Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ стратегияи ислоҳоти куллии иқтисодиро бо мақсади таъмин намудани сатҳи баланди зиндагии мардум тавассути ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар пеш гирифт.

Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун–Обигарм–Нуробод идомаи иқдомҳои давлату ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ба шумор меравад ва он метавонанд ба самаранокии фаъолияти соҳаҳои воқеӣ ва баланд гардидани сифати зиндагии мардум заминаи устувор гузоранд. Ҳоло дар ин лоиҳаи сохтмонӣ кор дар ду марҳила бо ҷалби мутахассисони касбӣ, техникаю механизмҳои зарурии муосир ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки ин нишондиҳандаҳо ҳамчун омилҳои муҳимми рушди иқтисодиёти кишвар ба шумор мераванд, идома дорад.

Ҳамин тавр, роҳи мошингарди Роғун–Обигарм–Нуробод пойтахти ҷумҳуриро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст менамояд ва дар ин роҳ яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Бо дарназардошти аҳаммияти иқтисодию стратегӣ доштани роҳи мазкур, санаи 7-уми июни соли 2021 дар ҳузури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва бунёди роҳи мошингарди Роғун–Обигарм–Нуробод муаррифӣ гардид. Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур ба се марҳила ҷудо карда мешавад:

  1. дар марҳилаи якум зиёда аз 30 км роҳ бо ду нақби мошингард;
  2. дар марҳилаи дуюм 45 км роҳ бо як нақби мошингард;
  3. дар марҳилаи сеюм сохтмони пули мошингарди калонтарин бо дарозии 760 метр ба нақша гирифта шудааст.

Имрӯзҳо пешрафти ҷомеаи ҷаҳониро бидуни истифодаи техника, технологияи муосир, дастгоҳу таҷҳизот ва истифодаи самараноки комёбиҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоту хизматрасонӣ ва дар роҳи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ тасаввур намудан душвор гардидааст.

Бинобар ин, санаи 9-уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба НБО “Роғун” бо ҷараёни мумфаршкунии ин роҳи мошингард шинос шуданд. Бояд қайд намуд, ки сохтмони роҳи автомобилгард аз НБО “Роғун” то НБО “Шӯроб” моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида, дарозии умумии лоиҳавӣ 9,8 км-ро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа дар роҳи автомобилгард як пул бо дарозии 1593 метр ва дигар навъи корҳои роҳсозӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ, роҳи мошингард ба категорияи 4-уми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Роҳи мошингарди Роғун–Обигарм–Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартии он аз 12 то 15 метр ва канораҳои дутарафа ба 2,5 метр баробар мегарданд. Қисмати мунфаршсозии роҳи мошингард бошад, аз 7 то 10 сантиметрро ташкил намуда, дар маҷмуъ, роҳи автомобилгарди Роғун–Обигарм–Нуробод ба категорияи 3-юми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахшҳои молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба раванди сармоягузориро пайваста такмил медиҳад ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои рушд ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Гарчанде бунёди роҳи автомобилгарди Ваҳдат–Роғун–Нуробод–Рашт–Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳануз соли 2005 оғоз гардида буд ва дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 310 км роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва 138 км роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 млрд. сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст, дар ин замина, истифодаи зарфиятҳои истеҳсолию иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама, “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025” амалисозии 256 лоиҳа ба маблағи 393 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳо дар 202 лоиҳа ба анҷом расонида шудаанд, ки ин нишондиҳанда наздик ба 80 дарсади нақшаи барномаи мазкурро ташкил медиҳад.

Барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2,7 млрд. сомонӣ, аз ҷумла, аз буҷети давлатӣ 1,5 млрд. сомонӣ равона гардидааст, илова бар ин, дар ҳудуди ноҳия 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 500 млн. сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи боз 6 лоиҳа идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 123 млн. сомонӣ азхуд карда шудааст.

Дар баробари ин, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 созишнома барои татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба имзо расонида шудааст, ки маблағи умумии онҳо 459,9 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, барои таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингард равона карда мешаванд. Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун–Обигарм–Нуробод идомаи иқдоми давлату ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад ва кор дар ин масир бо ҷалби коргарони касбӣ ва техникаю механизмҳои зарурӣ бо сифати баланд ҷараён дорад.

Имрӯзҳо, дар самти таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингарди мамлакат 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи бештар аз 13,0 млрд. сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки дар ин доира, сохтмони роҳи мошингарди Роғун–Обигарм–Нуробод аз ҷумлаи лоиҳаҳои татбиқшаванда ба шумор меравад. Лоиҳаи мазкур ду марҳиларо дар бар гирифта, дарозии ин роҳ зиёда аз 76 км-ро ташкил менамояд, дар доираи ҳарду марҳилаи ин лоиҳа 14 пул ва 3 нақби мошингард бунёд карда мешавад.

Дар татбиқи марҳилаи якуми сохтмони роҳи мошингарди Роғун–Обигарм–Нуробод 457 нафар ва дар татбиқи марҳилаи дуюм зиёда аз 1451 нафар мутахассисону сохтмончиён заҳмат мекашанд, ки 90 дарсади онҳоро мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки ноҳияи Сангвор дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда, аз пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе дар масофаи 205 км дур воқеъ гаштааст ва ин ноҳия аз 5 ҷамоати деҳот – Тавилдара, Чилдара, Вахё, Сангвор, Ваҳдат ва 90 деҳа иборат мебошад, яъне сохтмони роҳ шароитеро ба миён овардааст, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷой кор ва маоши беҳтар таъмин мегарданд.

Марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмони ин роҳи мошингард, ки зиёда аз 30 км-ро дар бар мегирад, аз қитъаи Обигарм то Тагикамарро ташкил менамояд. Корҳои банақшагирифташуда дар марҳилаи якуми сохмони ин роҳи автомобилгарди хусусияти байналмилалидошта дар шакли (диаг. 1) нишон дода мешавад.

Диаграммаи 1

Корҳои банақшагирифташуда дар марҳилаи якуми сохмони роҳи автомобилгарди Роғун–Обигарм–Нуробод


(ба ҳисоби метр)

Манбаъ: Дар асоси маълумоти Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.

Дар доираи ин лоиҳа, сохтмони 5 пули мошингузар бо дарозии 466 метр, таҷдиди як пули мавҷуда, сохтмони ду нақби мошингузар, яке нақби Қандак бо дарозии 1610 метр ва дигаре нақби Қарағоч бо дарозии 1701 метр, инчунин, 167 такядевор, 73 лӯлаи обгузар бо дарозии 3300 метр ва дигар иншооти сарироҳӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Дар марҳилаи якуми сохтмони роҳ 3 қитъаи сохтмонӣ ташкил карда шудааст, ки дар ин қитъаҳо 350 нафар сохтмончиёни ватанӣ ва 107 нафар мутахассисони хориҷӣ заҳмат мекашанд. Дар марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди Роғун–Обигарм–Нуробод, ба ҳолати охири моҳи сентябри соли 2024 бештар аз 90 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии ин роҳи мошингард 45 км-ро ташкил дода, он аз км 30+217 то км 75+600 ҳудуди ноҳияи Нурободро дарбар мегирад ва мувофиқи лоиҳа дар ин роҳ сохтмони нақби мошингарди Тагикамар бо дарозии 2,6 км, 6 пули нави мошингузар, таҷдиди як пули мавҷуда ва як пули муваққатӣ пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони мазкур чор қитъаи сохтмониро дар бар мегирад.

Мувофиқи лоиҳа марҳилаи дуюми сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун–Обигарм–Нуробод сохтмон ва бунёди нақби Тагикамарро бо дарозии 2589 метр дар бар мегирад. Нақшаи корҳои сохтмониро дар марҳилаи дуюми сохтмон тавассути (диаг. 2) беҳтар мушоҳида карда метавонем.

 Диаграммаи 2

Корҳои банақшагирифташуда дар марҳилаи дуюми сохмони роҳи автомобилгарди Роғун–Обигарм–Нуробод

(ба ҳисоби метр)

Манбаъ: Дар асоси маълумоти Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.

Ҳамзамон, дар марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун–Обигарм–Нуробод бо дарозии зиёда аз 15 ҳаз. метр хатти равшаннамоӣ, 14391 метр роҳи пиёдагард, 16254 метр деворҳои ҳимоявии оҳанин, 14298 метр деворҳои ҳимоявии оҳану бетонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Роҳи Роғун–Обигарм–Нуробод дар самти ҳаётан муҳимми таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, ҳамлу нақли молу маҳсулот дар ҳама фаслҳои сол нақши муҳим дошта, татбиқи лоиҳаи сохтмони он дар мутобиқ намудани сифати роҳ бо меъёрҳои байналмилалӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ заминаи мусоид мегузорад.

Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёд амалӣ гардидаанд, ин раванд, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо асосноккунии техникию иқтисодии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ гузаронида шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки корҳоро дар самти дарёфти сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёду барқарорсозии ин роҳи мошингард тақвият бахшанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон иброз намуданд, ки ҳадафи давлату Ҳукумати мамлакат аз бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таъмин намуда, дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода, сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Бобоев Ҷурахон,
 сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед