Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддастарин ва бузургтарин неъмати бадастовардаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба шумор меравад. Тоҷикистон маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид. Дар асоси изҳори иродаи қавии мардум санадҳои муҳимми сиёсӣ қабул карда шуданд. Инчунин, Тоҷикистон асосҳои сохтори Конститутсионии худро муайян намуд, инсон ва ҳимояи ҳуқуқҳои он дорои арзиши олӣ гардида, роҳбарияти олии кишвар низоми давлатдории миллиро ба роҳ монданд. Ҷашну ойинҳои неки аҷдодӣ аз нав эҳё гардида, густариш бахшидани ҳамкориҳоро ба дигар кишварҳо, таҳким бахшид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократи ва дунявӣ ҳамчун субъекти баробарҳуқуқ дар муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Роҳбарияти кишвар бо сиёсати сулҳҷӯёна ва сиёсати дарҳои кушод, бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкориҳои густурдаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар ҳошияи шарикии стратегӣ ва шарикии боэътимод ба роҳ монда, нуфузи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Бори нахуст санаи 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари СММ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Сиёсати дарҳои кушод, санаи 31-уми декабри соли 2002 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 184 давлатҳои ҷаҳон расман шинохта, муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор намуда истодаанд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ мардуми шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Дар ин замина муваффақиятҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷухи хосса қарор гирифтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардиданаш, сиёсати хориҷиро дар асоси эҳтироми тарафайн ва судманд, байни давлатҳои ҷаҳон пеш мебарад. Яке аз дастовардҳои арзишманд дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва оромӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар қатори ин ҳама дастовардҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шашгонаи амнтарини давлатҳои ҷаҳон шомил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои пешоҳанг ва ташаббускор дар самти тағйирёбии иқлим шинохта мешавад.

Бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ ҳамасола афзоиш ёфта, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ дар солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас расидем. Аз ин рӯ, мардуми шарафманди  Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки ин санаи муҳимми таърихиро муқаддас шуморида, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузоранд. Дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоикорҳои зиёде иҷро гардид, ба монанди: паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ ва соҳибкорию, дастгирии бахши хусусиро метавон зикр кард.

Дастовардҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ назаррас буда, соли 2000–ум ҳаҷми ММД ҳамагӣ 1,7 млрд. сомониро ташкил медод, ин нишондиҳанда соли 2023–юм ба 130730 млн. сомонӣ баробар гардид, ки дар ин давра бештар аз 76 маротиба зиёд гардидааст.

Ҷадвали 1

Нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2015–2023

Сарчашма: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумотҳои оморӣ.

Чи тавре, ки дар ҷадвал оварда шудааст, сатҳи рушди ММД соли 2023˗юм ба 130,7 млн сомонӣ баробар гардида нисбат ба соли 2015 79700 млн сомонӣ ё ин, ки 2,5 баробар зиёд мебошад.

Бо дарназардошти ин, ММД ба сари аҳолӣ мунтазам афзоиш ёфта, соли 2023 ба 13077,0 сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса ба соли 2015 ба маблағи 7045,3 сомонӣ, ё ин, ки 2,2 баробар зиёд мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки бо сабаби паҳншавии пандемияи КОВИД˗19 дар соли 2020 сатҳи таваррум боло рафта, 9,4 банди фоизиро ташкил намуда буд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд солҳои минбаъда меъёри таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, ин нишондиҳанда соли 2023 3,8 банди фоизиро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 5,6 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Яке аз мақсадҳои дигари Ҳукумати мамлакат ин паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба шумор меравад, ин нишондиҳанда дар соли 2010–ум 45 дарсади аҳолиро ташкил медод ва дар соли 2023 бошад, ба 21,2 дарсад баробар гардид. Паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар ин солҳо аз бисёр ҷиҳат ба рушди иқтисоди миллӣ алоқаманд буда, дар натиҷаи таъмини рушди соҳаҳои воқеӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ сатҳи камбизоатӣ паст гардид.

Диаграммаи 1

Сатҳи камбизоатӣ дар давоми солҳои 2010˗2023

Сарчашма: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумотҳои оморӣ

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ санаи 28 декабри соли 2023 ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 дарсад паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои дар боло зикргардида, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 дарсади соли 2017 то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Ҳамзамон, бо беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ин нишондиҳанда аз 45 дарсади соли 2010 то 24 дарсад дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки тавассути татбиқи самаранокии барномаву нақшаҳои қабулгардида, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад таъмин карда шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад гузоштааст, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда, маҷмуи маҳсулоти дохилиро ба сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар паст намояд ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 дарсад зиёд гардонад.

ИБРОҲИМЗОДА Иброҳим Шоҳ,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед