Аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, бо сокинони шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Б. Ғаффуров ва Зафарободи вилояти Суғд, инчунин дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардид.
Дар рафти сӯҳбату вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу тарғиб қарор гирифт. Дар ин радиф, вобаста ба масъалаҳои шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагии кишвар, одоби шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии гендерӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гуруҳҳои экстремистию террористӣ, содиршавии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон, риояи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи насли наврас, инчунин, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба вазъи ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ, низ изҳори назар карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯриҳо, зимни музокираҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои болозикр аз сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуда, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ иброз намуданд, ки дастуру вазифаҳои дар Паёми имсола ироагардидаро сармашқи кору фаъолият қарор дода, дар минбаъда рушду равнақи соҳаҳои мамлакат саҳми муносиби худро мегузоранд.
Мавриди зикр аст, ки чунин суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар тибқи нақша идома дорад ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти Марказ роҳандозӣ шудааст.
Суратгузориш аз рафти вохӯриҳо бо сокинон дар шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Б. Ғаффуров ва Зафарободи вилояти Суғд, инчунин дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт.
Хадамаоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон