Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар хусуси мазмуну моҳияти ин мафҳум, ҷойгоҳу нақши он зиёд гуфтаанду мегӯянд, вале имрӯз оид ба маҷрои наве, ки ваҳдату ҳамдилиро ба тарзи хос шакл медиҳад, кам таваҷҷуҳ мешавад. Ин маҷрои нав дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, хусусан, шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки ба фазои универсалии маҷозӣ табдил ёфта, боиси бавуҷудоии “шаҳрвандони маҷозӣ” шудаанд.

Аз рӯйи асли тавлид ва имкониятҳои ҷадидашон  аз шабкаҳои иҷтимоӣ дида фазои муносибатари бунёди дӯстию рафоқат, ҳамдилию ваҳдатро дар шароити муосир пайдо кардан душвор аст, агар онҳоро бо институтҳои анъанавии ба монанди мактабу масҷид, ҳизбу ҳаракатҳо муқоиса карданӣ шавем. Бахусус, барои “муҳити тоҷикӣ”-и фазои маҷозӣ чунин шабакаҳо воситаи хуби ҳамгироӣ мебошанд.

Бар хилофи ин чашмдошт ва зарфият, имрӯз шабкаҳои мазкур ба асли маҷмӯи бадиҳо – ахбори бад, гуфтори бад, рафтори бад табдил ёфта истодаанд, ки субъектони чунин тамоюл худи истифодабарандагон мебошанд. Ин ҷо сухан бештар оид ба ҳамон “муҳити тоҷикӣ”-и шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз ҷумлаи бонуфузтарини онҳо YouTube, Facebook ва Instagram меравад.

Муҳитбандии шабкаҳои иҷтимоӣ албатта кори шартист ва таҳти ин ибора маҷмӯи истифодабарандагон, блогерон ва маъмурони гурӯҳу саҳифаҳои шабкаи иҷтимоӣ дар назар дошта мешаванд, ки аз Тоҷикистонанд.

Бояд зикр намуд, ки бо нуфузи рӯзафзуни шабакаҳои иҷтимоӣ тадриҷан мо дар кишвари маҷозие қарор мегирем, ки дар он вазорат ҳаст, назорат ҳаст, озодии баён ҳаст, тарғибу ташвиқ  ҳаст, вале сарҳад нест. Сарҳад на ба маънои маъмуриаш, балки сарҳади дурӯғ, фитна, ифрот ва ҳақорату ҳамоқат.

Имрӯзҳо дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин эҳсоси ягонагӣ мудом осеб мебинад. Фоҷеабораш он аст, ки мавзӯъҳое, ки дар асл бояд иттиҳоду ҳамфикриро ба вуҷуд оранд, баръакс боиси ихтилофи назарҳо ва дар фарҷом сабаби мухолифати тунди соҳибназарон гардида, мавҷи дашному ҳақорат ва сӯйитафоҳумро эҷод мекунанд. Ин мавзӯъҳо чун ҳамешагӣ атрофи забони тоҷикӣ, дини ислом, ватандорӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Ин ки  забонамонро дар асл тоҷикӣ гӯем беҳтар аст ё форсӣ, хатти кириллӣ хуб аст ё форсӣ, дар Фейсбук ду гурӯҳи бузурги оштинопазирро аз шумули рӯзноманигорон ва баъзе забонишиносон ба вуҷуд овардааст. Дар аксари маврид онҳо аз баҳси забону хат, яъне объекти мубоҳиса дур рафта, ба дашному тавҳини якдигар мепардозанд. Дар ҳоле, ки тақрибан ҳама як чизро мехоҳанд: ҳифзи асолати забони модариро.

Ин ихтилофу баҳсҳо баъзан мунозиати чаҳор касро аз қиссаи  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пеши назар меорад, ки ангурро ҳар яке ба номи дигар – инаб, узум, истофил ва ангур фаҳм карда, вале бехабар аз он буданд, ки ҳама дар асл як чизро мехоҳанд.

Мавзӯи дину имон низ аз ҷумлаи гармтарин мавзӯъоти баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Яке дигареро барои бехудоӣ, дигаре нафареро барои Худопарастӣ тавҳину надомат мекунад. Ҳамин тавр, “фатвоҳо” низ зуд бароварда мешаванд. Дар пайи ислоҳи ифротиён баъзан таҳаммулгароён низ ба хатогиҳо роҳ медиҳанд.

Андешаи ходими санъату ҳунари амрико Дэвид Линч дар ин маврид воқеъбинона аст, ки мегӯяд “Интернет хуб аст, зеро он тавонист шумораи зиёди одамонро дар як ҷо ҷамъ кунад, аммо ӯ ба онҳо ҳисси ягонагӣ дода натавонист”.

Қаблан ба ин назар будем, ки бояд тамоми рӯзноманигорон, имомхатибон, шоирону нависандагон дар шабакаи интернет фаъол шаванд, то ин шабака пур аз панду андарзу ибрат шавад ва холигие барои афкори харобу ифротӣ намонад.  Иддае аз онҳо фаъол шудаанд, вале фазои фейсбукро ба баҳсҳои тунду дурушту шахсӣ табдил додаанд. Агар аз хатари ошкоре имрӯз сухан гуфтан лозим бошад, ин ихтилофи андеша миёни корбарони ба истилоҳ равшанфикри шабакаи маҷозӣ мебошад. Мабодо дар ин фазои дурушт асолати зиёиёни мо гум шавад ва ин қишри тарбиятомӯзи давлат пеши насли наврас эътиборашро аз даст диҳад. Боз ҳамон мисрае зарурат ба зикр   мегардад: “Ҳар чи бигандад намакаш мезананд. Вой ба рӯзе, ки бигандад намак”. Антон Чехов дар ин маврид гуфтаи зебое дорад: “Аблаҳоне, ки якдигарро мефаҳманд, аз доноёни худпараст беҳтар мебошанд”. Хуб мешуд чунин шабкаҳо агар барои баланд бардоштани руҳияву худшиносии миллӣ ва мубориза бо ифротгароён бештар истифода мегардиданд.

Имрӯз шахсони алоҳида на танҳо ба хотири ниқору дашном дар интернет аккаунт мекушоянд, балки дар YouTube, Facebook ва Instagram гурӯҳҳо боз намуда, онро ба як навъ сангари муборизаҳои лафзӣ табдил додаанд.

Ҳамин тавр, баробари маҷроҳои наву маҷозӣ пайдо кардани ваҳдати андешаву назар, ҳассосияти мавзӯи ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Пайваста аз сулҳ сухан гуфтану ба ваҳдату якдилӣ давъат шудани сокинони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вақтмеҳвару маконпарвар будани ваҳдат дарак медиҳад. Яъне вақту макон хосияту зарфияти ваҳдатро метавонад тағйир диҳад ва аз лиҳози мазмуну воқеият ниёз ба бозбинӣ доштани механизмҳои таъмини усутвории ваҳдат  далолат кунад. Механизмҳои таҳкими ваҳдат бояд ба вақту замон, вазифаҳои дар назди миллат гузошташуда ва марҳилаи муайяни таърихии рушд ҳамеша мутобиқ кунонида шавад. Барои ҳар як давраи рушди миллӣ ҷанбаҳои хоси масъалаи ваҳдат ва таърифҳои асили он мавҷуданд. Ва танҳо тавассути фаҳми амиқи онҳо мушкилоти ҷомеа муайян карда мешавад.

Ваҳдати миллӣ имрӯз дар воқеияти кишварҳои дунё ҳар гуна арзёбӣ мегардад. Як гурӯҳе худро ҳақталоши роҳи ваҳдат меномад, ки ҳамон гурӯҳ сепаратистон эълон мешаванд, давлат иқдомеро барои ҳифзи амнияти миллӣ пеш мегирад,  ки як гурӯҳ онро истибдод мешуморанд. Ҳамин тавр, дар замони муосир ваҳдатшиносиву ваҳдатхоҳӣ чандон кори саҳлу осон нест. Ҳодисаи аз дасти полиси сафедпӯст кушта шудани сиёҳпӯсте дар ИМА ин ҳолатро бозгӯ мекунад. Табаъаи сиёҳпӯст инро нишонаи набудани ваҳдат  ва Ҳукумати ИМА истифода кардани нерӯи ҳарбиро ягона роҳи ҳалли танишҳо ва барқарорсозии оромӣ меҳисобад. Гурӯҳе ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, гурӯҳи дигар сатҳи хуби иҷтимоию иқтисодиро меъёри ваҳдат меҳисобад, аммо тақдири давлатҳои Ховари Миёна нишон доданд, ки ҳеҷ яке аз ин падидаҳо омили бунёдии ваҳдат буда наметавонанд. Агар мебуд, иҷтимоитарин давлати дунё Либия ба сангинтарин вазъи бесуботӣ омада намерасид.  Пас, дар низоми давлатдории имрӯза хуб нӯшидану зебо пӯшидани шаҳрвандонаш кафолати комилии ваҳдат  нест. Ин ҷо фарҳанги сиёсии баланди шаҳрвандон  низ нақши асосӣ мебозад, то ки фиреби дасисае ва ё қурбонии манфиате нашаванд. Агар дар дилхоҳ ҷомеа фарҳанги сиёсии дуруст ҳам дар сатҳи элитаҳои сиёсӣ ва ҳам дар сатҳи омма кор накунад, барҳамзании решаҳои дурударози давлатдорӣ кори сабуку лаҳзавӣ мебошад. Пеши роҳи онро ягон буҷа, сармоя ва кафолатҳои “тиллоӣ”-и иҷтимоӣ гирифта наметавонад.

Мардуми тоҷик медонанд, ки онҳо ҷисми ягонаи миллианд, бо эътиқод, урфу одат, анъана, забон, тафаккури равонӣ, таърих ва бисёр чизҳои дигаре ҳастанд, ки онро аз миллатҳои дигар фарқ мекунанд. Вале ҳамеша мадди назар қарор додани андешаи “Сулҳ мехоҳӣ, ба ҷанг омода бош” муҳим аст ва ин омодагӣ пеш аз ҳама омодагии маънавӣ мебошад.  Аслиҳаи ин ҷанг афкору андеша, дониш ва маорифи қавист. Хусусан, раванди рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ чунин шеваи омодагиро бештар талаб мекунад.

Аз ин лиҳоз, чунин раванди пуртазод аз ҳар як шаҳрванди кишвар дарки дурусти моҳияти ваҳдати миллӣ, фарҳангу зиракии сиёсӣ, истифодаи оқилонаи фазои маҷозиро баҳри эҷоди фазои ҳамдилию ҳамгироӣ ва  мубориза бо хатару таҳдидҳо тақозо менамояд.

Абдуҷабборов Маъруф,

муовини сардори Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати хориҷӣ

Чоп кунед