Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори ҷомеаи байналмилалӣ имзои созишномаи таърихии сулҳро миёни ИМА ва гурӯҳи Толибон, ки рӯзи 29-уми феврали соли 2020 дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Довҳа сурат гирифт, васеъ истиқбол намуда, ин рӯйдоди таърихиро як қадами ҷиддӣ дар оғози раванди истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон медонад. Зеро дар бунёди ин сулҳи деринтизор саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо иқдомҳои шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки масъалаи барқарории сулҳу суботро дар кишвари ҷангзадаи ҳамсояи худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ҳамчун мушкилоти ҷаҳонӣ эълом дошт ва аввалин ҳамоишҳои байналмилалиро барои сарпарастони ҳалли сиёсию иқтисодии қазияи Афғонистон баъд аз вуруди низомиёни кишварҳои Ғарб ба сарзамини он баргузор намуд.

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба роҳ мондани муносибатҳои судманд бо Афғонистон ва саҳмгузорӣ дар ҳалли буҳрон дар ин кишвар ба шумор меравад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин самт бар асоси манфиатҳои миллии кишвар, асли ҳамсоягии нек, бо назардошти муштаракоти ҷуғрофӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динию мазҳабӣ ва ғайра бо Афғонистон ва ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба моҳияти мураккаби равандҳои геополитикӣ дар минтақа шакл мегирад.

Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, хостори тақвияти ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт ба ҳисоб меравад.. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат пайваста чӣ аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чӣ дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки суботу оромии ҳамсоякишварамон – Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 км сарҳади муштарак дорад, ки тамоми хатти марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ниҳоят тӯлонӣ будани хатти сарҳадии муштарак нишонгарӣ то чӣ ҳад пайваст будани ду сарзамин аст.

“Ҳамсоягии нек” дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун як пояи мустақили бунёдӣ эътироф шуда, он аз тамоми манфиатҳои дигар болотар гузошта мешавад, зеро бисёр нодир аст, ки ҳамсоягии ду кишвар аз бунёди устувори маънавию арзишӣ ва аз пайвандҳои бародаронаи таърихию фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба манфиатҳои миллии ду кишвар комилан ҷавобгӯ бошад. Яъне ду кишвар ҳам ҳамсоя бошанд, ҳам бародари воқеӣ бошанд, ҳам дӯст бошанд, ҳам шарики сиёсию амниятию иқтисодии ҳамдигар бошад. Маҳз аз ин сабаб, асли ҳамсоягии нек ва воқеъбинона ҳамчун заминаи тамоми самтҳои дигари муносибатҳо, ба унвони пояи аввали сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар нисбати Афғонистон дониста мешавад.

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори дидани Афғонистони муттаҳид, ягона, соҳибистиқлол ва дорои давлати марказии қавӣ буда, аз ҳеҷ гуна тарҳҳо, пешниҳодҳо ва идеяҳое, ки тақсими Афғонистон ва ё шикасти якпорчагии ин кишварро пешбинӣ мекунанд, ҳимоя намекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро аз муҳимтарин шарикони худ дар мубориза бо экстремизму терроризм медонад. Ду кишвари ҳамсоя имконият, таҷриба ва зарурати ҳаётии мубориза бо ин падидаҳои харобиоварро доранд. Илова бар ин, аз назари Тоҷикистон ҳамкории воқеии ду кишвар дар ин самт на танҳо ба нафъи ду ҷониб, балки ба нафъи тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Воқеан, Афғонистон на сарзамини ифротгароиву терроризм, балки худ яке аз бузургтарин қурбониёни ин падидаҳо мебошад. Давлати Афғонистон амалан, дар сафи аввали мубориза бо ифротгароию терроризм қарор дошта, дар ин мубориза  илова бар харҷи имкониятҳои васеътарини молию фаннӣ, солона даҳҳо ҳазор инсон қурбонӣ медиҳад. Теъдоди қурбониён аз миёни мардуми ғайринизомӣ низ зиёд аст. Ин ба маънои дар ҳолати як ҷанги воқеӣ бо экстремизму терроризм қарор доштани давлат ва ҷомеаи Афғонистон аст. Аз ин рӯ, мубориза бо экстремизму терроризм фақат «кори дохилӣ»-и Афғонистон набуда, дар чунин марҳала ҳамкорӣ бо давлати Афғонистон ва дастгирии ҳамҷонибаи ин кишвар як вазифа ва як зарурати амниятии худи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бар он мавқеъ ҳаст, ки яке аз роҳҳои ба эътидол омадани вазъияти Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар аст. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳангоми барномарезии ҳалли низои Афғонистон нисбат ба масъалаҳои низомию қудратӣ ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таъкиди бештар намояд. Албатта, Тоҷикистон аҳаммияти масъалаҳои амниятиро сарфи назар намекунад, вале ҳамзамон ба ин назар аст, ки то ҳалли муносиби худро наёфтани масъалаҳои доғи иҷтимоӣ, заминаҳои дохилии буҳрон дар Афғонистон бартараф нахоҳанд шуд.

Дар ин замина бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими низоми маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мутобиқсозии муҳоҷирон ва размандагони собиқ ба ҳаёти осоишта, татбиқи барномаҳои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ғайра таҷрибаи амалӣ дорад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ин соҳа яке аз самтҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳамкорӣ бо кишварҳои самоягузор барои эҳёи Афғонистон саҳми бисёр ҷиддии амалӣ гузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши ҳамкориҳо бо Афғонистон дар соҳаи энергетика аҳаммияти фавқулода қоил буда, ин кишварро муҳимтарин шарики энергетикии ояндаи худ дар минтақа медонад. Рушди ҳамкориҳои васеъ дар ин самт ба манфиатҳои миллӣ ва ниёзҳои воқеии ду ҷониб комилан мувофиқ мебошад. Ин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон моҳияти оянданигарона дошта, дар назар дорад, ки ҳамкориҳои энергетикӣ яке аз авлавиятҳои асосии муносибатҳои ду кишвар дар даҳсолаҳои оянда хоҳанд буд. Зери мафҳуми «ҳамкориҳои энергетикӣ»  ҳам ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини неруи барқ ва ҳам дар бахши таъмини маводи сӯзишворӣ ва ғайра дар назар дошта мешаванд.

Бо дарки моҳияти ин заминаҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ имзои Созишномаи сулҳ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва гурӯҳи Толибон эъломи оғози марҳилаи нави таҳкими субот ва таъмини рушди Афғонистон ба ҳисоб рафта, бо назардошти хусусиятҳои хосси равандҳои муосири байналмилалӣ ва таъсири он ба воқеиятҳои геополитикии минтақа, дар марҳилаи навбатӣ таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зерин раванди устувори сулҳ ва эҳёи Афғонистонро вусъат хоҳад бахшид.

Дар маҷмуъ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон чунин мавқеъро пуштибонӣ мекунад:

1.Масъалаи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва он бояд бо истифодаи механизмҳои байналмилалии сулҳофарӣ ва таҷрибаи дипломатияи ҷаҳонӣ дар ҳалли низоъҳо ба эътидол оварда шавад.    

2.Кишварҳои бонуфуз ва ҳамсояҳои Афғонистон бояд дар сатҳи СММ дар бораи ташкили «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон қарори дахлдор қабул карда, аз воридшавии ҳама гуна аслиҳа, маводи низомӣ ва гурӯҳҳои ҷангӣ ба дохили ин кишвар қатъиян пешгирӣ намоянд.

3.Мубориза бо маводи мухаддир бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дошта, дар дохили Афғонистон ба таври ҷиддӣ назорати ин раванд ба роҳ монда шавад, зеро даромад аз қочоқи маводи мухаддир яке аз манбаъҳои аслии таъмини молиявии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ихтилоли сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада мебошад.

4.Бояд ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Афғонистон аҳаммияти аввалиндараҷа дода шавад, зеро вазъияти ногувори иҷтимоӣ яке аз заминҳои доимии буҳрон ва бесуботӣ мебошад.

Дар фарҷоми сухан бояд таъкид намуд, ки дар тамоми даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи Афғонистон дар маркази сиёсати хорҷии Ҳукумати мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, фаъолияти кишвари мо дар ин самт натиҷаҳои назаррасе ба бор овардааст. Маҳз бо ҳамин сабаб Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бори дигар ёдрас шуданд: “Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд. Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад. Мо чунин мешуморем, ки тақдири Афғонистон ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар ҳаллу фасл ва муайян созанд. Ба ин манзур, мо аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоем ва умед дорем, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард. Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд. Ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар ин самт хоҳад гузошт”.

Холиқов Бахтиёр Холиқович,

сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед