Имрӯз дар асри XXI соҳаи сайёҳӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намуда, сарчашмаи даромади аксарияти давлатҳои ҷаҳон гаштааст. Давлатҳои абарқудрат бамонанди ИМА, Фаронса, Итолиё, Олмон, Канада, Австралия, Британияи кабир ва дигарон аз соҳаи сайёҳӣ даромади арзанда гирифта, бомаром рушди соҳаро таъмин намуда истодаанд. Дар воқеъ имрӯз соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарин дар ҷаҳон баҳисоб рафта, сол то сол нишондиҳандаҳои худро беҳтар намуда истодааст. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 сайёҳии байналмилалӣ 4% боло рафта, аз моҳи январ то июни соли 2019 дар ҷаҳон 671 млн сайёҳони байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2018 қариб 30 млн зиёд мебошад.
Боиси қайд аст, ки рушди сайёҳӣ дар дилхоҳ мамлакат ин пеш аз ҳама пайдо шудани ҷойҳои кории нав, рушд ёфтани инфрасохтор, пешрафти иқтисодиёт, эҳё ва такомули фарҳанг, баланд шудани некӯаҳволии ҷомеа, шуҳрат ёфтани мамлакат дар арсаи ҷаҳон ва ғайра мебошад. Бо ин асос Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ҷавон барои рушди соҳа қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар мамлакат пояи ҳуқуқиву сиёсии соҳа аз ҷониби ҳукумат бо роҳбарии Пешвои миллат гузошта шуда, шароити созгор ҳаматарафа муҳайё шуда истодааст. Ба ин мисол шуда метавонад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳӣ, барномаву консепсияҳо дар бораи рушди сайёҳӣ, Стратегияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ ва аз тарафи Пешвои миллат эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин эълон намудани солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавии географӣ, табиати ба худ хосро доро буда, фарҳанги бою таърихи қадима, захираҳои табииву канданиҳои фоиданок, манзараҳои зебои нотакрори кӯҳӣ ва бо табиати дилфиребу чашмаҳои шифобахшаш сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Аммо мутасифона, дар баробари ҳамаи имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ, ҳанӯз ҳам як қатор муаммоҳое ҷой доранд, ки монеаи рушди устувори соҳа шудаанд. Яке аз ин гуна муаммоҳо ин мавҷуд набудани омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар натиҷаи таҳлил муайян гашт, ки аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба монанди Фаронса, Олмон, Австралия, Кипр, Испания, Ирландия, Португалия, Сингапур, Туркия, ва ғайра баҳисобгирӣ ё ин ки омори сайёҳиро ба роҳ мондаанд ва аз он натиҷагирӣ намуда, соҳаро арзёбӣ менамоянд. Қисмате аз онҳо сайёҳонро дар сарҳад ва қисмати дигар дар воситаҳои ҷойгиркунӣ ба қайд мегиранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбарии корҳои илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳлили дақиқ маълумоти омори сайёҳии муайян мавҷуд нест. Масалан, шумораи умумии сайёҳон дар сол агар муайян бошад, аз онҳо чи қадар ҷавон, миёнасол ё наврас, давомнокии сафар дар қаламрави мамлакат, хароҷоти сайёҳӣ, мансубияти миллат, аз кадом давлатҳои хориҷа бештар сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд, бештар ба кадом намуди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майлу рағбат доранд ва ғайра номаълум мебошад. Амсоли ингуна саволҳо ба худ посухи дақиқ хоста, таҳлилу тадқиқи муайянро талаб менамоянд.
Расми 1. Динамикаи омории ворид ва баромади сайёҳон дар ҶТ барои солҳои 2013-2018
Эзоҳ: Маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи ҷадвали якуме, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот додааст, афзоиши шумораи сайёҳони хориҷие, ки тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ ба ҳайси сайёҳ ворид шудаанд, нисбат ба соли 2013 4,9 маротиба боло рафта, дар соли 2018 суръати афзоиши онҳо бомаротиб нисбати соли 2017 зиёд шудааст. Аммо нисбати давомнокии сафари онҳо дар мамлакат, хароҷоти сайёҳии онҳо, аз кадом давлатҳои хориҷӣ бештар ташриф овардаанд, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ бештар ба кадом намуди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, ба кадом минтақаи ҷумҳурӣ бештар таваҷҷуҳ доранд, кадом намуди хизматрасониҳои сайёҳиро бештар истифода мебаранд, ташрифи сайёҳони зан бисёртар аст ё мард, ба мамлакат бисёртар ҷавонон, наврасон, миёнасолон таваҷҷуҳ доранд ё калонсолон, сабаби интихоб намудани мамлакат ҳамчун объекти сафар, ягон маълумоти дақиқ вуҷуд нест. Ҳол он, ки аз рӯи ингуна маълумотҳо давлатҳои пешрафта самт ва стратегияи рушди соҳаи сайёҳиро муайян менамоянд.
Нисбати сафари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайси сайёҳ ба хориҷ сафар намудаанд, низ ҳолат чунин аст, яъне ба таври кофӣ мо маълумоти дақиқ оид ба куҷо сафар намудан, бо мақсади кадом намуди сайёҳӣ сафар намудан, бештари сафаркунандагон мард ё зан, миёнасол, калонсол ё ҷавонон, бештар ба кадом давлатҳо сафар менамоянд, вақти сафар ва хароҷотҳои сафари онҳо чиқадар аст, надорем. Он маълумотҳое, ки тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ҷамъоварӣ ва пешниҳод карда мешаванд, онҳо нопурра буда, аксари шаҳрвандон берун аз хизматрасониҳои ширкатҳои сайёҳӣ ба хориҷа сафар менамоянд.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки яке аз усулҳои омори соҳаи сайёҳӣ, ин услуби ҳисобгирии сарҳадӣ мебошад. Масалан, давлати Канада маълумот нисбати шаҳрвандони худро, ки аз сафари ИМА бозмегарданд, ҷамъ намуда, ин маълумотро ба идораи миллии сайёҳии ИМА медиҳад. Ғайр аз ИМА ва Канада ин усули омориро давлатҳои Бритониёи Кабир, Ирландия, Испания, Португалия, Кипр, Австралия ва ғайра истифода мебаранд.
Омӯзиши масъала ва таҳлили он нишон дод, ки соҳаи сайёҳӣ дар ҳақиқат соҳаи муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, аз ҷумла барои рушди устувори кишварҳои рӯ ба тараққӣ муҳимияти хос дорад. Зеро рушди соҳаи сайёҳӣ барои созмон додани инфрасохтори замонавӣ, ҷойҳои нави корӣ ва дар умум барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Дар ин асос барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва таъмини рушди устувори он чораҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:
1. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати алоҳидаи омор ва таҳлили сайёҳӣ ташкил кардан муфид мебошад. Раёсати мазкур ҳисоби таҳлилии шумораи сайёҳонро бурда, дар натиҷаи омори ба даст оварда бозори сайёҳиро тақсимбандӣ ва самти афзалиятнокии онро муайян намуда, стратегияи ояндаи рушди сайёҳиро муқаррар месозад.
2. Барои мукамалгардонӣ ва гирифтани маълумотҳои омории дақиқ, байни сохторҳои дахлдори давлатӣ ташкил намудани низоми ягонаи манбаи маълумоти омории сайёҳиро мувофиқи мақсад меҳисобем.
3. Барои коркард, таҳия ва тартиб додани методология ва услуби низоми ягонаи манбаи маълумоти омори сайёҳӣ, ташкил намудани гуруҳи корӣ аз сохторҳои давлатӣ, ба монанди: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мешуморем.
Мирбобоев Фурқат – муовини
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон