Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи бебозгашт дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар дар самти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ки самти муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ва дар ин замина самти афзалиятнок ба шумор меравад, бахусус солҳои охир дигаргуниҳои азим ба вуқуъ омаданд.

Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 дар радифи дигар масъалаҳо ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастоварду камбудиҳои мавҷударо дар ин самт бо далелу рақамҳо таҳлил намуда, дурнамои соҳаро бо вазифагузориҳои мушаххас дар назди масъулон баррасӣ намуданд. Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар ин самт боз ҳам иҷрои тадбирҳои зиёди дигар,  афзун намудани варзишгарони касбӣ, ҷалби бештари сокинон, бахусус насли наврас ба варзиш, оммавигардонии варзиш миёни сокинон ва дар ин замина тарбияи насли солим аз вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбанд. Сарвари хирадманди давлат саломатии ҷавононро тандурустии миллат номида, ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон, тануманд ва солиму қавируҳ ба камол расондани онҳоро вазифаи муҳим ҷомеа меҳисобанд ва ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар соҳаи  варзиш, пеш аз ҳама, ташаккули тарзи ҳаёти солими насли ҷавони кишвар мебошад. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик тавонистанд дар Бозиҳои олимпии тобистона 7 адад медал ба даст оваранд, ки ин дар таърихи рушди соҳаи варзиши кишвар дастоварди беназир аст.

Воқеан ҳам, давраи истиқлоли давлатӣ ба ҳалқи тоҷик тамоми шароитҳоро барои тараққӣ додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳайё намуд. Аз ҷумла, дар бобати мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳавасмандгардонии варзишгарон қабули “Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” аз 31 декабри соли 2004, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёрии варзишӣ” аз 19 марти соли 2013, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” аз 11 январи соли 2022, “ Барномаи дурнамои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022 – 2026” аз 14 апрели соли 2022, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» аз 1 августи соли 2023 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб оид ба меъёрҳои миллии тарбияи ҷимонӣ ва саломии аҳолӣ” аз 28 апрели соли 2023 заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Тавре ҳамарӯза шоҳидем, дар кишварамон ба пешрафти соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус дода мешавад ва пайваста бо дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар ин самт тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд. Боиси хушбатӣ аст, ки танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2024 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ташкилотҳои ҷамъиятии федератсияҳои варзишии кишвар 569 нафар варзишгар, аз ҷумла 108 бонуи узви дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 28 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа, ба хазинаи варзишии кишвар 207 медал, аз ҷумла 55 тилло, 52 нуқра ва 103 биринҷӣ ворид намуданд, ки натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2023 – ум, 67 медал зиёд (12 тилло, 20 нуқра ва 35 биринҷӣ зиёд) мебошад.

Аз ҷониби дигар, бунёди иншоотҳои мӯҳташами зиёди варзишӣ, тадбирҳо бобати ҳавасмандгардонии варзишгарон, пайваста гузаронидани чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои судманд ба шумор мераванд.

Агар  то замони соҳибистиқлолӣ баҳри солимгардонии ҷомеа агар дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 1500 иншооти варзишӣ мавҷуд буд, имрӯз ин шумора 9 баробар афзудааст, яъне шумораи ин иншоотҳои варзишӣ ба 11 ҳазор наздик шудааст, ки дар онҳо наврасону ҷавонон аз навъҳои гуногуни варзиш ба машғулиятҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толори варзишӣ, 97 ҳавзи шиноварӣ, 88 маҷмааю маркази солимгардонӣ, бошгоҳҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес, билярд, ҷойи яхмолакбозӣ (каток), тенниси рӯйи миз ва клубҳои ихтиёрӣ мавҷуд мебошанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.

Барои боз ҳам рушд намудани варзиши тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти шоистаеро дар ин самт роҳандозӣ намуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Таъсис ёфтани “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” намунаи возеҳи ташаббусҳои Роҳбари давлат дар соҳаи варзиш мебошад. Ин ҷоиза, бешубҳа, масъулияти варзишгарони тоҷикро бамаротиб зиёд намуд. Ин буд, ки пас аз таъсиси ҷоизаи мазкур Парчами кишвар дар баландтарин қуллаи варзиш – Олимпиада парафшон ва Суруди миллии Тоҷикистон танинандоз гардид. Ҳамзамон , 21 июли соли 2020 кушода ва ба истифода додани “Қасри теннис ва маҷмааи обӣ”, ки дар сатҳи баланди ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ мебошад , бо мақсади баргузор намудани натанҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ беҳтарин туҳфа барои ҷавонону варзишгарон ва дӯстдорони варзиш аз ҷониби Пешвои миллат ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буд. Дар ин радиф, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати кишвар ва оммавигардонии варзиш дар байни аҳолии кишвар 1 марти соли 2016 Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” ва 21 феврали моли 2017 шабакаи телевизионии умумимиллии “Футбол” таъсис дода шуд, ки бо ҳадафҳои тарғиб намудани навъҳои варзиши олимпӣ ва пахши зиндаи бозиҳои олимпӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист тамошобинони зиёди худро пайдо намояд.

Бо илҳомгирӣ аз ин ташаббусҳои наҷиб соҳаи варзиши тоҷик ба марҳалаи нави рушд ворид гардид, зеро варзишгарони тоҷик дар аксар намудҳои варзиш ба дастовардҳое ноил гардиданд, ки дар таърихи соҳаи варзиши кишвар аввалин ҳисобида мешуд. Оғоз аз аввалин медали тиллоии Осиё аз навъи ҷудо то ба медали тиллои олимпӣ аз намуди гурзандозиро варзишгарон ба Ватан оварданд. Махсусан, медали тиллоии гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун туҳфаи арзишманд ба насли ҷавони кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Чунки бо як медали тилло Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби медалҳо дар ҷойи 54-ум ва аз рӯйи тақсими медалҳо аз рӯйи холҳо сари ҳар иштирокчӣ дар ҷаҳон мақоми аввалро ишғол намуд.

Натиҷаи дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои намоён нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Варзиш як навъи фарҳанги ҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур менамояд. Яке аз хелҳои варзиш, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва ҳамагон онро мепазиранд, футбол аст. Соли 2012-умро метавон ҳамчун соли марҳалаи нави рушди футболи тоҷик унвон намуд, зеро дар ҳамин сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2012-2016”  қабул гардид. Баъдан, Лигаи касбии футзал, Лигаи миллӣ, Фонди рушди футбол, Лигаи кӯдакону наврасон, Академияи футбол таъсис ёфтанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015-ро соли оммавияти футбол дар кишвар эълон намуд. Бо ин иқдоми бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷаҳониён ҳамчун давлати варзишпарвар эътироф гардид.

Пас аз соли 2012 мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии се қаҳрамонии ҷаҳон ва се Ҷоми Осиё ширкат кард ва пас аз ҷамъбасти марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 мунтахаби Тоҷикистон бори аввал ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт, ки бешак, як муваффақияти бузурги футболи ватанист. Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қитъа ворид шуд. Эълон шудани  25 – уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мухтарам Рустами Эмомалӣ, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карданд ва аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат ҳамовозии гарм пайдо намуда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ин муносибат ҳамоиш ва роҳпаймоиҳо баргузор шуданд.

Бо рушди футбол дар кишвар, дар пайи роҳи дуруст интихобкардаи Федератсияи миллии Тоҷикистон ба яке аз марказҳои футболи минтақавӣ табдил ёфтааст.

Дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷудо баргузор гардида, бори аввал дар таърихи ҷудои кишвар ин мусобиқа дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯй ба стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо ташкил ва баргузор гардид. Саҳифаи дигари таърихӣ дар варзиши кишвар ин интихоб гардидани шаҳри Душанбе макони баргузории чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ «ГРАН-ПРИ» (Grand Prix) буд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 300 варзишгар аз 40 давлатҳои дунё иштирок менамоянд. Баъди эълон гардидани баргузории ин чорабинии бонуфуз дар Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии ҷудо расман мусобиқаи ҷудои Гран-при Душанберо ба тақвими соли 2023 ворид кард. Маълум аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз то рӯз шароитҳои хубтар барои рушди соҳаҳои гуногуни варзиш муҳайё мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастоварди варзишгарони мо дар бозиҳои олимпии имсола дар Париж барои таърихи миллат беназир арзёбӣ мегардад. Варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 тавонистанд, 13 роҳхат ба даст оваранд. Тоҷикистон дар миёни 206 давлати иштирокчӣ мақоми 79-умро касб карда, бо 3 медали биринҷӣ қаҳрамонони мо ба ватани хеш баргаштанд, ки ин мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар кадоми мо-тоҷику тоҷикистонӣ аст. Бо итминони зиёд Роҳбари давлат иброз  доштанд, ки ҷавонони бонангу номус бо садоқати баланд, масъулият ва машқу тамринҳои мунтазам дар мусобиқаҳои дигари варзишӣ бо натиҷаҳои аз ин ҳам баланд ба Ватан бармегарданд ва шарафи Тоҷикистонро дар арсаи олам ҳимоя менамоянд.

Имрӯз мо бе муҳобот гуфта метавонем, ки Тоҷикистонро аз даврони соҳибистиқлолӣ, дар арсаи ҷаҳон бо паҳлавонони бемислаш, ки дар таърихи варзиши тоҷик исмашон бо оби зар навишта гардидааст, мешиносанд:

  1. Дилшод Назаров (соли 2016, Олимпиадаи Рио-Де-Жанейрои Бразилия, гурзандозӣ)
  2. Юсуф Абдусаломов (соли 2008, Олимпиадаи Пекини Чин, гуштии озод)
  3. Расул Боқиев (соли 2008, Олимпиадаи Пекини Чин, ҷудо)
  4. Мавзуна Чориева (соли 2012, Олимпиадаи Лондони Англия – бокси занон)
  5. Эмомалӣ Нуралӣ (соли 2023, Тошканд Гранд Слам, ҷудо)
  6. Беҳрӯз Хоҷазода (соли 2017, Бозиҳои V осиёӣ, самбо)
  7. Сомон Маҳмадбеков (соли 2024, Олимпиадаи Париж-Фаронса, ҷудо)
  8. Темур Раҳимов (соли 2024, Олимпиадаи Париж-Фаронса, ҷудо)
  9. Давлат Болтаев (соли 2024, Олимпиадаи Париж-Фаронса, бокс)

Дар давоми соли равон варзишгаронамон тавонистанд ба як қатор дастовардҳое ноил шаванд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бесобиқа ва бори аввал мебошанд:

  1. Бори аввал дар кишвар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии “Гранд-Слам Душанбе, 2024” бо иштироки 446 нафар варзишгар аз 65 давлати ҷаҳон баргузор гардид, ки варзишгаронамон 7 медал, аз ҷумла 1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд;
  2. Бори нахуст варзишгаронамон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар аз рӯйи навъи футзал ба марҳалаи нимманиҳоии чемпионати Осиё роҳ ёфта, дарёфти роҳхат ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон доир ба футзалро пайдо намуданд;
  3. Бори нахуст 6 нафар варзишари тоҷик аз риштаи ҷудо роҳхати Бозиҳои олимпии Париж 2024-ро соҳиб гардиданд, ки дар таърихи ҷудои варзишии кишвар беназир аст.
  4. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлоли аз риштаи варзиши Таеквандо варзишгарбонуи мо роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро соҳиб гардид.
  5. Бори нахуст ду нафар аз риштаи ҷудо ва як нафар аз намуди бокс сазовори медалҳои Бозиҳои олимпӣ гардида, барои таърихи варзишии кишвар таърихсозӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2024 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 210 маротиба дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгаронамон баланд бардошта шуда, 55 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ танинандоз гардид.

Бо ин роҳ боварӣ аст, ки дар оянда низ бо маҳорату малакаи варзишӣ парчамбардорони кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар муаррифӣ менамоянду бо ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ Парчами кишварро миёни дигар давлатҳо баланд мебардоранд ва саҳми худро дар рушди варзиши Ватан мегузоранд.

Маҳмадназарова Шукрона,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати
дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед