Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми солонаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (соли 2002) изҳор намуда буданд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар пояи «дарҳои кушода» омодагӣ ва барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ бо роияи усулу меъёрҳои қабул гардидаи ҳуқуқи байналхалқӣ таёр аст. Баъди эълони чунин тасмим дар самти муносибатҳои байналмиллалии Тоҷикистон такони ҷиддие ба амал омад.

Ба таърихи бистсолаи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ назар афканда, мебинем, ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёд рўи кор омадаанд. Дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлол дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти Ҷумҳурӣ бартараф кардани низои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир дошт. Тайи солҳои охир бо шарофати сиёсати «дарҳои кушода» ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори давлатӣ мо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд.

Тоҷикистон дар доираи ин сиёсат метавонад бо ҳамаи кишварҳои узви СММ дар асоси баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ва эҳтироми манфиатҳои муштарак ҳамкорӣ кунад. Қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан, Тоҷикистонро намегузорад, ки дар канори равандҳое қарор гирад, ки ба вазъи минтақа ё тамоми ҷаҳон таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар робита ба якчанд масъалаҳои асосии ҷаҳони муосир изҳори назар карда, оид ба ҳалли онҳо пешниҳодҳои амиқу даққиқ кардаанд.

Вале бояд тазаккур дод, ки то эъломи расмии сиёсати «дарҳои кушода» сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои мураккаби ташаккулро сипарӣ намудааст. Ин марҳила аз оғози истиқлол шуруъ гардида, бинобар давраи гузариш, кандашавии алоқаҳои устувори иқтисодӣ, буҳрони шадиди молиявӣ ва ниҳоят ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо душворӣ рушд менамуд.

Бо дарназардошти махсусияти рушд ва мушкилоти мавҷуда метавон ташаккули сиёсати хориҷии кишварро ба се марҳила ҷудо намуд:

Якум, давраи нисбии рушди сиёсати хориҷӣ, ки аз оғози истиқлол то соли 2002 ҷараён гирифтааст. Ин давра аз оғози истиқлол шўруъ шуда, бинобар оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба буҳрон рўбарў гаштаааст. Давраи эҳё ва рушди он бо ба сари қудрат омадани ҳукумати қонунӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.

Дар муроҷиатномаи аввалини Сарвари давлат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 1992 принсипҳои асосии сиёсати хориҷӣ инъикос шуданд, ки дар он «ворид шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси мутақобила, узвият ба соозмонҳои байналмиллалӣ, таҳкими равобит бо кишварҳои минтақа ва ИДМ» нақши муҳим дошт.

Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон тадриҷан ба Эъломияҳои байналхалқӣ дар самти равобити дипломатӣ ҳамроҳ гардид, ки узвият ба Эъломияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 дар таърихи 4-уми ноябри соли 1994 далели гуфтаҳои боло мебошад.

Ҳамзамон як қатор асноди муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ дар самти сиёсати хориҷӣ ба тасвиб расиданд, ки ба ташаккули сифатии он мусоидат намуданд.

Дар баробари ин, аз соли 2000 механизми нави муаяйнкунандаи самтҳои сиёсати хориҷӣ дар шакли Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ гардид, ки аз пешрафти сифатии сиёсати хориҷии кишвар шаҳодат медиҳад.

Дуюм, марҳилаи рушди сиёсати хориҷӣ, ки аз соли 2002 то соли 2014-ро дар бар мегирад. Дар ин давра Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2002 қабул шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ аз 2 декабри соли 2002, тасвиб гардида, асоси консептуалии сиёсати хориҷӣ ва заминаҳои меъёрии ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ ва хизмати дипломатиро ташаккул доданд.

Маҳз дар ин давра расман сиёсати «дарҳои кушода» эълон гардид, ки зарурати пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамтаро тақозо менамуданд. Ин омилҳо дар ҷанбаҳои зерин инъикос мегаштанд:

– мавқеи муҳимми стратегии кишвар, ки яке аз нуқтаҳои калидии фазои Осиёи Марказиро дар бар мегирад;

– зарурати ҳифзи истиқлоли сиёсӣ;

– аз оғози ҳазораи сеюм боло рафтани нақши минтақа дар саҳнаи байналхалқӣ, ки бо амалҳои террористӣ дар ИМА ва оғози фаъолияти эътилофи зиддитеррористӣ дар Афғонистон алоқаманд буд;

– истодагарӣ дар муқобили хатарҳои нави ғайрианъанавӣ;

– инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дўстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ дар сиёсати хориҷии кишвар;

– нигоҳ доштани тавозун дар самти афзалияти самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар;

– ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ барои эҳёи иқтисоди кишвар ва татбиқи ислоҳот дар самти рушди ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон.

Ин омилҳо ба эъломи сиёсати «дарҳои кушода» мусоидат намуданд, ки омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалиро ташкил медиҳад.

Марҳилаи сеюм аз соли 2014 оғоз мегардад. Тағйиротҳои муҳимми муносибатҳои байналхалқӣ ва осебпазирии кишварҳои миллӣ дар солҳои 2013-14 воқеияти навро возеҳ намуданд. Дар ин самт, бо назардошти таъмини манфиатҳои миллӣ зарурати инъикоси арзишҳои нав дар консепсияи сиёсати хориҷӣ ба миён омаданд. Ин арзишҳо вокуниш ба воқеиятҳои муосир ба хотири ҳифзи истиқлол ва пайгирӣ аз сиёсати мутавозини хориҷӣ буданд. Маҳз ба ҳамин хотир Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим менамояд.

Ҳамзамон, ба Қонун дар бораи хизмати дипломатӣ баъзе тағйиротҳо ворид шуда, (аз 31 декабри соли 2014) моҳият ва мундариҷаи он мукаммалтар гардиданд.

Новобаста аз муваффақ будани сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўёрӯи якчанд хатарҳои муосир қарор дорад, ки устувории рушди минбаъдаи он аз пешгирӣ ва вокуниш нисбати онҳо вобаста мебошад:

– тағйиротҳои бунёдӣ дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ бо ивазшавии усулҳои рақобати абарқудратон ва минтақаҳои геополитикӣ;

– зуҳури ғояҳои нави ифротӣ ва иртиҷоӣ, аз қабили ифротгароии динӣ, миллатгароии нав (неофашизм) ва осебпазирии давлатҳои миллӣ, терроризми дорои инфрасохтори давлатӣ ва худкифо (аз раванди ҷаҳонишавӣ бештар созмонҳои ғайридавлатӣ ва террористӣ истифода бурда, мутобиқ шудаанд);

– таъсири манфии хатарҳои иттилоотӣ (шустушўи мағзҳо, ҷалби ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурўҳҳои ифротӣ ва паҳн намудани ғояҳои ифротии динӣ);

– побанд нашудан ба таъсири геополитикии кишварҳои абарқудрат ва гайра.

Татбиқи боз ҳам муваффақонаи сиёсати дарҳои кушода дар оянда, низ аз дарки вокеъбинонаи хатарҳо болозикр сахт алоқаманд мебошад.

Муродов Муҳаммад,

мутахассиси Раёсати таҳлил

 ва ояндабинии сиёсати хориҷии

МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағоймуродов Некрӯз,

мутахассиси Раёсати таҳлил

 ва ояндабинии сиёсати хориҷии

МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед