«Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷаина медиҳад», қайд гардид дар Паёми Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри 2021, шаҳри Душанбе.
Асри XXI ба инсоният пешрафтҳои назаррас ва беҳамтое додааст, ки имрӯз онҳо барои хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳаёти ҷамъиятии инсон хизмат менамояд. Ноилгардии инсон ба барномаҳои навини иттилоотӣ ва воситаҳои истифодабарии онҳо аз ҷумлаи чунин пешрафтҳо мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аввали ҳазораи сеюм имкониятҳои аз як компютер ба компютери дигар гузаштани ахбор, матн, овоз ва сурат пайдо шудааст, инчунин, имконияти коркард, нигоҳдорӣ ва боз ба дигар нуқтаҳо интиқол додани он фароҳам омадааст.
Барномаҳои компютерӣ ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ имкони васеъ дошта, аввалан, вақтро бениҳоят сарфа мекунанд, ки дар ин маврид эҳтимолияти кам гаштани хароҷоти шахс мегардад. Дувум, муваффақияти технологӣ дар он аст, ки имрӯз ҳар як фард дар куҷое ва кадом ҳолате набошад, метавонад, ба воситаи компютер ва ё телефони мобилӣ ҷараёни фаъолияти корхонаро идора намояд. Технологияҳои итилоотию коммуникатсионӣ чунон бо суръати баланд пеш мераванд, ки тамоми навъи фаъолият ё худ ҳисобаробаркуниҳо, хизматрасониҳою иттилоот ба ҳама гӯшаи дунё дар они як лаҳза интиқол дода мешаванд. Чунин ҳолат истифодаи вақтро сарфа менамояд.
Саволе ба миён меояд, ки мушкилӣ дар чист, ки ҳамагон аз ин дастовардҳо самаранок истифода бурда наметавонанд?
Дар ҳақиқат, барои ҷавоб додан ба ин савол фикри як шахс ё як гурӯҳ одамон қонеъкунанда намебошад. Барои ҳамин дар мақолаи мазкур фикру мулоҳизаҳои гуногуни истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ ба монанди Facebook, snapchat, tviter, googlе, instagram, youtube, tiktok, opera, pinterest, rebit, linkedin, ва ғайра баррасӣ гардида, ин мушкилотро мушкилии иҷтимоӣ донистан мумкин аст.
Акнун тасавур кунед, ки наврас ҳангоми дар сомона будан, хабарҳои рӯз, пешрафтҳои иқтисодию иҷтимои дунё, садамаҳо, ихтироъоти навтарин, пухтупази хӯрокҳо, автомобилҳои навтарину гуногун, варзиш, муҳорибаҳо, ҷангҳои байнидавлатӣ, рақсу бозиҳо, фаҳшу узур, амри маъруф, тарбияҳои динию ахлоқӣ, бозиҳои гуногун (тасири бозиҳо дар мақолаи дигар чоп мегардад), мулоқоти дуру дароз бо наздикон ва ғайраи дигарро мебинад. Саволе ба миён меояд, ки ҳолати рӯҳии кӯдак кадоме аз инҳоро бардошт карда метавонад?
Мутахассисон муайян намудаанд, ки шахси дар сомонаи иҷтимоӣ кор кунанда на камтар аз 70 видеоролик, 150 сурати гуногун ва бо 30-40 нафар дар мулоқот буда, то 7-8 соати вақташро ба ҳисоби камтарин дар назди экрани телефон мегузаронад. Яъне на барои хондани дарсҳо ва ё кори дигаре, балки танҳо барои одати пайдокардаашон ки барои наврас ин ҷолибтар аз дарси назариявии омӯзгор ва насиҳати падару модар мебошад.
Дар натиҷаи суҳбат бо бештаре аз волидайнҳое, ки фарзандонашон дар сомонаҳои иҷтимоӣ аъзо мебошанд, чунин ҷавоб медҳанд: ҳама доранд, пас фарзанди ман чаро надошта бошад? Мумкин ин тақозои замон ва пешрафти технологӣ бошанд аз ҳамин лиҳоз фарзанди ман ҳам дорад. Ягон нафари онҳо ҷавоби аниқ дода наметавонанд вале намедонанд, ки чӣ қадар вақти худро онҳо бо сомонаҳои иҷтимоӣ мегузаронанду чӣ зарари иқтисодию иҷтимоӣ ба фарзандон ва наздиконашон ба бор меорад.
Агар ба атроф назар кунем, гӯё, ки мардуми дунё ошиқи экрани телефон шудааст ё ба доми ҷодуи сомонаҳои иҷтимоӣ афтодааст. Оё дуруст аст, ки модар аз фарзандаш бештар ба сомонаи телефонаш назар кунад? Оё дуруст аст толибилм нафрат ба дарс ва муҳаббат ба телефон дошта бошад? Оё дуруст аст, ки наврас одитарин мафҳумҳои дарсиро намедонаду аммо аз тамоми хабарҳои дунё ва ному насаби қаҳрамонҳои бозиҳояшон бохабар бошанд? Оё дуруст аст, ки ду се ҳазор корманди ширкатҳои бонуфузи дунё бо ҳиссиёт ва ҳаёти 5-6 миллиард одами кураи Замин бозӣ кунад? Албатта, дуруст нест, ин бози дар сомонаҳо дар ҳаёти инсонӣ ба косташавии муҳаббати бародарию, дӯстии инсонҳо боис мегарданд.
Агар мо ба ин мушкилот амиқтар назар намоем, ба хубӣ дарк менамоем, ки ин ширкатҳо на танҳо фоида, балки зарари калони иқтисодию иҷтимои низ меоваранд. Сармояи ширкатҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар даҳ соли охир 1400 маротиба афзун гардидаст, ки ин аз даромади ширкатҳои солҳои тӯлонӣ фаъолияткунанда хеле зиёд аст. Сохтори ин ширкатҳо гарчанде ба нияти беҳбудӣ бахшидан ба иҷтимоиёти мардум нигаронида шуда бошад ҳам, мақсади асосияшон даромади зиёд ба даст овардан мебошад. Барои онҳо фарқ надорад бинанда ба чи гуна мавод майл дорад, чӣ мекунад ва чӣ кор шуданаш мумкин. Муҳимаш ин аст, ки ҳаҷми калони маблағ ба ширкатҳои онҳо зиёд ворид гардад. Масалан, ширкатҳои «Facebook», «Google» ширкатҳои бойтарини рӯйи дунё ҳастанд, вале на он қадар коргари зиёд доранд. Фақат онҳо суперкомпютерҳо ва супер барномаҳое доранд ки бинандаро ҳамчун мол истифоа карда, боз аз он даромад ба даст меоранд. Яъне дар ин ширкатҳо бинанда ҳам мол ва ҳам харидори мол мебошад. Мо на танҳо вақти худро бой медиҳем, балки барои бой додани вақти худ маблағ медиҳем.
Ҳар он вақте, ки мо болои сомонаи иҷтимоӣ мешинем, бояд донем, ки моро на худамон идора мекунем, балки модели сохтаи мо дар тарафи дигари экран идора мекунад. Ҳеҷ вақт мо аз ин модел зӯртар намебошем, чунки онҳо то чӣ андоза дар кадом навъи шахсият, хислат ва кадом вазъу ҳолат доштанамонро медонанд. Яъне, барнома ё худ модели сохтаи мо медонад, ки кадом видеоро нағз мебинем, кадом вақт аз кор озодем, киро лайк мемонем, чӣ гуна мусиқӣ ва наворҳо ба мо маъқул аст. Мақсади асосии ин моделҳо аз инҳо иборат мебошад:
-дӯздани вақти бинанда ва зиёдтар нигоҳ доштани он дар назди экран;
-ҳарчи зиёдтар ҷалб намудани диққати Шумо ва дар ин раванд ҷалби дигарон тавасути шумо ва ё шиносҳои зиёд пайдо кардани шумо;
-таблиғот гузаронидан ва ба ин тарз даромад намудани маблағи иловагӣ аз ҳисоби вақти Шумо.
Дар ҳарсеи ин маврид алгаритми махсус истифода мегардад, ки ба шумо он чи, ки хоҳад нишон медиҳад, на он чизе ки мо мехоҳем. Ин ба монанди фиреби назар ё гипноз мебошад, ки ҳеҷ кас инро дарк намекунад. Чунки, барномаҳо ба тафаккурӣ шумо самт мебахшанд, онро идора мекунанд ва худи бинанда намедонад, ки чӣ мехоҳад, танҳо навори беохир омадан мегирад. Ин боис мегардад, ки дар натиҷаи зиёд тамошо кардан дар майнаи сари инсон дефамин ҷудо мегардад. Дефамин ин як навъ гармонест, ки зиёд гардидани муҳаббат ба чизе ғайр аз сомонаи иҷтимоиро монеагузорӣ менамояд.
Аз ин лиҳоз, мо дунёеро сохта истодаем, ки сомонаи иҷтимоӣ, барномаҳо ва бозиҳои маҷозӣ дар ҳаётамон мавқеи асосӣ пайдо карда истодааст. Аз ҷумла, чунин амалкард барои наврасон ва ҷавонан хатари калонеро ба вуҷуд меаварад. Ҳоло тасаввур кунед, ки мо олами маънавии бештаре аз ҷавонон ва наврасонро аз даст дода истодаем ва ин ташвиши як давлат не, балки тамоми ҷаҳонро фарогир мебошад. Чунки ин мутахасисон барномаҳоеро коркард карда баромада истодаанд, ки ба боварии шахс даромада метавонад.
Масалан, дар донишгоҳи Стендфорд мутахассисонеро омода мекунанд, ки чӣ тавр аз рӯҳи инсон фикру андешаҳо ва боварияшро гирифта, онро дар технология истифода баранд. Барои ҳамин боварии бинандаи сомонаи иҷтимоӣ ба экрани телефонаш зиёдтар аст нисбати дилхоҳ каси дигар, чунки намедонад, псхологияи ӯро ба муқобили худаш истифода мебаранд, ки яке аз онҳо Тристан Ҳарис мебошад.
Мутахассиси соҳаи технологияи иттилоотӣ Тристан Ҳарис қайд мекунад, ки дар дунё мушкилоте пайдо мешавад, ки даво ва дармон надорад. Ин мушкилоти иттилоотӣ ё технологӣ мебошад, ки инсон ба ин мушкилӣ дучор гардида, боз маблағ медиҳад. Худ қайд менамояд, ки кормандони сомонаҳои иҷтимоӣ фаъолиятеро истифода мекунад, ки онро меъёри технологӣ меноманд. Ин ба монанди як навъ дизайне мебошад, ки бо пайдо шуданаш рафтори одамро дигар мекунад.
Масалан, мо ба «Facebook» дохил мегардему чизеро дидан мехоҳем, аммо чизи дигар мебинем ва баъд поён карда, чизи дигарашро ва ҳамин тавр дигар намедонем, ки чӣ мехоҳему дуру дароз дар назди экран меистем. Дар психологияи инсон инро замимаи мусбати часпанда меноманд. Яъне намедонӣ ки чӣ мехоҳӣ, чӣ мегирӣ ва оё гирифта метавони ё не? Сабабаш дар он аст, ки инсон мағзшӯи карда мешавад ва дар тафаккури ӯ назару андешаҳои нав пайдо мешаванд, ки ин назару андешаҳо инсонро то куҷо мебаранд. Муҳандисон ва муҳандисон-психологҳо имкониятҳои барномарезӣ ва, матну наворҳоро тавре ҷой медиҳанд, ки бинанда бо тамоми ҳастию талаботаш ба телефон банд гардад.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори хизматнишондодаи донишгоҳи Гарвард, Бизнес-мактаб, муалифи китоби «Давраи сармояи нозирӣ», Шошона Зубоф мегӯяд, ки таҷрибае бо номи” реаксияи занҷирадор”вуҷуд дорад, ки мутахассисони соҳаи сомонаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз он инсонҳоро идора менамоянд. Баъдан исбот кардаанд, ки ба эҳсосоти инсон инқилоби технологӣ таъсир расонида, идоракунии одамонро ба даст мегиранд. Ин ҳам бошад, тавассути азхудкунии психологияи одамон ва зиёд кардани дефамин тавассути барномаҳои махсуси интернетӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва ворид намудани он ба майнаи сари онҳо мебошад. Агар ба таври кӯтоҳ гӯем, ин истифодаи психологияи инсон ба муқобили он аст.
Аз ин лиҳоз равоншиносон мегӯянд, ки дар оянда бо эҳтимоли ғолиб мо инсонҳо имкони ба мушкилоти вазнин дучор шуданро дорем. Албатта, вақте мо инро мушкилот мегуем кам одамҳо ба ин бовар кардан мехоҳад, чунки аллакай 50-60%-и зиндагиямон аз ҳамин вобаста мебошад. Ҳоло шумораи истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3 нафарро дар бар мегирад. Ҳар як истифодабарандаҳои сомонаҳои интернетӣ ба ҳисоби камтарин моҳе на камтар аз 50 сомонӣ сарф мекунанд. Дар як моҳ баробар ба 150 млн, сомонӣ ва дар як сол бошад ба 1,8 милиард сомонӣ танҳо барои барномаҳои интернетӣ ва аниқтараш барои сомонаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд. Акнун тасавур кунед, ки дар дунё чи қадар одамон истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ мебошанд!
Фаромӯш набояд кард, ки ояндаи мо аз имрӯзи наврасон ва фарзандонамон вобаста мебошад. Инсон худ мушкил эҷод мекунад ва боз худ роҳи ҳалли онро ҷуста меёбад: Барои лозим аст, ки:
-донистани фанҳои дақиқ ва дуруст истифода бурдани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба толибилмон ва наврасони мо имкон медиҳад, ки дар истифодаи технологияҳои муосир дуруст тасмим гиранд;
– назорати падару модар аз болои фарзанд ва истифодаи дурусти телефонҳои мобилию сомонаҳои иҷтимоӣ;
– азхуд кардани барномаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба монанди ворд, экзел, С1;
-тамоман ба шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст накардани телефонҳои ба толибилмони то сини 13 сола таалуқдошта;
-ҷалби наврасон ба варзиш, сайёҳӣ ва ташкили самараноки вақти холии онҳо, тарбияи дурусти фарзандон аз тарафи падару модар ва дигар аъзоёни оила;
-агар барои дастрас намудани маводҳои таълимӣ истифодабарии интернет зарур бошад он бояд зери назорати яке аз волидон сурат гирад. Инчунин, фаромуш набояд кард, ки агар мо имрӯз ин масъаларо назарногир дарк намоем, фардо давои ин бемориро нею давои аз ин офат баромаданро меҷӯем.
Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
муовини сардори Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ
Ғуломносирова Фарзона Мамадносировна,
коршиноси Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳавӣ