Истифода нагардидани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар муқобили кишварҳои ҳамсоя ва устувор мондан бар пояи сиёсати сулҳҷуёна дар муносибатҳои хориҷӣ қавитарин нукта ва мавқеи устувори Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ аст, ки чунин мавқеу ҳадаф бори дигар зимни баргузории санҷиши омодабошии ҷангии “МАРЗ-2021”, ки санаи 22.07.2021 доир гардид, аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ненерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “…қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем”. Албатта, ин ҳолат мавқеи равшан ва сиёсатгузории сулҳмеҳвари Пешвои миллат аст, ки тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва мардум онро эҳтиром, эътироф, бовар ва пайгирӣ менамоянд. Ин воқеият аст ва зимни баргузории санҷиши омодабошии ҷангии “МАРЗ-2021” чунин ҳолат ба таври васеъ мушоҳида гардид.
Воқеан дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон баргузор гардидани чунин як чорабинии сатҳи бузург бо тантанҳои миллии ҳувиятсоз омиле гардид, ки дидгоҳи мушаххас ва воқеиву стратегӣ дар мавриди тоҷикон ва давлатории миллӣ, муносибати мардум дар масъалаи ҳимояи марз ва пайвандии он бо ҳастии миллат ба вуҷуд ояд. Аз ҳамин лиҳоз муҳим аст, ки чанд нуктаи мушаххасро дар мавриди шукӯҳи баргузории чорабинии санҷиши омодабошии ҷангии “МАРЗ-2021” баён намоем.
Нуктаи аввал ин аст, ки ин чорабинӣ аз нигоҳи равонӣ ва тантанавӣ тамоми шаҳрвандони кишварро фаро гирифта буд ва он бо 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ маҳдуд набуд. Агар ба таври мустақим дар ин чорабинӣ теъдоди 230 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ ширкат намуда бошанд, ҳамчунин дар баробари онҳо дар паси экранҳои телевизиону шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар ҳар як хонаи тоҷик, хурду бузург, зану мард баробари онҳо қадам мезаданд, ифтихор менамуданд ва ҳувияти миллии худро таҳким мебахшиданд. Яъне, аз нигоҳи фарогирии равонӣ ва тантанавӣ чорабинии “МАРЗ-2021” тамоми шаҳрвандони кишварро дар бар гирифт.
Нуктаи дуюм ин аст, ки санҷиши омодабошии ҷангии “МАРЗ-2021” бори дигар собит намуд, ки мардуми Тоҷикистон муттаҳид гардида, ваҳдати миллӣ ва ягонагиро омили асосии пешрафти худ қарор додаанд. Мавҷ-мавҷ ҳаракату қадмзании хурду бузург аз Бадахшон то Зарафшон ва аз Хатлон то Хуҷанд аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳам ваҳдати миллӣ таҳким ёфтааст ва ҳам миллат барои муҳофизати марзи Тоҷикистон омодааст. Албатта, зуҳури доираи васеъи шаҳрвандон дар майдони номус ва сангари ҳифзи Ватан кафолати ояндаи босубот ва дурахшони мамлакат аст.
Нуктаи сеюм ин аст, ки Тоҷикистон зарфияти азими мудофиавӣ ва қудрати кифояи мубориза бо ҳар гуна хатару таҳдидро доро аст. Дар чорабинии «МАРЗ-2021» истифода гардидани 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ далели гуфтаҳои болост. Новобаста аз он, ки имрӯз вазъияти амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ноором аст ва эҳтимоли таъсири манфии он ба кишварҳои Осиёси Марказӣ вуҷуд дорад, гуфтан мумкин аст, ки давлати мо иқтидори кифоя барои ҳимоя ва ҳифзи марзи Тоҷикистонро дорад. Чорабинии «МАРЗ-2021» маҳз шаҳомати устувории давлатро нишон дод.
Ҳамин тавр, бо дарназардошти тантанаҳои омодагии чорабинии «МАРЗ-2021» таъкид намудан мумкин аст, ки имрӯз ҳам ниҳодҳои қудратӣ ва ҳам мардуми Тоҷикистон барои муҳофизати сарҳади кишвар, ҳифзи тамомияти арзӣ, таҳкими истиқлолу субот ва таъмини амнияти миллӣ пурра омодаанд.
Алиназар Ашуров,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон