасмимгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
  7. Аввалин бор аст, ки мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) барпо гардид ва он пурра ба муҳокимаи қазияи Афғонистон ва тасмимгириҳои давлатҳои узви ҳарду Созмон нисбат ба таҳдиду хатарҳои он бахшида шуд.
  8. Аз натиҷаҳои фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсат дар СҲШ натиҷагирӣ карда шуд ва он чун раёсати муваффақона арзёбӣ гардид.

Барои муҳокима ва қабули қарору санадҳои дахлдор ба рӯзномаи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ масъалаҳое, монанди муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти СҲШ  тайи 20 соли фаъолият, дар бораи чораҳо нисбат ба рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус, таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қазияи Афғонистон, густариши ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ гуманитарӣ, илмӣ, технология, инноватсия, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, сайёҳӣ, варзиш, ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои дигар пешниҳод шуда буданд.

Баъди муҳокимаи сарони давлатҳо аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои пешниҳодшуда қарору санадҳо қабул гардиданд, ки шумораашон ба 30 расид.

Аз охири соли 2020 ва оғози соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҳайси Раиси Созмони Ҳамкории Шанхай ба раванди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай шурӯъ намуд ва нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд.

Санади дигари муҳим Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020–2021 мебошад, ки дар он ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ба таври зайл муқарар карда шудаанд:

  • Таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои узви СҲШ.
  • Рушди минбаъдаи «рӯҳияи Шанхай».
  • Нигаҳдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа.
  • Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ.
  • Таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеи байналмилалии СҲШ.
  • Такмили заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқии Созмон.
  • Тавсеаи афзорҳои ҳамкорӣ.

Бояд тазаккур дод, ки Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020–2021, ки 8 октябри 2020 тасдиқ шудааст, қариб  сад чорабинии гуногунсамтро дар бар мегирад. Иҷрои ҳамаи ин чорабиниҳо имкон муҳайё намуд, ки ҳамоиши сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе бомувафақият ҷараён гирад.

Мутаассифона, дар айёми ҷаҳонишавӣ дар канорҳои гуногуни олам нуқтаҳои даргир ва муташанниҷ кам нестанд. Ҷаҳонишавӣ равандест, ки дар он набудани амният дар ин нуқтаҳо эҳсос мешавад. Дар ин нуқтаҳои даргир ҷустуҷӯи роҳҳои расидан ба амният аст, ғоя аст, консепсия аст, ҳадаф аст, аммо амнияти воқеӣ нест. Ҷаҳонишавӣ арзишҳоеро, монанди суботу амният ба маснади арзишҳои волои инсонӣ мебарорад. Башарият ҳамеша ба ҷустуҷӯи амну субот машғул аст. Он ҷое, ки амну субот ҳаст, давлату миллат ҳамеша дар пайи дифоъ аз ону таҳкими он аст. Ин равандест беохиру бардавом.

Яке аз поягузорони сиёсати хориҷии ИМА Збигнев Бжезинский дар бораи СААД ва СҲШ навишта, дар наздикмуддат аз парокандашавии онҳо пешгӯйӣ мекард. Таъкид менамуд, ки ин созмонҳо дар сиёсати байналмилалӣ таъсиргузор намешаванд ва нақши мусбате бозида наметавонанд.

Воқеият имрӯз мазмуни дигар дорад. Имрӯз СҲШ ба як созмони муқтадири ҳамгироии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, коммуникатсионӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст ва дар мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ нақши сазовор дорад. Ҳамоиши Душанбе дар раванди пойдор намудани «рӯҳияи Шанхай» миёни давлатҳои узви созмон, ки хусусияти хоси онро эътимод ба якдигар, баробарӣ, эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун ва тамоюл ба рушди босуботи якҷоя ташкил медиҳанд, нақши муҳим бозӣ кард.

Дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои тезутунди бамиёномада таъсиси чунин созмони минтақавию байналмилалӣ талаботи табиист. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз муассисон  тайи 20 соли фаъолияти СҲШ дар раванди ҳамгироӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сулҳу субот дар минтақа, муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, иштироки фаъол дар ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ дар ҳудуди васеи авруосиёӣ, ҷалби сармояи иловагии берунӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар диққати махсус медод.

Нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини амнияти минтақа баъди аз Афғонистон баромадани неруҳои мусаллаҳи НАТО ва ИМА  (15 августи соли 2021 ) ва аксуламали СҲШ ба таҳдиду хатарҳои нав ба суботу амнияти давлатҳои узв ба мавзӯи калидии Саммити Душанбе табдил ёфт.

Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун созмони минтақавию байналмилалӣ вижагиҳои худро дорад. Шомил будани давлатҳои абарқудрате, ба мисли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба СҲШ имкон медиҳад, ки дар арсаи сиёсати байналмилалӣ нақши бориз дошта бошад ва дар ҳалли масоили минтақа ва ҷаҳон фаъолона мавқеъгирӣ намояд. Узвияти ин давлатҳо ба СҲШ имкон фароҳам меоварад, ки самтҳои стратегии рушд, мақому тасмимгириҳои он дар фазои зери масъулияти созмон ва муносибатҳои байналмилалӣ шоиста бошад. Мавқеъгирии СҲШ дар ҳаллу фасли масоили бавуҷудомада эҳтирому эътироф гардад.

Ҳар замон ҳадафҳои худро дорад ва ин ҳадафҳо мазмуни фарҳангии қавму миллатҳоро ташкил медиҳанд. Ивазшавӣ талаби замон аст. Иваз шудани ҳадафу арзишҳо айбу нуқсон нест, балки фазилат аст. Дар сиёсат эътирофи қудрати ҳариф фазилатест басо бузург. Вазъияти имрӯз дар Афғонистон бавуҷудомадаро мо интихоб накардаем, балки мо дар роҳи ҳалли ин мушкилот тадбирҳо андешида истодаем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ин воқеиятро бо салоҳдиди манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон тағйир дода тавонист. Ин ҷо низоми мантиқист. Мафҳуми манфиатҳои миллӣ мафҳуми калидист, ки он метавонад ба манфиатҳои давлатҳои дигар мухолиф бошад. Маҳорату санъати мутобиқ намудан, мувофиқакунонӣ ва муросои манфиатҳои давлати худ ба манфиатҳои давлатии дигар давлатҳо ва дар ин росто дарёфт намудани паҳлуҳои гуногуни ҳамкорӣ ба даст овардани сулҳу салоҳ ва муросо мебошад. Вале ин роҳи осон нест.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии босуръат, мубориза барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон аз ҷониби абарқудратҳо, дар шароити бархурди тамаддунҳо гуфтани ҳарфи муҳими фарогир, ки онро аксари давлатҳои дигар дастгирӣ намоянд, кори ҳар сарвари давлат нест, балки корест, ки танҳо аз дасти давлатмарде, чун Пешвои миллати мо меояд ва мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихор дорем, ки ин абармарди дунёи сиёсат аз табори  тоҷикон аст! Ин маҳорати ақлонию азалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Шанхай дар масъалаи калидии қазияи Афғонистон ба душвориҳо нигоҳ накарда, фазои ҳамгироии узви СҲШ-ро дар масъалаи ташкили ҳокимияти фарогир (инклюзивӣ) ба вуҷуд оваранд.

Дар қазияи Афғонистон ба ин нуқтаи фаҳмиш расидани давлатҳо ва тасмими дуруст гирифтани онҳо аз мавқеи пайгиронаи Пешвои миллати мо вобастагии калон дошт. Дар сиёсат самимият ва ростӣ касро муваффақ мегардонад. Комёбию дастовардҳои Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳон  муваффақияту дастовардҳои ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон Пешвои мост ва мо шаҳрвандон сиёсати давлатии пешгирифтаи он касро ҳамеша дастгирӣ менамоем.

Ҷаҳони имрӯз обистани рӯйдодҳову ҳангомаҳои сарнавиштсозест, ки бар асари онҳо чеҳраи ҷуғрофиёи сиёсии сайёра басо тағйир хоҳад хӯрд, қудратҳои сиёсӣ ғуруб ва қудратҳои сиёсие тулӯъ хоҳанд кард. Дар талоши пайдо кардани мавқеи сазовор давлате муваффақ мегардад, ки ҳар шаҳрвандаш бори масъулияти тақдири Ватанро ба зимма дошта бошад. Барои шаҳрванди асил Ватан қиблагоҳу хоки Ватан ҷойнамоз аст!

khovar.tj

Чоп кунед