Аз нишондиҳандаи омори расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бармеояд, ки дар ВМКБ айни замон 210 адад корхона ва коргоҳҳои истеҳсолии саноатӣ мавҷуд мебошад, ки аз онҳо 54 адад ба таври расмӣ ва 156 аз тариқи таҳқиқот ба қайд гирифта шудаанд. Дар соли 2020 корхона ва коргоҳҳои саноатии вилоят тибқи ҳисоботи оморӣ ба маблағи 216,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд ва хизматрасониҳоро анҷом доданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ум 8,9 дарсад ё ба маблағи 21065,0 ҳазор сомонӣ камтар мебошад. Сабабҳои асосии коҳишёбии сатҳи истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят таъсири пандемияи COVID-19, кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ бар асари яхбандии дарёҳо дар оғози сол ва дар ҳаҷми кам ворид гардидани ғалла ба комбинати коркарди ғалла мебошанд.
Аз 54 адад корхонаи расман ба қайд гирифташуда 8 корхона дар самти саноати куҳӣ, 1 адад – истеҳсоли неруи барқ, 9 адад – дузандагӣ, 3 адад – истеҳсоли доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш, 10 адад -хӯрокворӣ (аз ҷумла коркарди мева ва сабзавот, обҳои нушокӣ, орд ва ғайра), 14 корхона – истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва 9 адад дар дигар самтҳо, аз қабили истеҳсоли маводҳои конселярӣ ва ғайра фаъолият доранд.
Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти вилоят, ки 216,9 млн сомониро ташкил медиҳад, ба ноҳияи Дарвоз 83,2 млн сомонӣ (109,2 дарсад), Ванҷ -9,1 млн сомонӣ (84,3 дарсад ), Рӯшон – 9,2 млн сомонӣ (70,6 дарсад), Шуғнон – 58,5 млн сомонӣ (92,8 дарсад), Роштқалъа – 4,5 млн сомонӣ (61 дарсад), Ишкошим – 7,9 млн сомонӣ (91,5 дарсад), Мурғоб – 16,8 млн сомонӣ (18,8 дарсад) ва шаҳри Хоруғ 48,4 млн сомонӣ (93,0дарсад) рост меояд.
Давоми ду соли охир дар ВМКБ 6 корхона ва коргоҳи саноатии нисбатан калон фаъолият накарданд. Сехи коркарди сангҳои ороишии ҶДММ “Зари Помир”-и шаҳри Хоруғ, корхонаи коркарди ангишти “ВТИ-Помир”, корхонаи дӯзандагии “Ахтари меҳр”-и ноҳияи Дарвоз, ҶДММ “Истиқлол”-и ноҳияи Ванҷ, коргоҳи обҳои минералии ҶДММ “Помир Асри-21”-и ноҳияи Рӯшон ва ҶДММ “С.А. Минералз”-и ноҳияи Мурғоб аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Сабабҳои асосии аз фаъолият мондани корхонаҳо ва коргоҳҳои мазкур инҳоянд: басташавии марзи байни Чину Тоҷикистон бар асари пандемия, надоштани иҷозатнома ва нарасидани мутахассисони соҳа, фарсудашавии дастгоҳу таҷҳизот, камбуди маблағи гардон, дастрас нагардидани ашёи хом, набудани бозори фурӯши маҳсулот ва сар задани касалии «COVID – 19».
Дар раванди саноатикунонии босуръат соли 2020 дар ВМКБ 17 адад корхона ва коргоҳҳои хурду миёнаи саноатии дорои 178 ҷойҳои корӣ бунёд гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Аз он ҷумла дар ноҳияи Дарвоз ҶДММ «Карон-калсит», ҶДММ «Парки инноватсионию технологии ноҳияи Дарвоз» ва ҶДММ «Ориён» истеҳсоли блоки семент, дар ноҳияи Ванҷ корхонаи истеҳсоли блоки сементӣ ва ҶДММ «Аминҷони Умедҷон» оид ба истеҳсоли хишт, дар ноҳияи Рӯшон коргоҳи коркарди мева, дар ноҳияи Шуғнон коргоҳи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва коргоҳи истеҳсоли мебел, ҶДММ «Бунёд» коргоҳи дӯзандагӣ, ҶДММ «Хорог Экспорт-Импорт» коркарди чӯбу тахта, ҶДММ «Адис 98» коркарди тунука ва ҶДММ “Ватанбек” коркарди чӯбу тахта, дар ноҳияи Роштқалъа корхонаи дӯзандагӣ, дар ноҳияи Ишкошим бо дастгирии шарикони рушд азнавсозии корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва алюминий ва шаҳри Хоруғ ҶДММ “Босифат-2018” доир ба истеҳсоли баннерҳо, корхонаи “Рушд-моҳияти ҳаёт” оид ба коркарди тунука, корхонаи дӯзандагии “Памир фабрик”ва ҶДММ “Устоен” оид ба истеҳсоли мебел ба фаъолият оғоз намуданд. Дар баробари ин, 3 адад корхонаи саноатӣ ҶДММ “Ширкати маҳсулоти кӯҳӣ”-и шаҳри Хоруғ, ҶДММ “Мрамор Стоун”-и ноҳияи Ванҷ ва кони ангишти “Равноб”, ки муваққатан аз фаъолият монда буданд, ба кор шурӯъ намуданд.
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи дӯзандагии “Памир фабрик” бо 45 ҷойи корӣ аз тарафи соҳибкор сохта шуда, дар моҳи августи соли 2020 мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Корхонаи мазкур муассисаҳои таълимиро бо либоси мактабӣ таъмин намуда, дар 4 моҳи соли соли 2020 ба маблағи 61,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Мурғоб, дар ноҳияи Роштқалъа корхонаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи нави корӣ ба маблағи зиёда аз 5,9 млн. сомонӣ сохта шуда, таҷҳизотҳои зарурӣ дастрас гардиданд. Корхонаи мазкур аз моҳи октябри соли 2020 бо фарогирии 35 нафар дӯзанда ба кор шурӯъ намуда, дар семоҳаи охири соли 2020 ба маблағи 26,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ҳанӯз ҳам дар ВМКБ мушкилот зиёд аст ва яке аз монеаҳои ҷиддӣ бо фоизи баланд пешниҳод гардидани қарзҳо аз тарафи бонкҳои дар вилоят фаъолиятдошта мебошад. Бояд таъкид намуд, ки барои аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ, аз он ҷумла аҳолии ВМКБ фоизҳои баланди бонкӣ (24-36 дарсад) комилан мувофиқат намекунанд. Дар асоси таҳлилҳои мутахассисон, ба роҳ мондани соҳибкорӣ ва рушди минбаъдаи он аз тариқи дастгирии комплексӣ, дарёфти қарзҳои муносиб имконпазир аст. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, ба таври истисно таъсис додани портфели махсуси қарзи имтиёзнок, аз ҷумла қарзҳои хурд барои соҳибкорони вилоят иқдоми самарабахш маҳсуб меёбад. Иқдоми мазкур ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Бояд қайд кард, ки санаи 6-7 августи соли 2019 дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест – 2019” баргузор шуд. Дар Форуми мазкур беш аз 170 нафар (30 нафар сармоягузорони хориҷӣ), аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин, доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест – 2019”, чорабиниҳои дигар, аз қабили шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилоят, боздид аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар чорабиниҳои марбут ба муаррифии имкониятҳои сармоягузорию дар ВМКБ роҳандозӣ шуданд.
Аз натиҷаи баргузории мулоқоти мустақими соҳибкорону сармоягузорон баимзорасонии як қатор санадҳои ҳамкорӣ сурат гирифт. Дар ин радиф 10 августи соли 2019 Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Бунёд барои зиндагии беҳтар дар Тоҷикистон оид ба таъсиси корхонаи истеҳсоли либосворӣ дар шаҳри Хоруғ ба имзо расид.
Муттассифона, бо хуруҷи бемории сироятии COVID-19 дар соли 2020 лоиҳаҳои мазкур татбиқи худро наёфтанд.
Таҳлили вазъи воқеии соҳаи саноат ва манбаъҳои рушди босуръати он нишон медиҳад, ки яке аз соҳаҳои ояндадор, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят такони ҷиддӣ бахшида метавонад, ин рушди соҳаи саноати кӯҳӣ мебошад. Дар қаламрави ВМКБ 12 адад кон, 54 – зуҳуроти маъдан бо 24 намуди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла, конҳои ангишт, навъи ояндадори оҳан, манган, мис, тилло, қалъагӣ, волфрам, ашёи гилхоки алюминийдор, инчунин, хок барои истеҳсоли хишт, семент, зуҳуроти ояндадори нуқра ва кони калонтарини ашёи боросиликат, намак, молибден, висмут, асбест, ашё барои истеҳсоли оҳаксанг ва хоки омехтаи регу қум барои истеҳсоли шиша кашф карда шудаанд. Инчунин, аз рӯйи маълумоти коршиносони соҳа ба ҳолати кунунӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 200 зуҳуроти канданиҳои фойданок ба қайд гирифта шудааст.
Самти дигари афзалиятнок барои вилоят ин рушди соҳаи гидроэнергетика маҳсуб меёбад. Масалан, дар соли 2020 барои таъмин намудани аҳолӣ ва хоҷагии халқи ВМКБ аз қувваи барқ тавассути 11 адад НБО-ҳои Ширкати “Помир Энерҷӣ” дар ҳаҷми 193,7 млн. кВт-соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 852,2 ҳазор кВт-соат, ё 0,44 дарсад зиёдтар аст. Сабаби асосии зиёдшавии тавлиди барқ ин бе садама фаъолият намудани нерӯгоҳҳо мебошад.
Дар соли 2020 бо мақсади зиёд намуднаи иқтидори истеҳсоли қувваи барқ НБО-и “Хатфат” бо маблағгузории Хазинаи Оғохон (1,32 млн. доллари ИМА) ва маблағҳои худии Ширкати “Помир Энерҷӣ” (430 ҳазор доллари ИМА) дар деҳаи Рошорви ноҳияи Рӯшон ба нақша гирифта шуда, моҳи ноябри соли 2020 мавриди истифода қарор гирифт.
НБО-и “Хатфат” бо тавоноии 450 кВт бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла деҳаи Ғудараи ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон (моҳи июни соли 2015) ба нақша гирифта шуда буд. Он имкон дод, ки дар баробари 192 хоҷагии деҳаи Рошорв, инчунин сокинони деҳаҳои ҳамсояи Япшорв (50 хоҷагӣ), Нисур (56 хоҷагӣ), Барчедев (52 хоҷагӣ) ва Рухч (70 хоҷагӣ) бо неруи барқ таъмин карда шаванд.
Дар ноҳияи Мурғоб таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ махсусан дар фасли сармо мушкил мегардад. Аз ин лиҳоз сохтмони неругоҳи барқии офтобии 200 квт ба роҳ монда шуд ва он мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Дар баробари ин, лоиҳаи сохтмони НБО-и “Себзор” дар дарёи Шоҳдара дар ҳолати амалишавӣ қарор дошта, баъди ба анҷом расидани он иқтидори энергетикии вилоят боз ҳам бештар мегардад.
Мушкилоти асосӣ дар ин ҷода дастрасӣ ба технология ва рақобатпазир будан дар бозор мебошад. ВМКБ ба кӯмаки Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва соҳибкорони муваффақи ватанӣ, ки метавонанд бо соҳибкорони маҳаллӣ хамкорӣ кунанд, ниёз дорад.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати вилоят ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, дар ҳар як ноҳия ба кор андохтани аққалан яктоӣ конҳои маъдан ва дар заминаи он бунёд намудани корхонаи коркарди маъдан иқдоми ниҳоят зарурӣ мебошад, зеро ки ВМКБ имкони рушд додани дигар навъҳои саноатро надорад. Дар ин радиф, зарурати ба кор андохтани Кӯҳи Лаъл ва Талки ноҳияи Ишкошим, Сеқулла, Пасирӯд, Шорбел ва Акархари ноҳияи Мурғоб, Лоҷуварддараи ноҳияи Роштқалъа, Ҳаштчашмаи ноҳияи Шуғнон, Икар ва Барчи ноҳияи Рӯшон, Никели Ғумаст ва мармари Даштаки ноҳияи Ванҷ, Яшмаи Дуробак ва Ёгеди ноҳияи Дарвоз ҷиҳати минбаъд зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат вуҷуд дорад.
Мушкилоти асосӣ:
Новобаста ба муваффақиятҳои бадастомада дар раванди саноатиккунонии босуръати ВМКБ мушкилоти ҳалталаби зерин боқӣ мондааст:
- норасоии маблағҳои гардишии корхонаҳо ва дарсади баланди қарзҳои бонкӣ. То ба ҳол дарсади қарзҳои бонкӣ солона аз 22 то 36 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин аз сатҳи миёнаи даромаднокии корхонаҳои саноатӣ баландтар мебошад. Чунин вазъ ба рушди корхонаҳои саноатӣ дар давраи миёнамуҳлат монеа эҷод намуда, корхонаҳо наметавонанд бо истифода аз захираҳои молиявии ватанӣ рушд намоянд;
- фарсудашавии ҷисмонӣ ва маънавии дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, ки ин ба истеҳсоли маҳсулоти пастсифат, харҷи барзиёди нерӯи барқ, сарфи меҳнат, масолеҳ ва коҳишёбии қобилияти рақобатпазирии маҳсулот оварда мерасонад. Аксари таҷҳизоти мавҷуда дар бахши саноат аз нигоҳи ҷисмонӣ ва маънавӣ куҳна мебошад ва ба рушди соҳа монеа мегардад.
Тавре, ки қайд гардид, рушди босуръати саноати ВМКБ ба ривоҷу равнақ додани соҳаи саноати кӯҳӣ вобастагии калон дорад. Борои амалӣ намудани ҳадафи саноаткунонии босуръати кишвар дар вилоят бо роҳи ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ иҷрои корҳои зерин зарур аст:
– баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ.
– чораандешӣ барои ҷалби сармоягузорӣ, ҷиҳати навсозӣ ва такмили инфрасохтори корхонаҳои саноатӣ;
– тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи хориҷӣ;
– мусоидат намудан ба дастрасӣ ба маблағҳои қарзии имтиёзнок;
– ташаккул ва амалисозии маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати таъмини сифати маҳсулоти мутобиқ ба стандартҳои амалкунандаи дохилию байналмилалӣ (таъмини рақобатпазирии маҳсулоти маҳаллӣ);
– зиёд намудани номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, дар асоси коркарди захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ, қабл аз ҳама дар комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот), комплекси сохтмон, саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ;
– ба кор андохтани конҳо ва зуҳуротҳое, ки корҳои омӯзишӣ-геологӣ ва иктишофӣ дар онҳо анҷом дода шудааст;
– тайёр намудани кадрҳои ихтисосноки коргарӣ ва ташкили раванди бозомӯзии онҳо, баланд бардоштани мутахассисон дар тамоми соҳаҳо;
– мусоидат намудан ба раванди ширкати пайваста ва фаъолонаи корхонаҳо дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маҳсулоти истеҳсолнамуда.
Ғуломносирова Фарзона,
сармутахассиси Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон