Рӯзи 28 октябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои марбута, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.
Семинари илмиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент як ниҳоди таҳлилу андеша аст, ки бо даъват ва гирд овардани зеҳнҳо–олимону мутахассисон дар ҳалли масъалаҳои барои давлату миллат муҳим аз роҳи баҳсҳои илмӣ саҳм мегирад, зеро тавре ки таҷриба нишон медиҳад, ҳақиқат зодаи баҳс аст ва мо низ бар он назарем, ки ҳалли ҳама гуна мушкилот танҳо аз тариқи суҳбату машваратҳо бо аҳли илм амалӣ мешаванд.
Вохӯрӣ ва суҳбати мову шумо имрӯз ба масъалаи хеле муҳим, яъне татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Ҳамаи ин ҷо нишастагон ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки масъалаи муҳоҷирати корӣ дар қатори дигар мушкилоти замони муосир ҷанбаи глобалӣ гирифтааст ва нақши он дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз ин равандҳо дар канор бошад ва мушкилоте, ки дар ҷаҳони муосир оид ба муҳоҷират вуҷуд дорад, мушкилоти мо низ мебошанд.
Омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур имкон медиҳад, ки стратегияи рушди ҷумҳурӣ дар ҳамоҳангӣ бо иқтисод, сиёсат ва фарҳанги кишварҳои дигар ба роҳ монда шавад, зеро занҷири муҳоҷират бо мушкилоти худ тамоми ҷаҳонро бо ҳам мепайвандад. Дар ин занҷири ҷаҳонии муҳоҷират Тоҷикистон дар баробари умумиятҳо вижагиҳои худро дорад, ки ин дар раванди суханрониҳо ва муҳокимаҳои ширкаткунандагони семинари илмии имрӯза бояд ҳамаҷониба инъикос ёбанд.
Имрӯз мо, аҳли толор, бо ширкати фаъолонаи худ бояд ба он масъалаҳое, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоду сиёсати ҷумҳурӣ ва мавқеи он дар ҷаҳони имрӯза мусоидат менамоянд, рӯшанӣ андозем. Дар семинари илмӣ масъалаҳои муҳими соҳаи муҳоҷират барои баррасӣ пешбинӣ шудаанд ва натиҷагирии мо аз ин ҳамоиш, пеш аз ҳама, аз андешарониҳо ва таҳлилҳои амиқи шумо, иштирокчиён вобастагӣ дорад. Ҳама гуна андешаҳо ва пешниҳоди арзишманду созанда ба инобат гирифта мешаванд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд шуд.
Ҳамин тавр, семинари илмӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ш.Маҳмадбекзода дар мавзӯи “Татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа В.А. Баҳромбеков дар мавзӯи “Муҳоҷират ҳамчун омили пайвастшавии ҷавонон ба равияҳои ифротӣ”, устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Р. Улмасов дар мавзӯи “Асри ХХ1–ташаккули тарзҳои нави идораи муҳоҷират”, докторанти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ғ.Б. Санаваров дар мавзӯи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” такмил мехоҳад”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.И.Худойдодова дар мавзӯи “Раванди муҳоҷирати зеҳнҳо ва нақши он дар ҳаёти иқтисодии кишварҳо (таҷрибаи ҷаҳонӣ)”, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии ҳамин Марказ М.Н.Назирова дар мавзӯи “Муҳоҷирати меҳнатӣ ва пайомадҳои манфии он ба таҳсили наврасону ҷавонон”, раиси Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури муҳоҷирони меҳнатӣ” суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табодули афкори арзишманд сурат гирифт.
Дар семинар масъалаҳои зерини соҳаи муҳоҷирати корӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:
– сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират;
–таъмини ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони корӣ;
–сабаб ва оқибатҳои муҳоҷирати меҳнатӣ;
–ташкил ва идораи самараноки раванди муҳоҷирати корӣ ба хориҷа;
–вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия;
–вазъи муҳоҷирати зеҳнҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Семинари илмиро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон