Ба ифтихори ҷашни Сада
Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллии худ сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада иди сеюми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз–сари соли оянда мебошад.
Сада агарчи дар гузашта яке аз муҳимтарини сегонаи ҷашнҳои бузурги сол будааст, дар матни фарҳангу адаби таърихии мо он идомаи дурахшонеро, ки ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон доштаанд, надоштааст ва андаке баъдтар аз шоирони даврони Султон Маҳмуд ва Султон Масъуди Ғазнавӣ, ба истиснои ишорае аз Хоқонии Шарвонӣ ва Ҳаким Низомӣ, дигар шоҳиди адабие дар ёдкарди ин ҷашн дар матнҳои тафсирӣ ба назари мо нарасидааст. Шояд ин сукути нисбии барвақттари Сада ба чанд омили зер бастагӣ дошта бошад:
- Мавсими ин ҷашн, ки ба авҷи сардии зимистон ва шароити сангину фақри табиат рост меояд;
- Вуҷуди меҳварии унсури оташ дар таркиби он, ки баъдтар ба ин хотир ҷанбаи мазҳабии (зардуштии) бештаре ба он додаанд, агарчи дар ибтидои пайдоиш ба мазҳаб ва зардуштия муносибате надоштааст;
- Пайванди қавии он ба масъалаи рушди таквинии тамаддуни башарӣ, ки дар низомҳои эътиқодии баъдӣ дигаргун шудааст.
Дар тафсирҳои мавҷуд то кунун дар хусуси ҷашни Сада маълумоти фаровоне гирд омадааст, ки аксаран аз таъбиру тафсири луғавии худи калимаи “сада” шурӯъ мегардад, ки решаи он ҳанӯз барҷой ва роиҷ аст, ки шумори сад (100) мебошад. Аз ҷумла дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”-и таълифи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ омадааст:
“Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад. Дар ваҷҳи тасмияи он ба «сада» орои мухталифе матраҳ шудаанд:
Аз Сада то Наврӯз сад рӯзу шаб аст ва дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расид. Аз ҷашни Сада то замони гирдоварии ғалла сад рӯз боқист, зеро дар навоҳии муътадил ҳудуди панҷоҳ рӯз баъд аз Наврӯз метавон гандум, бавижа ҷав, бардошт кард. Дар таъйиди ин назар бояд гуфт, ки дар бархе рустоҳо ва шаҳрҳои ҷануби Хуросон ҳамзамон ба оташафрӯзӣ дар шаби даҳи баҳман ва ҳангоми баргузории ҷашни Сада ашъоре хонда мешаванд, ки мисраи баргардони он чунин аст: “Сада, Сада, сад ба ғалла, панҷа (панҷоҳ) ба Наврӯз”.
Дар тақвими куҳани эронӣ солро ба ду бахши номусовӣ тақсим мекарданд: фасли гарм, аз аввали фарвардин то поёни меҳр ва фасли сард, аз аввали обон то поёни исфанд. Рӯзи даҳуми баҳман, яъне обонрӯз, дуруст миёнаи зимистон аст, ки дар он сармо ба авҷи худ мерасад ва дуруст сад рӯз аз зимистон мегузарад”.
Чунон ки дида мешавад, дар ин манбаъ ҳама тафсирҳои мавҷуд ба асоси шумори сад аст, ки назари дигар ҳам бар ҳамин мабно буда, рӯзе шумурда мешавад, ки дар он гӯё шумори фарзандони Одам ба сад расидааст. Албатта, назарҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, аммо ин назарҳо аксаранд ва шахсиятҳои муътабаре чун Абӯрайҳони Берунӣ бар он мебошанд.
Ҳамчунин, дар бораи бунёнгузори ин ҷашн ҳам назари ғолиб бар Ҳушанг –дувумин шоҳи силсилаи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ–Каюмарс ва фарзанди Сиёмак далолат мекунад. Аҳёнан, ин ҷашн ба Фаридун низ нисбат дода шудааст, ки дар ин хусус дар “Фарҳанги асотир”-и мазкур омадааст: “Китоби “Шарҳи бист боб” достоне дигаре дар боби кайфияти пайдоиши ҷашни Сада нақл карда, ба ин баён, ки баъд аз он ки Фаридун бар Заҳҳок зафар ёфт, холигари (ошпаз) Заҳҳок, Армоилро уқубат мекарданд. Ӯ муддаӣ шуд, ки қавмеро аз куштан наҷот дода ва акнун ба кӯҳи Дамованд бошанд. Фаридун бо лашкари худ савора мутаваҷҷеҳи Дамованд шуд, то он мардумро ба шаҳр боз оварад. Чун шаб даромад ва роҳ гум карданд, бифармуд, то оташҳо барафрӯхтанд ва халқе азим аз озодкардагони таббох ҷамъ омаданд ва Фаридун дар он шаб шодиҳо кард ва ҷашне фармуд ва Армоилро меҳи муғон кард. Эрониён ба ёдгори ин шодӣ ҳар сол дар он шаб оташ меафрӯзанд”.
Аммо ончи дар “Шоҳнома” дар бораи ҷашни Сада омада, рабте ба шарҳу маънидоди ин калима надорад, вале аз он ба тавре ёдоварӣ мешавад, ки он гуна ки хосси ин шоҳасари беназир ва сабки соҳиби он аст, аз дидгоҳи ақлу мантиқ ва ҳадафмандӣ, ғоянокӣ) нисбат ба тамоми сарчашмаҳо ва манбаъҳои дигар маъқултар ва ҳакимонатар ба назар мерасад, агарчи “Шоҳнома” худ қабл аз ҳам як асари бадеист ва бояд дасти соҳиби он дар хаёлпардозӣ бозтар аз ҳар каси дигар бошад.
Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар “Шоҳнома” хеле муфассалтар ва пурмаънотар аз он маълумотест, ки дар ҳамин китоб дар бораи Наврӯз ва Меҳргон омадааст. Агар дар хусуси зуҳури он ду ҷашни бузург шоир ба се то чаҳор байт иктифо карда бошад, дар хусуси зуҳур ва оғози ҷашни Сада шумори абёт хеле бештар аст ва гузашта аз ин, дар хусуси он боби махсусе дар “Шоҳнома” вуҷуд дорад:
Бунёд ниҳодани ҷашни Сада
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз
Падид омад оташ аз он санг боз.
Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,
Аз ӯ рӯшаноӣ падид омадӣ.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин
Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто: “Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ”.
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Боз дар ин боб муҳимтару маънодортар ин нукта аст, ки кашфи оташ аз тарафи Ҳушанг дар зимни тадбирҳои паёпайи ӯ оварда мешавад, ки аз рӯйи моҳият онҳоро метавон тамаддунофаринӣ унвон кард. Агар Каюмарс ё Кӯҳшоҳ ойини шоҳиро барпой кард ва нахустин касе буд, ки “Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй”, ҷуз ҳамин чизе аз кори тамаддунофаринӣ ва санъатсозии ӯ ёд намешавад ва бино бар ҳамин метавон гуфт, ки ривоҷи воқеии тамаддун ва ҳунар аз замони Ҳушанг ва бо ибтикори бевоситаи худи шурӯъ гардида, бо Таҳмурасу Ҷамшед ба камол мерасад. Муҳимтарин дастовардҳо ва ихтироъоти Ҳушанг дар ин силсила онгуна ки дар “Шоҳнома” ёд шуда, аз ин қабил аст:
- Кашфи оташ;
- Ҷудо кардани оҳан (филизот) аз санг;
- Сохтани афзори оҳанӣ (филизӣ), ки аз ҷумла аз табару арраву теша ҷудогона ёд мешавад ва албатта, табиист, ки аслиҳа низ;
- Сохтани шабакаи обёрӣ, ки “Зи дарё бароварду ҳомун навохт.– Фирдавсӣ”;
- Кишту варз ва истеҳсоли маводи кашоварзӣ, ки то ин замон хӯроки мардум танҳо аз меваҷоти худрӯй буд;
- Ром ва аҳлӣ кардани ҳайвоноти ваҳшӣ: “Бад-он эзадӣ фарру ҷоҳи каён, Зи нахчиру гӯру гавазни жаён. Ҷудо кард гову хару гӯспанд, Ба варз оварид, он чи буд судманд“. Яъне шурӯъи чорводорӣ.
- Таҳияи пӯшоки мардум аз пӯсти (чарми) ҷонварон, ки то ин замон пӯшокашон барги дарахтон будааст: “Бад-ин гуна аз чарми пӯяндагон бипӯшид болои гӯяндагон“.
Дар маҷмӯъ, мебинем, ки ончи барои рушдупешрафти се соҳаи фаъолияти асосии иқтисодии ҷомеаи инсонӣ, ки ҳанӯз ин ҷойгоҳро ҳифз кардаанд, яъне саноат, кашоварзӣ ва чорводорӣ дар замони Ҳушанг ва ба ташаббуси ин шоҳи бузург зербинои аслӣ бунёд ниҳода мешавад.
Агарчи кашфи оташ дар назму тартиби ёдоварии ин ихтироъот дар миёна омада ва боби махсусеро ташкил дода, аммо мусаллам аст, ки ин ихтироъ оғоз ва ҳусни матлаъи ихтироъоти баъдӣ мебошад, зеро бидуни гудохтан оҳан ва дигар филизотро аз санги маъдани он ҷудо кардан муяссар намегардад. Ҳамин ишора ҳам ба воқеияти ин кор гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳушанг дар шикоргаҳ ба сӯйи мор силоҳи филизие, аз ҷумла чунон, ки баъдҳо дар ҷанги диловарон бо аждаҳо мебинем, аз тири пайкондор истифода накард, чун табиист, ки онро надошт ва санг партоб намуд. Бидуни афзори оҳании кашоварзӣ низ обёрӣ ва ҷӯй кандан аз дарё ба ҳомун муяссар намегардид, ки боз оғозаш ба оташ мерасад.
Бино бар ин мулоҳизаҳо оташи ихтироъкардаи Ҳушанг нахустин партави дурахшон ва неруманди тамаддуни ҳаётии башарӣ буд ва онро “фурӯғи эзадӣ” шумурдан ҳамоно неъмати илоҳӣ донистан аст, ки ба баракати он зиндагии инсон сару сомон ёфт. Ин оташро дар ниҳоят ба неру (энергия) ҳам татбиқ кардан мумкин аст.
Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки маҳсули ин оташ сартопо хайру созанда (на сӯзанда) тавсиф мешавад ва он маҳсули ҷаҳду талоши инсони воломаниш дар як муҳити табиӣ ва дар доираи имконоти инсонӣ таъриф меёбад. Аз ин назар бо достони пайдоиши оташ дар асотири милатҳои дигар имтиёз ва бартарии равшан дорад.
Давраи (эраи) санг (ҳаҷар), ки тулонитарин даврони таърихи башар мебошад, ба асоси ин иттилоъот дар таърихи миллии мо (албатта, бар асли ин ривоятҳои достонӣ ва асотирӣ) чандон ҳукумати тӯлонӣ надошта ва дасти тамаддуни тоҷикон муддати зиёд зери санг намондааст.
Ҳушанг дар фарҳангҳо “Бахшандаи ҷойгоҳи хубу некуманзар” тавсиф шудааст, аммо аз матни “Шоҳнома” ва майли Ҳаким Фирдавсӣ чунин бармеояд, ки решаи ин ном бо “ҳуш” бемуносибат нест, ки ба маънои дигар хирад ва равони хирадманд таъбир мешавад ва “анг” чун пасванди нисбатсоз корбурди фаровон дорад.
Ҳушанг аз қабили қаҳрамонони хушноми “Шоҳнома” чун Фаридуну Эраҷ ва Сиёвуш мебошад, ки минбаъд дар фарҳанги даврони исломӣ низ аз онҳо фаровон ба некӣ ёд шудааст ва аз ҷумла Ҳушангро бунёдгузори шаҳрҳои Бобилу Шуш ва нахустин барпокунандаи намоз ва намозгоҳ муаррифӣ кардаанд.
Метавон бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои “Шоҳнома” дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, яъне ободонӣ, тамаддунофаринӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, рӯшангарӣ ва кашоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.
Рустам Ваҳҳоб,
сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ”,
номзади илмҳои филологӣ