Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.
Бо ҳамин мақсад барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар ҳошияи паёми Пешвои миллат таҳия гардид.
Мақсади барнома ин таъмин намудани рушди устувор ва рушди босуръати саноат тавассути диверсификатсияи он ва баланд бардоштани рақобат мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи саноати кишвар айни замон “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, “Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025”, “Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022”, “Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ва “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” амалӣ гардида истодаанд. Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.
Рушди саноат ва муваффақ шудан ба қонеъгардонии талаботи бозори ҷаҳонӣ симои мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври мусбат инъикос намуда, ҳар давлат бо моли истеҳсолкардааш муаррифӣ карда мешавад. Соҳаи саноат на фақат ҳамчун сарчашмаи даромад хизмат менамояд, инчунин, имкониятро барои таҳкими ҷанбаҳои дигари ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд намудани ҳисси ифтихори миллӣ, устувории иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ фароҳам меорад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон таъкид намуданд, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 дарсад ва ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад. Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 дарсад расонида шавад.
Дар нуҳ моҳи соли равон тибқи ҳисобҳои пешакӣ ММД 67,1 млрд сомониро ташкил дода, ҳиссаи саноат дар ММД ба 18,7 дарсад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (17,9 дарсад) 0,8 банди дарсади зиёд мебошад ва то соли 2030 ба 30 дарсад расонидани он ҳамчун яке аз вазифаи асоси муайян гардидааст.
Дар ҳамин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30,0 млрд сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 18 дарсад ё 4,1 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати коркард ба 17,7 млрд сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин16,6 дарсад ё ин, ки ба маблағи 3,3 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 6,9 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 579 млн сомонӣ ё 7,4 дарсад зиёд гардидааст.
Зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ- сентябри соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли пешин бо нархҳои амалкунанда дар якқатор корхонаҳои азими саноатии истихроҷ ба назар мерасад, аз ҷумла дар ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”-474,7 млн сомонӣ, ҶДММ “Ширкати кӯҳи саноатии Тоҷикистону Чин”-138,5 млн сомонӣ, ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб”-227,5 млн сомонӣ ва ҶДММ “ТАКХ “ Анзоб”-140,7 млн сомонӣ.
Дурнамои истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ ва филизоти қиматбаҳо дар солҳои 2020-2025 нишон дода шудааст дар ҷадвали 1 оварда шудааст.
Ҳиссаи соҳаҳои саноати коркард 59,1 дарсад, саноати истихроҷ 23,1 дарсад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 17,3 дарсад ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа 0,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, 93 дарсади онро кӯҳсор ташкил медиҳад. Сарватҳои табии зиёди кишвар аз қабили 4000 кони хурду бузурги маъданҳо, ки дар кишвар мавҷудият доранд ва то имруз зиёда аз 400 тои он кашф шудааст, дороию сарвати кишвари маҳбубамон маҳсуб меёбанд, метавонад барои рушди минбаъдаи саноати ҷумҳурӣ нақши калон дошта бошад. Яке аз сабабҳои пурра истифода нашудани конҳои мазкур набудани сармоя ва сармоягузор ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода мебояд Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар якҷоягии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ диққати махсус равона намоянд, то ки дар сурати сари вақт ва мақсаднок ба кор даровардани конҳои мазкур рушди босурати саноатикунонӣ ва иқтисоди кишвар ривоҷ меёбад.
Аз ҷадвали 2 дурнамои истихроҷи ангишт дар давраи то соли 2025 бармеояд, ки дар соли 2025 ба миқдори 2,4 млн тонна ангишт истихроҷ карда мешавад ва ин нисбат ба соли 2019 ба ҳаҷми 340 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз рӯйи навъҳои фаъолияти иқтисодӣ 11,8 млрд сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳамин давра дар ҷумҳурӣ 269 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2895 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст, аз ҷумла дар ВМКБ 24 корхона, вилоятҳои Суғд 79 корхона ва Хатлон 84 корхона, шаҳри Душанбе 22 корхона ва НТҶ 60 корхона.
Аз ҳисоби корхонаҳои нав дар ҳамин давра 747 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 2,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори 2594 корхона ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 234 корхона зиёд мебошад. Аз 2594 корхона 2060 корхона (79,4 дарсад) пурра фаъолият карда, 322 корхона (12,4 дарсад) мавсимӣ ва 212 корхона (8 дарсад) умуман фаъолият накардааст.
Дар ҳамин давра шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, чӣ тавре қайд гардид, 212 корхонаро ташкил дода, сабабҳои асосии муваққатан фаъолият накардан ва бо ин сабаб коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баъзе корхонаҳои саноатӣ ин ба мушкилоти молиявӣ дучор гардидани корхонаҳо (қарздории андозию бонкӣ, иҷоравӣ), поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, болоравии нархи ашёи хом, набудани талабот ва ба фурӯш нарафтани маҳсулотҳои истеҳсолӣ арзёбӣ мегарданд. Боиси таасуф ҳам ҳаст, ки баъзе корхонаҳо ҳануз аз давраи хусусӣ шуданашон то имруз мавриди истифода қарор нагирифтаанд.
Давоми нуҳ моҳи соли равон рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз ВМКБ (63,6 дарсад) таъмин гардида, дар вилоятҳои Суғд 122 дарсад, Хатлон 117,8 дарсад, шаҳри Душанбе 112,3 дарсад ва НТҶ 113,4 дарсадро ташкил дод.
Ба ҳолати имруза ҳиссаи саноати вилояти Суғд 57,1 дарсад, вилояти Хатлон 24,3 дарсад, ВМКБ 0,4 дарсад, шаҳри Душанбе 8,1 дарсад ва НТҶ 10 дарсадро дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ташкил медиҳад. (мисоли шаҳри саноатии Истиқлолу Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ноҳияи Файзобод, шаҳри Сарбанд ва як қатор дигар шаҳру ноҳияҳо, ки корхонаҳои бузурги саноатӣ пурра фаъолият надоранд).
Содироти маҳсулот ба ҳолати имруза 1 млрд 639 млн доллари ИМА-ро (30,3 дарсад) ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 85,2 млн доллари ИМА зиёд мебошад.
Содироти саноат бошад 942,5 млн доллари ИМА-ро ташкил ва нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 171% ё 391,3 млн доллари ИМА афзоиш ёфтааст.
Воридот бошад, 3 млрд 772 млн доллари ИМА-ро (69,7дарсад) ташкилдода, нисбат ба соли гузашта 772 млн доллари ИМА зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 истихроҷи ангишт аз ҷониби 14 корхонаи соҳа дар 11 кони амалкунанда ба 1 млн 808,9 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 246,0 ҳазор тонна зиёд мебошад. Захираи ангишт дар анбори корхонаҳо бо назардошти бақияи соли сипаригардида 361,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо дарназардоштани фаъолияти корхонаҳои пахтатозакуни моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 581 млн сомонӣ ё 29,5 дарсад зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 8,5 дарсадро ташкил дод.
Пешвои миллат дар доираи “Солҳои рушди саноат” дар панҷ соли минбаъда Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор намуданд, ки барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Дар “Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” дар ин робита гуфта мешавад, соли ҷорӣ содироти 60 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 89,9 млн доллар пешбинӣ гардида, дар соли 2023 ин нишондиҳанда 50 ҳазор тонна (78,6 млн доллар) ва соли 2024 – 40 ҳазор тонна (66,1 млн доллар) дар назар дошта шудааст. Тибқи ҳисобу китоби иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350 – 400 метри мураббаъ матоъ ва аз тухмӣ – 100-120 кило равған, тақрибани 270 кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст.
Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад. Аз ин миқдор тақрибан 140 ҳазор тонна нах ҳосил мешавад. Ҳудуди 20 ҳазор тоннаи он (15%) дар дохили Тоҷикистон коркард шуда, боқимонда ба содирот меравад. Тибқи ҳисобу китоби мутахассисони соҳа, агар 100 ҳазор тонна нахи пахта дар дохили кишвар коркард шавад, аз он метавон аз 350 то 400 млн метри мураббаъ матоъи гуногун истеҳсол кард. Аз 100 ҳазор тонна нахи пахта бо нархҳои имрӯза метавон 290 млн доллар даромад ба даст овард, лекин агар аз он матоъ истеҳсол карда шавад, даромад метавонад зиёда аз 1 млрд долларро ташкил диҳад ва ин ҳам бо ҳисобу китоби тахминӣ, – чунин изҳори андеша доранд мутахассисони соҳа. Бар иловаи ба даст овардани арзи хориҷӣ, роҳандозии коркарди пахта дар дохили Тоҷикистон имкон медиҳад, ки садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Ғайр аз ин, аз 400 ҳазор тонна пахта зиёда аз 40 ҳазор тонна равғани пахта ва қариб 45 ҳазор тонна хӯроки чорво гирифтан мумкин аст.
Ба ақидаи мутахассисон, аз коҳиши ҳаҷми содироти пахта ба сифати ашёи хом Тоҷикистон бурд хоҳад кард. Барои даромади иловагӣ гирифтан аз афзоиши коркарди пахта, пеш аз ҳама, истеҳсол ва ҳосилнокии онро зиёд кардан лозим аст. Мутаассифона, ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар ҳамагӣ 21 сентнерро ташкил медиҳад.
Тибқи агротехникаи парвариш руёндани ҳосили баланди пахта хароҷоти истеҳсолии зиёдро талаб менамояд. Бо дарназардошти нархҳои амалкунанда барои 25 сентнер ҳосили пахта тибқи таҳлили пешакӣ арзиши аслии 1 кг 14,65 сомониро ташкил медиҳад.
Чун аз натиҷаҳои фуруши нархи имсола деҳқонон на он қадар қаноатманданд, ин метавонад дар оянда ба коҳиш ёфтани майдони кишти пахта ва истеҳсоли он таъсири манфӣ расонад.
Мавриде фаро расидааст, ки минбаъд баҳри ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳурӣ истеҳсол ва фуруши пахта таҳти назорати давлатӣ қарор дода шавад.
Аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар маҷмуъ ба маблағи 302,0 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 33,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти дӯзандагии истеҳсолшуда 190 млн сомонӣ ва ё 63,0 дарсад ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10,5 млн ҷуфт ҷӯробҳои пахтагин ва ба маблағи 1,8 млн сомонӣ маҳсулоти кешбофӣ истеҳсол карда шудааст. Истеҳсоли қолин дар маҷмуъ, ба 5,5 млн метри мураббаъ расонида шуд ва суръати афзоиш 1,5 маротиба таъмин гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли мебел ба 72,0 млн сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиш 177,7 дарсад таъмин гардид.
Коркарди пӯсти чорво ба 872 ҳазор дона расонида шуд, ки дар қиёс ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 429 ҳазор дона зиёд мебошад ва аз пӯсти коркардшуда ҶДММ «Чарм» барои истеҳсолоти худӣ 38,8 ҳазор донаро равона намуда, аз он 6,0 млн детсиметри мураббаъ чарм истеҳсол кардааст, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 млн детсиметри мураббаъ зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли пойафзол ба 780 ҳазор ҷуфт, аз ҷумла пойафзоли резинӣ ба 332 ҳазор ҷуфт расонида шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имкон медиҳад Пешвои миллат дар Паёмашон зарур шумориданд, ки сохтору мақомоти дахлдор истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд. Дар робита ба ин, тибқи супориши Пешвои миллат бояд замини тутзорҳо ба муддати даҳ сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсоне ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шудаанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ дар 9 моҳи соли 2022 ба ҳаҷми 389 тонна пилла истеҳсол карда шудааст, ки назар ба 9 моҳи соли гузашта 58 тонна кам буда, суръати афзоиш ҳамагӣ 87,0 таъмин шудааст. Тибқи нишондиҳандаи дурнамои “Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” истеҳсоли пилла дар соли 2022 мебоист 780 тоннаро ташкил медод. Дар асл нишондиҳандаи Барномаи соҳа ҳамагӣ 50,0 дарсад таъмин шудаасту халос, ки ин ташвишовар мебошад.
Дар робита ба ин зарур аст, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳия намудани нақшаи чорабиниҳои дахлдор рушду равнақи соҳаи пиллапарварӣ дар ҷумҳурӣ таъмин шуда, ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаи Барномаи соҳа дар солҳои минбаъда чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар давоми 9 моҳи соли 2022 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар маҷмуъ, ба маблағи 2508,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи нархҳои амалкунанда 753,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин давра аз тарафи корхонаҳои соҳа 143,0 % таъмин карда шудааст.
ҶДММ «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар 9 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 369,4 млн сомонӣ расонид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 107,9 дарсад таъмин гардидааст.
Гарчанде дар ҷумҳурӣ назар ба ин давраи соли гузашта 28 трактор зиёд истеҳсол гардидааст, вале ин миқдор чандон қаноаткунанда набуда, ҳаҷми тракторҳои истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 20 дарсад талаботи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Омили асосие, ки ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли техника ва мошинолоти кишоварзӣ монеа эҷод намуда истодааст, ин бе пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ворид гардидани техника ва мошинолоти тайёри кишоварзӣ аз хориҷи кишвар мебошад.
Зарур шуморида мешавад, ки ба воридоти техника ва мошинолоти тайёри кишоварзӣ зимни воридот, андоз аз арзиши иловашуда ва ё ҳаққи коркарди дубора (утилизационный сбор) ҷорӣ карда шавад. Дар акси ҳол маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ дар бозор рақобат карда наметавонанд.
Тавре маълум аст, дар шаҳри Душанбе корхонаи ҷамъу васли автобусҳо Корхонаи Муштараки тоҷикию-туркии «Акия Авесто Автоматив Индастри» фаъолият менамояд, ки иқтидори истеҳсоли он аз 250 то 300 автобус дар як сол мебошад. Мутаассифона, бо сабаби набудани фармоиш дар давраи нуҳмоҳаи соли равон корхона автобусҳоро истеҳсол карда натавонист. Аз оғози фаъолият корхонаи мазкур 400 автобусро ҷамъу васл намудааст. Хурсандибахш буд, ки дар арафаи ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки соли гузашта дар Душанбешаҳр баргузор гардид, корхона 10 автобуси дуошёнаи аз Ҷумҳурии Туркия воридгардидаро пурра ҷамъу васл карда, мавриди истифода қарор дод, ки имрӯзҳо роҳҳои Душанбешаҳрро зебу зиннат мебахшанд.
Корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 2,9 млрд сомонӣ маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба нишондоди давраи соли гузашта 509,0 миллион бинокорӣ зиёд буда, суръати афзоиш 121,4% таъмин гардид. Ҳиссаи соҳа дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 9,6%-ро ташкил медиҳад. Дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 545 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ фаъолият дошта, дар онҳо 10700 нафар коргар фаъолият менамояд.
Дар давоми солҳои 2020-2025( нигар ба слайди 3) дар заминаи ашёи хоми ватанӣ бунёди 56 корхонаи нав, аз ҷумла 2 корхонаи истеҳсоли семент, 2 корхонаи шишабарорӣ, 2 корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои асбестӣ, корхонаи кошинбарорӣ, корхонаи коркарди санг, 28 корхонаи хиштбарорӣ, 20 корхонаи истеҳсоли қуму шағал бо таъсиси 1412 ҷойи кории нав пешбинӣ гардидааст ( ҷадвали 3).
Бояд қайд намуд, ки ҳиссаи корхонаҳои сементбарорӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 65%-ро ташкил дода, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 истеҳсоли семент ба 3 млн 249 ҳазор тонна расид.Новобаста аз ин корхонаҳои сементбарорӣ давоми 5 соли охир талаботи бозори дохилиро пурра таъмин намуда, дар баробари ин, ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя маҳсулотро содирот менамоянд.
Дар 9 моҳи соли равон зарфияти содироти зиёд гардида, ба хориҷи кишвар 1,1 млн тонна семент, аз ҷумла, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 761,8 ҳазор тонна ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон-321,6 ҳазор тонна ба маблағи 361,4 миллион сомонӣ содирот гардидааст, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта 230,6 ҳазор тонна семент зиёд мебошад. Ҳаҷми содиротшуда 33,3% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгардидаро ташкил медиҳад. Хурсандибахш аст, ки ҷумҳурии мо аз кишвари воридоткунандаи семент ба кишвари содироткунандаи семент мубаддал гашт.
Дар соҳаи саноати хӯрокворӣ дар нуҳ моҳи (январ-сентябр) соли 2022 бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии милли-саноатикунонии босуръат кишвар (яъне дар гузариши мамлакат аз иқтисодиёти шакли аграрӣ–саноатӣ ба саноатӣ–аграрӣ) корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст. Дар ин давра бо ҷалби сармояи сорҳибкорони ватанию хориҷӣ дар саноати хӯрокворӣ иловатан (нигар ба слайди 4) 85 корхонаи саноатӣ бо 865 ҷойи корӣ ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ сохта ба истифода дода шуд.
Амалисозии тадбирҳои дар Барнома пешниҳодшуда ба таъсиси истеҳсолоти нав, зиёд шудани номгӯй ва азхуд кардани навъҳои нави маҳсулот, коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти ғизоии саноатии воридотӣ ва тақвияти диверсификатсияи содирот мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ нисбат ба соли 2019 то соли 2025 зиёда аз 1,8 баробар афзоиш меёбад (слайди 4).
Бо вуҷуди ин, дар шароити имрӯзаи тағйирёбии муносибатҳои иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ корхонаҳои саноатӣ дар фаъолияти инноватсионӣ ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби зерин мувоҷеҳ мегарданд: соҳибкорони инфиродӣ, роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ба масъалаҳои такмили технологияҳое, ки маҳсули раванди инноватсионӣ мебошанд, инчунин, аз нав муҷаҳазгардонии техникӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири инноватсионӣ аҳамияти зарурӣ намедиҳанд. Маблағгузории корҳои тадқиқоти илмӣ ва озмоишию конструкторӣ, барои ҷорӣ намудани технологияҳои нави инноватсионӣ дар истеҳсолот ва навсозии фондҳои асосӣ дар саноат кофӣ нестанд.
Барномаи саноатикунонӣ имрӯз барои ташаккули фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамаи соҳаҳои саноат, дар амал ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, навсозӣ ва аз нав муҷаҳҳазгардонии техникии корхонаҳо ҳамчун омили асосии ҳалли мушкилиҳои дар боло зикршуда кумаки амалӣ хоҳад расонид.
Новобаста аз пешрафтҳо дар соҳаи саноат аз нигоҳи мо мушкилоти ҳалталаби зерин боқӣ мондаанд, ки минбаъд метавонанд ба рушди босурати соҳа таъсири манфӣ расонанд:
– норасоии маблағҳои гардишии корхонаҳо ва дарсади нисбатан баланди қарзҳои бонкӣ;
– боқӣ мондани ақибмонии техникӣ ва технологӣ, дараҷаи баланди фарсудашавии моддию маънавии таҷҳизоти саноатию кишоварзӣ;
– сатҳи нокифояи рушд, рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи саноати коркард;
– набудани мутахассисони баландихтисос, ба монанди менеҷерони сатҳи баланд ва менеҷменти миёна;
-сатҳи пасти ҳамкориҳои дохилӣ ва байниминтақавӣ ва рушди муносибатҳои кластерӣ;
-мунтазам баланд гардидани нархи интиқоли энергия, ҳамлу нақли ашёи хом ва маҳсулот;
– иштироки нокифояи корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар фаъолияти иқтисоди берунии кишвар, бо сабаби надоштани имконияти таъмини талаботи марказҳои савдои хориҷи кишвар аз ҷиҳати ҳаҷм;
– зиёд гардидани талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ ба нуриҳои минералии гуногун ва гароннарх будану нарасидани онҳо;
– талаботи доимӣ ба техникаҳои хурди кишоварзӣ барои коркади байни боғҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ;
– ба таври зарурӣ истеҳсол ва коркард нашудани пилла то маҳсулоти ниҳоӣ;
– мавҷуд набудани нуқтаҳои ҷамъоварии пӯст ва пашм дар минтақаҳои ҷумҳурӣ; (Солҳои пеш дар назди иттифоқи Тоҷикматлубот ин самт фаъол буд) ;
– дар сатҳи зарурӣ бунёд нагардидани майдони тутзорҳои интенсивӣ барои зиёд намудани хӯроки кирмак;
– нокифоя маблағгузории соҳаи пиллапарварӣ ва нархи пасти хариди пилла;
-ташкил намудани нуқтаҳои иловагии қабул ва коркарди оҳанпораҳо, қоғазпораҳо ва маводи пластикӣ, ҷамъоварии алоҳидаи партовҳои сахти маишӣ бо мақсади коркарди минбаъдаи онҳо, ҳамчунин, таъсис додани корхонаю коргоҳҳо барои коркарди партовҳо.
Ба ҳамагон маълум аст, ки то чархаи осиёб тоб нахӯрад санги осиёб гандумро соиш дода, ба орд мубаддал намегардонад. Ҳамакнун масъулонро лозим аст, ки барои саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини асосии рушди устувор чархаи ҳамаи корхонаҳои азфаъолият бозмондаро ҳарчи тезтар гардон намоянд. Ба қавли бузургони Аҷам:
Рузӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиёб зи пайи обу дона рафт.
Имомназари Каримиён,
Аълочии фарҳанг ва
матбуоти Тоҷикистон,
сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон