Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки дирӯз, 18 октябр дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард, барои табодули андешаву назарҳо, таҷриба, таҳлили манбаъҳои хатару таҳдидҳо ва андешидани тадбирҳои мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ хеле судманд ва самарабахш аст. Ин чорабинии байналмилалӣ боз як майдони дигари сатҳи баланд барои пешниҳодҳо, тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз вабоҳои аср – терроризму экстремизм гардид. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ шинохта шуда, ин ибтикорҳо ба шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд.

«Бори сеюм аст, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шудани ҳамоишҳои сатҳи баланд дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ гувоҳи эътирофи мавқеи пешсафона ва ташаббускоронаи кишвари мост. Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои узви СММ тавассути иштирок дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд ташаббусҳои Тоҷикистонро алайҳи мубориза бо терроризм ва экстремизм дастгирӣ менамоянд. Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд мутахассисон, коршиносону таҳлилгарон, ходимони сиёсию давлатӣ, намояндагони СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупою дигар созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои афкори омма расонаҳо иштирок доранд. Дари ин нишаст тавсеаи ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии ҳаракати террористҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ дар бобати таъмини амният ва мудирияти сарҳад, адолати судӣ ва табодули иттилоот мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва паноҳандагон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Қазияи Афғонистон низ яке аз масъалаҳои рӯзномаи ин нишаст ба шумор мерафт. Сабабу омилҳои ба тундгароӣ ва терроризм мусоидаткунанда аз ҷониби намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мавриди баҳс ва ҳаллу фасл қарор гирифтанд.

Аз натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул мегардад, ки арзишманд ва хеле муҳим аст.

Бояд тазаккур дод, ки дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳм гирифт. Мутахассисон ва коршиносони ин ниҳоди муҳимми давлатӣ як қатор мақолаву матолиби ҷолиб ва арзишмандро дар ҳошияи ҳамоиши номбурда дар матбуоти давлатӣ ба нашр расониданд ва тавассути телевизион, радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар намуданд. Инчунин, мутахассисони Марказ дар рӯзҳои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд гӯшаеро бо маводҳои муҳим, аз ҷумла китобу маҷаллаҳо, банеру тасвирҳои ранга, наворҳо, аксҳои ҷолиб ва ғайра ҷиҳозониданд ва манзури иштирокчиёни ҳамоиш намуданд. Дар намоишгоҳ чандин китобҳои таълифнамудаи кормандони Марказ дар боби экстремизму терроризм, оқибатҳои даҳшатовари онҳо ва тарзу усулҳои мубориз бо ин вабоҳои аср ва дигар мавзуъҳои марбута ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар қатори дигар ғурфаҳои намоишгоҳ гӯшаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шавқ ва таваҷҷуҳи зиёд тамошо карда, дар китоби қайди намоишгоҳ таассуроти худро сабт намуданд.

Роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ минбаъд низ дар баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ фаъолона саҳмгузорӣ намоянд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед