Истиқлолияти кишвар барои ҳар як фарди ватанпарвар чун неъмати илоҳӣ муқаддас буда, он ба мисли гавҳараки чашм ва сарвати беназир азиз мебошад. Беҳуда нест, ки мафҳуми Ватан ва Модарро тоҷикон ҳамрадиф медонанд. Аз ин рӯ, ҳар як солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ба шукӯҳу шаҳомати ин диёри биҳиштосо боз ҳам нури иловагӣ зам менамояд. Дар нахустин зинаҳои истиқлол тоҷикон аз Офаридгори хеш талаби расидан ба хамдилӣ ва ваҳдати вокеӣ намудаанд, ки он билохира, ба мо муясар гашт. Халқи кӯҳистон хуб медонанд, ки ҳар қадар, ки ба қулла наздик шав, домони уфуқ ҳамон қадар вусъат меёбаду манзара пеши чашм фарохтар мешавад ва боз инсон мехоҳад, ки болотар барояд. Зиндагӣ низ ба ин воқеъият шабоҳат дорад. Дуруст аст, ки он 29-соле, ки халқи тоҷик зери парчами истиклолият  умр ба сар бурда аст, аз лиҳози ченаки таърихӣ вақти на чандон зиёдаст. Бе муҳобот, ҳоло бошарофати истиқлолияти Ватан саросари марзубуми Тоҷикистонро ҳам дили ваҳдат фарогир аст. Якдигарфаҳмӣ миёни мардум реша медавонад, ифтихори милли то рафт болотару қавитар мешавад, номусномаи миллати бостониро бошад, ҳамарӯза сатрҳои заррину нав ба нав пуратар месозанд. Ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати заҳмати шабонарӯзи халқи азиз арзи вуҷуд кардааст.

Мардуми тоҷик, амон ки дар охири асри 20 масъулият эҳёи Ватан ба дӯшаш бор шуда буд, гӯё дарси ҳаётро гузаштаву танҳо он гоҳ ба хубӣ дарк намуд, ки фақат маҳз бо роҳи сулҳу субот, дӯстиву рафоқат ва якдигар фаҳмиву  якдилӣ метавонад аз вартаи ҳалокат раҳо ёбад. Бинобар ин, дар рӯзи нахустини роҳбари давлат интихоб шуданаш, сарвари давлат низ  ба таърихи ғании миллаташ рӯ оварда, баён намуда буд:  ”Мо як Ватан ва як модар дорем. Биёед, бародарвор дасти ҳам гирему машғули меҳнати осоиштаю созанда шавем. Танҳо дар сурате, ки номуттаҳид бошем, Тоҷикистонро аз хавфи нестшавӣ ва порашавӣ наҷот медиҳем, онро ба давлати воқеъан пешрафта ва соҳибистиқлол табдилм медиҳем”, ки воқеан ҳам чунин шуд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони 29 соли истиқлолияти худ як қатор ислоҳоти аниқу дақиқро дар самти фаъолияти соҳибкорӣ, буҷету хазина пуркунӣ ва дигар низомҳое, ки махсусан аҳамияти аввалиндараҷаро барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ доранд, ворид намуданд. Аз ин ҷост, ки баҳри сабукгардидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар меъёрҳои андозу фоизҳои қарз сол то сол паст карда шудаистодааст. Дар мисоли оди меъёри андоз аз фоида ва андози тибқи низоми соддакардашуда,  дар асоси принсипи регресивӣ амасола 1-2 дарсад кам карда шуда истодааст. Ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ва татбиқи андози  низомаш  содакардашуда боиси боз ҳам беҳтар гардидани ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар  кишвар гардид.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ  шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум мебошад. Дар маҷмӯъ, аз замони истиқлолият то ба имрӯз дар самти ташаккули фаъолияти самараноки соҳибкорӣ ҷониби Ҳукумати мамлакат  як қатор дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳия ва қабул гардиданд, ки баъзе аз онҳо алҳол мавриди татбиқ қарор доранд.

Бо амалӣ гаштани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда  фазои соҳибкорӣ беҳтар  гардида, рушди минбаъдаи он таъмин гашта истодааст. Махсусан, тамоюли инкишоф ва рушди соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминаи устувори ташаккули табақаи миёна ва омили асосии паст кардани сатҳи камбизоатию бекорӣ мебошад, мушоҳида карда мешавад. Дар натиҷаи ислоҳот ва чораҳои амалигардида, солҳои охир  рушди мунтазами соҳибкорӣ ба мушоҳида расида, шумораи  субъектони соҳибкорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба беш аз 326.516 нафар баробар гардид ва ин тамоюл пайваста рӯ ба афзоиш дорад. Инчунин, ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли ММД 70 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин  истиқлолият хеле ҳам паст буд.  Ҳамаи ин гувоҳ аз андешидани тадбирҳои муассири давлатӣ дар ин бахши муҳими иқтисодиёт далолат медиҳад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ теъдоди умумии субъектони соҳибкорӣ дар маҷмӯъ, тақрибан 40 маротиба афзоиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои  ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.

Мунтазам афзудани нишондиҳандаҳои ин бахш муҳими иқтисодиёт дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ- иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла, паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсири мусбат расонида истодааст. Баъд аз ин, рушди соҳибкории хурду миёна дар таъмини бозори дохилӣ ва паст намудани дараҷаи нархи молу маҳсулот ҳиссагузор буда, асосҳои иқтисодии истиқлолияти мамлакатро таъмин месозад.

Фарзона Ғуломносирова,

мутахассиси пешбари

Раёсати тадқиқоти  масъалаҳои

соҳибкорӣ ва  инкишофи бахши  хусусии

Маркази тадқиқоти стратегии

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед