Рӯзи 18 ноябри соли 2021 дар  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Ҳадафи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои кормандони ин ниҳоди муҳимми давлатӣ  баргузор гардид.

Ҳамоиши илмиву амалиро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саодат Ҷӯрахонзода  ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум, татбиқи бомуваффақияти сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини шуғли пурсамари аҳолӣ ва   саноатикунонии кишвар ба ҳалли муассири мушкилоти ба миёномада вобастагӣ дорад. Таъмини рушди иқтисодӣ ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ мегардад.

Система ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба беҳтар кардани системаи идоракунии давлативу фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ иртибот дошта, ҳамаи ин чорабиниҳо дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ ва ҳадафи иҷтимоии аҳолиро хизмат мекунанд ва ҳадафи волои давлати Тоҷикистон мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодӣ то соли 2030 дар назди худ мақсад гузоштааст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба зиёд карда, сатҳи камбизоатиро беш аз ду маротиба паст кунад ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50 дарсад афзоиш диҳад. Дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  бояд панҷ маротиба афзун гардида, саҳми бахши саноат ба  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, ки ин имкон медиҳад то Тоҷикистон ба як кишвари саноатию аграрӣ табдил ёбад.

Умуман, тибқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  панҷ ҳадафи асосӣ: истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини шуғли пурсамари аҳолӣ ва   саноатикунонии кишвар қарор доранд ва бояд амалӣ гарданд.

Мавзӯи асосии семинари имрӯзаи мо ҳадафи стратегияи рушди Тоҷикистон буда,  умедворем, ки баррасӣ ва арзёбиҳои иштирокчиёни ҳамоиш  барои таҳия ва таълифи маводу матолиби таҳлилӣ аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯъҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Сипас дар назди ҳозирин ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Маҳкамов Баҳодур Бурҳонович суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш  посухҳои қаноатбахш дод. Баъдан пиромуни  мавзӯи семинар  ибрози назар ва табодули афкори арзишманд  сурат гирифт.

Семинари илмиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст  карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед