ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Мувофиқи амри сарони ду давлат дар назар аст, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардад.
Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.