Рӯзи 19 ноябри соли 2019 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми миллӣ дар мавзӯи “Вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон”-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону мутахассисон, коршиносон ва рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат доштанд.

Сипозиумро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парвиз Муҳаммадзода кушода, баргузории чунин ҳамоишро муҳим арзёбӣ карда, ба иштирокчиёни нишаст барори кор орзу намуд.

Баъдан директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода сухани ифтитоҳӣ ироа намуда, тазаккур дод, ки маҳз дар Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани аввалин Симпозиуми миллӣ дар мавзӯи “Вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон” рӯйдоди басе рамзист, зеро Маркази мо муҳимтарин ё шояд, ягона маркази фикрию таҳлилиест, ки ба таҳлилу сиёсатшиносии амалӣ бевосита ҳамчун масъулияти хизматии худ машѓул мебошад. Тайи солҳои фаъолияти Марказ мутахассисони он маҳз ба таҳлилу баррасии равандҳои ҷории сиёсӣ ва оянданигарии амалӣ дар самтҳои гуногуни рушди кишвар машѓуланд. Аммо аҳаммияти махсуси ин чорабинӣ дар он аст, ки имрӯз бори аввал мавзӯи вазъият ва рушди сиёсатишиносии амалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври алоҳида, дар доираи як симпозиум баррасӣ мегардад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҳамоиши имрӯза на танҳо як чорабинии илмию назариявӣ, балки як нишасти муҳим барои мушаххас намудани роҳу усулҳои ташаккули равандҳои сиёсӣ ва афзалияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маврид ба таъкид аст, ки истиқлолияти сиёсӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни ҷамъиятии хешро дар асоси талаботи ҷомеа ва манфиатҳои миллии худ муайян намоем ва онҳоро дар сиёсати давлатии худ амалӣ гардонем. Ҳамаи ин дар назди илми сиёсатшиносӣ низ вазифаҳои мушаххасро мегузорад.

Сиёсатшиносии амалӣ аз сиёсатшиносии назариявӣ, пеш аз ҳама, бо он ҳадафҳое, ки мутахассисони соҳа онро дар пеши хеш гузоштаанд, фарқ мекунад. Агар дар сиёсатшиносии назариявӣ ҳадаф рушди илм ва коркарди назариявии масъалаҳо бошад, пас дар сиёсатшиносии амалӣ мақсад таҳлилу ташхиси вазъияти амалии ҷомеа мебошад. Ҳадафи сиёсатшиносии амалиро ҳарчи бештар ҳаллу фасл намудани масъалаҳои муҳимми ҷамъиятӣ ва пешниҳод кардани роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ташкил медиҳад.

Фаромӯш набояд кард, ки дар раванди тамоми тадқиқоту таҳлилҳо ҳама гуна масъалаҳо аз ҷониби муҳаққиқон бояд дар доираи манфиатҳои миллӣ сурат гирад. Ба инобат гирифтани чунин ҷиҳати масъала ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳои бузурги миллии худ ва рушди устувор ноил гардем.

Дар назди ҳозирин мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад суханронии табрикӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки аҳамияти ҳар конфронс, мизи гирд ё симпозиумро, пеш аз ҳама, мавзӯи он муайян мекунад. Бинобар ин, бо таваҷҷуҳ ба мавзӯе, ки имрӯз дар ин ҳамоиш баррасӣ мешавад, метавон гуфт, ки чорабинии имрӯза як нишасти муҳим барои мушаххас намудани роҳу усулҳои ташаккули равандҳои сиёсӣ ва афзалияти онҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки на танҳо рушди сиёсатшиносии амалӣ, балки худи рушди сиёсатшиносӣ ҳамчун фанни алоҳидаи таълимӣ ва илми алоҳидаи мустақил барои ҷомеаи мо раванди нисбатан нав аст, зеро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва як қатор давлатҳои дигари сотсиалистӣ сиёсатшиносӣ ба сифати фанни мустақил ва шохаи алоҳидаи илм эътироф намегардид ва он ҳамчун илми буржуазӣ дониста мешуд. Масъалаҳои алоҳидаи илмҳои сиёсӣ дар доираи фанҳои коммунизми илмӣ, материализми таърихӣ, таърихи ҲКИШ (КПСС), назарияи давлат ва ҳуқуқ, атеизми илмӣ ва ғайра омӯхта мешуданд. Баъди солҳои 1980 дар Иттиҳоди Шӯравӣ раванди бозсозӣ оғоз гардида, дар он давра анҷом додани таҳқиқоти сиёсӣ имконпазир гардид. Танҳо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ва фанни мустақил эътироф шуд.

Албатта, агар ба ин масъала аз назари таърихи афкори сиёсии халқи тоҷик ва таърихи давлатдории миллии Тоҷикистон назар кунем, илми сиёсат ва таҳлили равандҳои амалии сиёсӣ дар фарҳанги мо собиқаи тӯлонӣ дорад. Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки ҳам дар давраи бостон, ҳам дар асрҳои миёна ва ҳам дар давраи маорифпарварӣ, мутафаккирон ва давлатмардони мо на танҳо таҳлилҳои амиқи сиёсӣ, балки рисолаҳои бузурги сиёсатшиносӣ ба ҷой гузоштаанд, ки дар онҳо вазъи сиёсии замони худашон таҳлилҳои амиқ ёфтааст. Дар ин радиф фақат ҳамчун намуна аз рисолаи “Тадбири манзил”-и Ибни Сино, “Сиёсатнома”-и Низомулмулк, “Чаҳор мақола”-и Арӯзии Самарқандӣ, “Наводир-ул-вақоеъ” ва “Рисолаи таърихӣ”-и Аҳмади Дониш ёдовар шудан мумкин аст. Гарчи бо тақозои замон ва муҳит забони ин рисолаҳо гоҳе бадеиву гоҳе рамзист, аммо таҳлилҳои сиёсии онҳо бисёр воқеъбинона ва амалгароёна мебошанд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси маркази таҳлиливу фикрии давлат ҳамеша дар ташкил намудани конфронсу симпозиумҳои милливу байналмилалӣ ва баррасӣ намудани масъалаҳои гуногуни ҷомеа нақши муҳим дорад. Чун анъана дар Маркази тадқиқоти стартегӣ ташкили ҳар як нишасти илмӣ мушаххас ва мақсаднок сурат мегирад. Маҳз баргузории симпозиуми имрӯза низ аз ҷониби Маркази тадқиқоти стартегӣ ҳадафмандона ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин гуфтаҳо қайд кардан зарур аст, ки пайгирии мавзӯъҳои имрӯза барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи сиёсатшиносии амалӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ҷаҳон соҳибистиқлол буда, дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ рушд карда истодааст. Аз ин хотир, барои Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ташаккул ва рушд додани мактаби сиёсии ватанӣ хеле муҳим аст. Маврид ба таъкид аст, ки истиқлоли сиёсӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки соҳаҳои гуногуни ҷамъиятии худро дар асоси талаботу манфиатҳои ҷомеаи худ муайян намоем ва онҳоро дар сиёсати давлатии худ амалӣ гардонем. Воқеиятҳои сиёсии ҷаҳонӣ, бархӯрди манфиатҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва низоъҳои минтақавию дохилии давлатҳои ҳамҷавор бори дигар собит менамоянд, ки мақоми илми сиёсӣ, махсусан сиёсатшиносии амалӣ ва субъектҳои он, барои таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз хатару таҳдидҳо муҳим аст. Чунки субъектҳои сиёсатшиносии амалӣ дар ҷомеа асосан ба омӯзиши афкори ҷомеа, пайгирии ҳодисаву равандҳо, технологияи сиёсӣ, пешгирии низоъҳо ва омӯзиши онҳо, омода намудани барномаҳои махсуси рушди сиёсати давлат машғул буда, дар ин самт масъулияти бузург доранд.

Сипас ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз  дар мавзӯи “Сиёсатшиносии амалӣ: барои кӣ ва барои чӣ?”,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин  Абдусалимзода дар мавзӯи “Иттилоотонии сиёсати ҷавонон дар ҷомеаи муосир”, раиси Ассосиатсияи миллии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавзӯи  “Ассосиатсияи миллии Тоҷикистон: омилҳои ташаккул ва фаъолияти он”,  дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қуддусӣ Хуҷамурод Сафарализода дар мавзӯи “Нақши сиёсатшиносии амалӣ дар раванди таҳқиқоти сиёсӣ”,  дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулғанӣ Маҳмадазимов дар мавзӯи “Ташаккули таҳлили сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва дигарон суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърӯзаҳои ироашуда озодона фикру андешаҳои худро баён карданд. Маърӯзачиён ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Симпозиуми миллиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода  натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

  Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти  стратегии   назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед