Пешгўйӣ, ояндабинӣ (прогностика), ки дар илми муосир мавқеи устуворро касб карда, ояндаро тавассути истифода аз методҳои илмӣ ё ба шарофати бунёди модели илмии ҳодиса ва зуҳуроти оянда дар назар дорад ва одатан, тавассути экстраполятсияи равандҳо ва тамоюлоти технологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуқўъ мепайвандад, имрўз баъд аз эълон гаштани карантини умумиҷаҳонӣ бар асари пандемияи коронавирус ба мушкилоти моҳиятӣ рўбарў гаштааст. Тамоми созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавию миллӣ, ки ба пешгўйии равандҳо машғул буданд, муътақид бар онанд, ки вазъи имрўза бо тарзи зуҳури худ дар таҷрибаи ду садсолаи охири инсоният назири худро надошта, ояндабиниро дар тамоми соҳаҳо душвор ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ғайриимкон гардонидааст.

Дар ҳақиқат ҳам, имрўз баъзе моделҳои ташхису пешгўиҳо нуфузи худро аз даст додаанд. Дар ин росто ҳатто муайянсозии болоравӣ ё пастшавии маҷмўи маҳсулоти дохилии (ММД) кишварҳо, ки то ҳол барои мутахассисону коршиносон як воситаи муқаррарии ояндабинӣ ба ҳисоб мерафт, ба як усули хеле тахминию эҳтимолӣ табдил ёфта, метавонад вазъи бавуҷудояндаро барои ояндаи наздик ва ё дурнамо ба таври воқеӣ инъикос карда натавонад. Аз ин рў, аз ҷониби коршиносон тавсия дода мешавад, ки вазъ мунтазам таҳти назорату мушоҳидаи амиқ қарор гирифта, бе майл ба ягон ҳолати хавфу тарс ё воҳимаву таҳлука умед бар он карда шавад, ки ҳамаи ин рўйдодҳои буҳронӣ сабабгори оғози марҳалаи нав дар рушди инсоният мегарданд. Ба ибораи дигар, хушбин будан дар баҳогузории ояндаи наздик бояд ба як ҷузви ҳама гуна пешгўиҳои тамоюлоти технологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии бар асари пандемияи сартосарӣ бавуқуъпайваста табдил ёбад. Дар робита бо ин, дар поён кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки дар асоси шарҳи баъзе пешгўйиҳои коршиносони кишварҳои гуногун чанд хулосае доир ба ҳаёти инсоният баъд аз анҷоми пандемия ё чунонки маъруф гаштааст – “ҳаёт баъд аз коронавирус”  пешниҳод карда шавад. Дар ин зимн ҳар гуна пешгўйиҳое, ки ба конспирология такя менамоянд ва ё ба таври радикалӣ масъалагузорӣ мекунанд, ба эътибор гирифта нашудаанд.

Мавриди зикр аст, ки пандемияи коронавирус, ки тамоми сайёраро фаро гирифт, ба андешаи мутахассисон, беш аз ҳама ба як қатор соҳаҳо таъсири манфӣ расонид, ки метавон онҳоро дар маҷмуъ ба ду гуруҳ тақсим намуд: 1) дар соҳаи макроиқтисодӣ – паст намудани ҳама гуна нишондиҳандаҳо дар ояндабиниҳои иқтисодӣ, ки аз ҷониби созмону ташкилоти гуногуни миллию байналмилалӣ гузаронида мешаванд; бенизомӣ дар бозорҳои фондӣ; кам гаштани даромаднокии коғазҳои бурднок; 2) дар соҳаҳои мушаххаси иқтисодиёт–паст гаштани фаъолнокии умумии истеҳсолӣ; паст рафтани нархи нафт; коҳишёбии соҳаи хизматрасонӣ, аз ҷумла, соҳаи тиҷорат; коҳиш ёфтани соҳаи сайёҳӣ ва амсоли он.

Барои аёнияти гуфтаҳои боло баъзе нишондиҳандаҳои иқтисодиро ҳамчун мисол меорем. Аз ҷумла, пешбинӣ шуда буд, ки болоравии иқтисодиёти Чин, ки яке аз занҷираҳои муҳимтарини иқтисоди ҷаҳонӣ аст, барои соли 2020-ум 5,7%-ро ташкил медиҳад, вале он аз тарафи коршиносон дар асари ҳодисаҳои маълум то як фисад кам карда шуд. Болоравии иқтисоди ҷаҳонӣ дар маҷмуъ бошад (2,9%), ба андешаи мутахассисон, метавонад аз 0,5% то 1% поён равад. Ҳамаи ин ҳодисаҳои манфӣ дар иқтисодиёт сатҳи сармоягузориро паст намуда, ба кам гаштани даромаднокии коғазҳои бурднок оварда мерасонанд. Тибқи иттилои баъзе манбаъҳо, масалан барои коғазҳои бурдноки муҳлаташон даҳсола танҳо то 0,3% метавонад даромаднокӣ таъмин карда шавад.

Рақамҳои дар боло овардашуда, албатта,  тахминиянд, вале дар ҳар сурат онҳо далели пастравии умумии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошанд, ки мутаносибан ба соҳаҳои дигар бе таъсир намемонанд. Вале бояд таъкид намуд, ки пастравии ин нишондиҳандаҳо натиҷаи харобшавиҳои бебозгашт (масалан, чун баъд аз ҷанг) набуда, характери субъективӣ ва муваққатӣ дорад. Бо ҳамин сабаб барқарор сохтани онҳо муҳлати зиёдеро талаб намекунад ва хушбин бояд буд, ки бо эътидол омадани вазъ ҳамаи онҳо бартарафшавандаанд.

Пандемияи коронавирус ва пастравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ фаъолияти истеҳсолиро дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт коҳиш дод. Масалан, тибқи баъзе манбаъҳо фаъолнокии истеҳсолӣ танҳо дар Чин аз нишондиҳандаи ҳадди ақал то 10% коҳиш ёфт. Ин вазъи истеҳсолӣ дар Чин ва кишварҳои дигари ҷаҳон ба пастравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ бо сабаби кам гаштани талабот ба он мусоидат намуд. Албатта, барои сар задани чунин вазъ муносибати байниҳамдигарии кишварҳои истихроҷкунандаи нафт низ бетаъсир нест, вале ба эътидол омадани вазъи умумии иқтисодӣ дар моҳҳои наздик метавонад баръакс,  сабабгори босуръат боло рафтани нархи нафт гардад.

Коҳишёбии соҳаи хизматрасонӣ, аз ҷумла савдо ва сайёҳӣ бо ҳам иртибот дошта, аз он вобастаанд, ки кишварҳо дар кадом муҳлат барои бекор кардани низоми карантин омода гардида, хатсайрҳои нақлиётии байналмилалиро барқарор месозанд ва ё объектҳои сайёҳиро барои шаҳрвандони худ ва хориҷиён боз менамоянд. Ба эътиқоди баъзе коршиносон ин амал метавонад ибтидо аз охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ то моҳи сентябр идома ёбад. Аз ин рў, мутахассисон пешниҳод менамоянд, ки дар ин марҳала ба рушди сайёҳии дохилӣ ва инфиродӣ бештар таваҷҷуҳ карда шавад, то тавассути ин тадбир на танҳо соҳаи сайёҳӣ, балки тамоми навъҳои хизматрасонӣ батадриҷ аз ҳолати буҳронӣ бароварда шаванд.

Аксари коршиносон, аз ҷумла, мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид бар он ақидаанд, ки пандемияи умумиҷаҳонӣ на танҳо ба иқтисодиёт, балки ба соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ низ таъсири моҳиятӣ мерасонад. Аз ҷумла, Котиби генералии созмони мазкур Антониу Гутерриш таъкид дошт, ки вазъи ноустувори иқтисодӣ дар баъзе кишварҳо метавонад ба вазъи иҷтимоии ҷомеа, махсусан, ба вазъи занҳо, ки бештар дар соҳаҳои ба буҳрони шадид дучоршуда кору фаъолият мекунанд, таъсири манфӣ гузорад. Маҳз бо ҳамин сабаб таваҷҷуҳ ба масъалаҳои иҷтимоӣ низ бояд дар сархатти аввали нақшаи тадбирҳои зиддибуҳронии ҳар як давлат қарор дошта бошад.

Дар асоси хулосаҳои дигари СММ доир ба вазъи бавуҷудомада аз ҷониби коршиносон пешниҳод карда мешавад, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон дар ояндаи наздик ба масъалаҳои зерин низ бештар машғул бошанд:

–барқарор сохтани эътимоду боварии мардум ба давлат ва ниҳодҳои давлатӣ;

– бо мақсади барқарорсозии пояҳои ҳуқуқии давлат ҳар чи зудтар баргузор намудани интихобот ё раъйпурсиҳои мавқуф гузошташуда;

– пешгирии ҷудошавии табақаҳои гуногуни ҷомеа аз ҳамдигар ва бо ин васила роҳ надодан ба низоъҳои иҷтимоӣ;

– дар ғафлат намондан аз амалҳои гуруҳ ва ҳаракатҳои террористӣ, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро метавонанд барои ҳуҷумҳои худ, аз ҷумла, барои ҳуҷумҳои биотеррористӣ истифода намоянд;

– бозгашт ба идомаи ҳалли дастаҷамъонаи низоъҳои минтақавӣ;

– роҳ надодан ба маҳдудсозии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, гурезагон, муҳоҷирон, намояндагони миллат ва ирқу нажодҳои дигар, бардоштани маҳдудиятҳои муваққатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва ғайра.

Аз нуқтаи назари коршиносон пандемияи моҳҳои охир нишон дод, ки таҷрибаи бадаствордаи ниҳодҳо ё шахсони алоҳида дар ин давраи хеле душвор метавонад тамоюлҳои навро дар соҳаҳои гуногун ба вуҷуд орад. Аз ҷумла, акнун низоми ҳифзи тандурустӣ ислоҳоти ҷиддӣ дида, кишварҳо барои омодагӣ доштан ба ҳар гуна ҳолатҳои фавқулода бештар таваҷчуҳ хоҳанд кард. Бунёди мавзеъҳои махсус барои карантинаи беморҳои миқдоран зиёд, захираи маводи зарурии тиббӣ ва амсоли он аз тадбирҳои сершуморе дар ин самт ҳисобида мешаванд. Ҳамзамон, ба эътибор гирифта мешавад, ки ҳар гуна пандемия сабабгори хурўҷ кардани бемориҳои музмин, сар задани бемориҳои дигар ва ҳолатҳои депрессияи дастаҷамъию фардӣ бар асари бо ном синдроми сели иттилооти манфӣ мегардад. Дар ин самт кишварҳо барои эҳтимолияти такроран ба вуқуъ пайвастани хуруҷи ин бемории сирояткунанда дар мавсими нави бемориҳои роҳи нафас омодагӣ дида, фаъолиятро барои истеҳсоли ваксина бар зидди коронавирус тақвият мебахшанд ва шояд дар муҳлати аз якчанд моҳ то яку ним сол, тибқи таҷрибаи собиқаи соҳаи тиб, ба ин комёб мегарданд.

Дар асоси пешгўиҳои мутахассисон метавон таъкид сохт, ки дар оянда ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан ба тариқи фосилавӣ барои баъзе ширкату созмонҳо ба як амри зарурӣ табдил ёфта, технологияҳои «абрӣ» бештар рушд мекунанд. Ин шакли фаъолият дар давраи карантин нишон дод, ки барои баъзе ширкату корхонаҳо он аз иҷораи идора, офис ва масоҳатҳои дигари корию баргузории ҳамоишҳо хеле арзонтар мебошад. Дар баробари ин, инсоният минбаъд ба рушди таҳсилоти фосилавӣ дар тамоми шаклу зинаҳои он бештар таваҷҷуҳ мекунад. Мустақиман дар шабака (онлайн) тамошо кардани осорхонаҳо, намоишҳо, чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳатто чунин навъи сайёҳӣ, аз диди коршиносон, ба як амали муқаррарӣ табдил меёбад.

Пандемия бори дигар самаранок набудани иттиҳодияҳои гуногуни байнидавлатӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар вазъҳои фавқулода нишон дод. Бо ҳамин сабаб, мутахассисон муътақид бар онанд, ки нуфузи давлатҳои миллӣ баъд аз ин бештар гардида, шаҳрвандон низ бештар ба нақши давлат таваҷҷуҳ хоҳанд дошт. Ҳамаи ин боиси паст гаштани шиддати равандҳои ҷаҳонишавӣ дар тамоми соҳаҳо мегардад ва шояд дар сайёра макроминтақаҳо ба вуҷуд оянд. Вале дар баробари ин метавонад байни давлатҳои алоҳида ҳам робитаҳо сусттар шаванд.

Як сабақи дигари пандемия, ки минбаъд онро ҳам давлатҳо ва ҳам шаҳрвандони алоҳида азхуд карда, амалан татбиқ хоҳанд кард, аз нигоҳи коршиносон, ин таваҷҷуҳ ба захира кардани ҳам маводи хўрокаву талаботи рўзмарра ва ҳам воситаҳои молиявӣ барои ҳолатҳои фавқулода хоҳад буд.

Бори дигар таъкид месозем, ки пандемияи соли 2020 ояндабиниро дар тамоми соҳаҳо душвор ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ғайриимкон гардонид. Аз ин рў, он чанд пешгўйиҳои коршиносон дар бораи ҳаёти инсоният баъд аз анҷоми пандемия, ки дар боло шарҳ ёфтанд, характери эҳтимолӣ доранд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда пандемия дар муҳлатҳои наздиктарин анҷом меёбад ва барои рушди минбаъда ҳар як давлат, ҳар як ниҳоди он ё ширкату корхонаҳои алоҳида бояд банақшагирии стратегияи рушди худро роҳандозӣ намоянд. Ин амал бояд бо дарназардошти консепсия оид ба номуайянии вазъ ё пешгўинашавандагии ҳолатҳо асос ёбад.

Вобаста ба масъалаи матраҳшуда қобили зикр аст, ки дар илми муосири идоракунӣ чор сатҳи вазъ барои марҳилаи оянда эътироф мешавад: ояндаи ба қадри имкон пешгўйишаванда; ояндае, ки алтернатива дорад; ояндае, ки якчанд алтернатива дорад; ояндае, ки пешгўинашаванда аст. Ҳангоми банақшагирии стратегӣ барои ояндае, ки пешгўйинашаванда аст, бояд, аввалан, ба эътибор гирифт, ки ботадриҷ амал намуда ба сўйи сатҳҳои сеюм, дуюм ва дар охир ба сатҳи якум – ояндаи ба қадри имкон пешгўишаванда баромадан имкон дорад. Сониян, стратегия дар ҳолати пешгўинашаванда будани вазъ бояд бештар ба нишондиҳандаҳои сифатӣ такя кунад, на миқдорӣ. Сеюм, бояд таърихи вазъҳои ҳаммонанд амиқан омўхта шуда, аз сабақҳои он хулосаҳои зарурӣ барои таҳияи стратегия бароварда шаванд. Чорум, таҳиягарони барномаву стратегияҳо омода бошанд, ки мунтазам ин нақшаҳои стратегии худро бозбинӣ ва навсозӣ намоянд.

Дар маҷмӯъ, бо вуҷуди пешгўинашаванда будани ҳаёти инсоният баъд аз анҷоми пандемия хушбин будан ва ба таҳлука наафтода, умед бар он кардан, ки ҳамаи ин рўйдодҳои буҳронӣ ба оғози марҳалаи нав дар рушди инсоният сабабгор мегарданд аз ҷониби тамоми коршиносони хушбин ба ҳар як давлату шахси алоҳида тавсия дода мешаванд. Аз ин рў, дар чунин вазъ аз ҷониби ҳар як нафар шиори худ кардани сухани шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414–1492) – Даст ба кор!, ба андешаи мо, метавонад, барои ҳалли тамоми мушкилоти дар назди инсоният истода, ки бар асари пандемия пайдо гаштаанд, ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Хуршед Зиёӣ,

доктори илми фалсафа, профессор,

директори Маркази тадқиқоти

 стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед