Имрўз ҷаҳон дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ, бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ, авҷи ҷангҳои иттилоотӣ ва инчунин, суръати баланди рушди техникаю технологияи навин қарор дорад. Ин шароит давлатҳоро маҷбур месозад, ки бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳон сиёсати давлатӣ ва барномаҳои рушдро таҳрезӣ ва амалӣ созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба вазъи имрўзаи минтақаю ҷаҳон дар доираи манфиатҳои миллӣ сиёсати давлатии худро ба роҳ мондааст ва амалишавии он дар кишвар ба ҷавонон вобастааст, зеро онҳо аксари аҳолиро ташкил медиҳанд. Дар робита ба ин, дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҷавонони солиму ояндасоз ва саривақт амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавонон ҳадафи кор аст.

Вобаста ба ин, сиёсати давлатии ҷавонон танҳо як ҷузъи муқаррарии сиёсати давлатӣ набуда, балки фаротар аз он, ба муҳимтарин унсури он табдил ёфтааст, зеро амалишавии қариб тамоми самтҳои муайянгардидаи сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба ҷавонон вобастааст. Аз ин рў, тарбия намудани чавонони солиму ояндасоз дар руҳияи худшиносию ҳувияти миллӣ рисолати асосии давлат буда, ҷавҳари сиёсати давлатиро ташкил медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон баҳри комёб шудан ба ин хадаф  шароит ва омилҳои таъсиркунанда барои тарбияи насли наврас нақши калидӣ мебозанд. Имрўз аз ҷониби давлату ҳукумат шароити хеле хуб баҳри тарбияи насли солими ҷомеа фароҳам оварда шудааст:

Якум, қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки санади мутобиқ ба талаботи замон ва тақдирсоз буда, дар таълиму тарбияи насли наврас мақоми басо зиёд дорад ва  такони ҷиддие ба масъалаи ҳамкорӣ мактаб бо оила бахшид. Қонуни мазкур тавонист, то як андоза дар чаҳорчубаи муайян волидонро дар тарбияи фарзандон вазифадор созад ва дар ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориҳо тибқи қонунгузории кишвар ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Чунин ҳолат шароитеро муҳайё сохт, ки дар тарбияи насли наврас мақоми хосса доранд.

Дуюм,  бунёди зиёди муассисаҳои то мактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва коллеҷҳои мутобиқ ба стандартҳои имрўзаи ҷаҳонӣ. Чунин  шароит барои тарбияи насли солиму ояндасоз таъсири хеле калон расонида, тавассути он насли имрўза бартарият нисбат ба наслҳои гузашта пайдо намудааст. Насли навраси имрўзаи кишвар аз истифодаи аксарияти таҷҳизоту техникаҳои муосир бархурдор буда аз уҳдаи истифодаи он низ мебароянд.

Сеюм, квотаҳои президентӣ барои ҷавонписарону ҷавондухтарони деҳот барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, курсҳои кӯтоҳмуддати забономўзию касбомўзӣ дар шакли ройгон ва пулакӣ, ҳамчунин, бунёди иншооти варзишӣ барои ҷавонон ва дигар шароитҳои арзандае, ки давлат барои шаҳрвандон фароҳам овардааст, дар тарбияи насли наврас ва омодасози кадрҳои болаёқат нақши хос мебозанд.

Чаҳорум,  дастгирии бевоситаи ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат барои ҳалли тамоми проблемаҳои онҳо (ҳамчун сардори Шўрои ҷавонони кишвар), дастгирии ҷавонон барои ишѓоли мансабҳои баланди давлатӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар корҳои сиёсию иҷтимоии кишвар шаҳодат аз бедор сохтани ҳисси ватандўстию миллатдӯстӣ ва дур гаштани онҳо аз корҳои ношоиста мебошад.

Дар баробари шароитҳои арзандае, ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи насли солиму ояндасоз фароҳам овардааст, омилҳои дигари таъсиррасон ба дар ин самт вуҷуд доранд:

Якум, оила ҳамчун омили таъсиррасон дар тарбияи насли солиму ояндасоз мақоми калидиро соҳиб аст, зеро қадамҳои аввалини тарбия аз оила оѓоз меёбанд. Вале, мутаассифона,  на хама оилаҳо дар кишвар оилаҳои солиманд. Аз ин рў, муҳити оилаҳои носолим ба тарбияи насли солими ҷомеа то як андоза таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи зиёд нисбат ба оила, махсусан, ба оилаҳои ҷавонон, равона кардааст.

Дуюм, мактаб (рафтору фаъолияти омўзгорон) яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба тарбияи насли наврас аст.  Дар замони муосир вазифаи асосии омўзгор аз он иборат аст, ки барои инкишофи тафаккури кудакону наврасон, ташаккули рӯҳияву равонии онҳо, дарки зебоӣ, донистани технологияи муосир, омухтани хулқу атвори баланди инсонӣ, гуманизм, нафрат ба хиёнату беадолатӣ ва дигар амалҳои ѓайриинсонӣ саъй намоянд. Дар сурати пайдо шудани савол аз ҷониби хонанда, махсусан, доир ба масъалаҳоидоғи рӯз, омўзгор орому сабурона тавонад бо ҷавоби худ хонандаро қонеъ созад.

Пеш аз ҳама, ҳамчун инсони боахлоқу бомаърифат бо рафтору гуфтор, одоби либоспушӣ ва тозагиву озодагӣ на танҳо барои шогирдон, балки барои ҷомеа намуна будани омўзгор тақозои замон аст. Яъне фазои мактабӣ дар рафтору фаъолияти омузгорон таҷассум гашта, онҳо чун субъекти асосии таъсиррасон дар  тарбияи хонандагон нақши муҳим мебозанд.

Сеюм, кўча (дўстону рафиқон) омили дигари таъсиррасон ба тарбияи насли солиму ояндасоз мебошад. Кӯдак ё ҷавон дар кўча бо кӣ бозӣ мекунад? Бо кӣ ҳамеша дар суҳбат аст? Яъне муҳити дўстию рафиқӣ дар миёни ҷавонон дар шаклгирии шуури онҳо нақши калон мебозад. Агар дӯстон шахсони  солим бошанд, барои баркамол гаштани шахси солим ва агар бадахлоқ бошанд, ба ташаккули кирдорҳои бадӣ мусоидат мекунад.

Чаҳорум, дар шароити имрўзаи ҷаҳон ВАО хамчун омили таъсиррасон дар шаклгирии мафкураи ҷавонону наврасон тариқи паҳнамои иттилоот  ҷойгоҳи хоса доранд. Имрўз фазои иттилоотии ҷумҳурии моро 446 рўзномаю маҷалла, 44 шабакаи радиову телевизион мунтазам бо хабару намоиш ва мусиқию филмҳои гуногун пур намуда, нақши онҳо дар ҳаёти ҳаррўзаи ҷавонон, дар шаклгирии шуури онҳо, ташаккули фарҳангу маънавиёт ва рафтору муносибати онҳо баръало эҳсос карда мешавад.

Панҷум, сомонаҳои интернетӣ. Бо пайдо шудани робитаи кайҳонӣ  имрӯз дар кураи замин воситаи нави паҳн намудани иттилоот ба вуҷуд омадааст, ки аз ҷумлаи онҳо интернет мебошад. Сомонаҳои интернетӣ омили асосии таъсиррасон дар тарбияи насли наврас дар шароити имрўзаи ҷаҳон ба шумор мераванд. Таваҷҷуҳи бештари ҷавононро имрўз сомонаҳои интернетӣ ба худ ҷалб намуда, аксари онҳо дастрасӣ ба онро доранд. Сомонаҳои интернетӣ ҳамчун як унсури  бузурги таъсиррасон метавонанд рафтор ва ҷаҳонбинии ҷавононро дигар созанд. Самаранок истифода намудани сомонаҳои интернетӣ дар тарбия ва баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии ҷавонон ҷойгоҳи махсусро сохиб аст.

Ҳамчунин, омилҳои дигаре мавҷуданд, ки дар тарбияи насли солими ҷомеа монеъаҳоро ба вуҷуд меоранд:

Якум, фаро нагирифтани қисми зиёди ҷавонон ба таҳсил ва ба ҷойхои кори доимӣ. Даст задан ба корҳои ҷиноӣ ва амалҳои ѓайириинсонӣ, инчунин, дар онҳо бедор шудани фикрҳои ифротӣ аз банд набудани ҷавонон ба ягон коре пайдо мегардад.

Дуюм, фаъолияти фаъоли гуруҳҳои ифротию террористӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ. Ин омил, ки монеаро барои тарбияи насли солиму ояндасоз эҷод менамояд, вобаста ба ин аз меъёр зиёд банд будани ҷавонон ба сомонаҳои интернетӣ мебошад. Гурӯҳҳои ифротию террористӣ аз ин ҳолат хуб истифода намуда, бо роҳҳои гуногун онҳоро тӯъмаи фиреби худ ва ба гуруҳҳои хеш шомил месозанд.

Сеюм, дур мондани фарзандон аз табияи падару модар. Дар замони муосир  муҳоҷират ҷомеаи башарро ба ташвиш овардааст. Имрўз ҷомеаи моро низ раванди муҳоҷират фаро гирифтааст, ки барои тарбияи насли наврас таъсири манфӣ низ мерасонад. Яъне дар баъзе аз оилаҳои кишвар ба мушоҳида мерасад, ки падар ва ё модар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва чунин раванд боиси дур мондани фарзандони онҳо аз тарбияи волидон мегардад. Чунин фарзандон метавонанд дар оянда барои оромии ҷомеа монеа эҷод созанд.

Барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт амалисозии чунин пешниҳодҳоро  афзал  мешуморем:

  1. Рўйхати мактабачагоне, ки баъд аз синфи 9 аз мактаб мераванд, ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шуда, барои ҷалби онҳо курсҳои кутоҳмуддати касбомўзӣ, клубҳои варзишӣ, инчунин ба корҳои доимӣ тадбирҳо андешида шаванд.
  2. Баланд бардоштани музди моҳонаи аскарбачагон ҳангоми хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ. Ба ин васила метавон ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуда, онҳоро барои ҳифзи Ватан омода кард.

        Шоҳрухи Ҷаббор,

        мутахассиси пешбари Раёсати

        таҳлил ва ояндабинии сиёсати

        дохили Маркази тадқиқоти стратегӣ

Чоп кунед