Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор мушкилиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, махсусан, ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Вале, сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд ва барои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи моддиву техникии қофӣ вуҷуд надошт, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Артиши миллии худ шурӯъ намуд. Яъне, бо талошҳову заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи холӣ, аз сифр оғоз гардид.
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз он давра, рӯзи 23-юми феврал дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун анъана яке аз санаҳои муҳимми таърихи давлатдории навини Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таъсисёбии Артиши миллӣ – ҳамчун рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватани азизамон ҷашн гирифта мешавад.
Бояд зикр намуд, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби ҷавонон пурра гардонида мешавад. Зеро, ҷавонон неруи созандаи ҷомеаро ташкил намуда, муҳаррикест, ки бо ҳаракати худ тамоми ҷомеаи бузурги инсониро ба ҳаракат медарорад ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ низ қисми аз ҳама солимтарини аҳолӣ маҳсуб меёбад. Илова бар ин, ҷавонон ҳамчун як гурӯҳи иҷтимоии фаъол ва махсус – инъикосгар ва нишондиҳандаи вазъи иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва динамикаи ҷомеа, инчунин, як неруи воқеие мебошанд, ки ғояҳои навоваронаашон омили таҳаввулоти куллии ҷомеа мегарданд. Мањз онњо самти рушди ҷомеа ва ояндаи онро аз бисёр ҷињатњо муайян менамоянд. Имрӯз, 70 – фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то синни 35-сола ташкил медиҳанд, ки онҳо айни замон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи мо маҳсуб меёбанд.
Аз ин хотир, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон пайваста диққати махсус намуда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ иқдомҳои заруриро пеш мегиранд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ низ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 эътимоди худро нисбати ҷавонон зоҳир намуда, чунин зикр намуданд: “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.”
Бояд зикр намуд, ки ҷараёни такмил ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ, ба вуҷуд овардани сохторҳои таркибии он ҳам аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва ҳам пурра кардан бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ то ба имрӯз давом дорад. Зеро, Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ва баланд бардоштани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, сарфи назар аз душворию мушкилоти зиёд ҳамеша кӯшиши ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии ин сохторро таъмин намуда истодааст. Дар ин замина, санади мукаммали ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 14 декабри соли 1996 мебошад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, таъйинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Мутобиқи қонун вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд: зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ; ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд.
Барои боз ҳам вусъат бахшидан ба ҷараёни такмил ва таҳкими Қуваҳои Мусаллаҳ ва пурзӯр намудани масъулияти сохторҳои низомӣ дар таъмини амнияти миллӣ бо супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллӣ таҳия ва пешниҳод гардид, ки Марказ низ дар таҳияи он саҳми худро гузоштааст. Ҳамзамон, фармонҳо “Дар бораи тадбирҳои боз ҳам беҳтар кардани тарбияи мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ, Гвардияи президентӣ, Қушунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ, “Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ” ба тавсиб расиданд, ки раванди ин дигаргунсозиҳоро боз ҳам вусъати тоза бахшид.
Ҳамин тариқ, ҳамасола ҳудуди 30 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҷалб карда мешаванд ва бо мақсади баланд бардоштани омодагии доимии ҷангии онҳо машқҳои муштараки низомӣ бо намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СААД, СҲШ ва ИДМ мунтазам анҷом дода мешаванд, ки дар натиҷаи ин ҳамкориҳо Артиши Тоҷикистон то ҳадде бо кадрҳои мутахассис ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Ба ҳамин хотир, аз 26 сентябр то 7 октябри соли 2024 дар полигони «Берег» дар вилояти Алма-Ато машқҳои фармондеҳӣ-штабӣ бо иштироки неруҳои сулҳпарварони Созмони Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо номи «Бародарии вайроннашаванда — 2024» баргузор баргузор гардид, ки дар он контингентҳои низомӣ аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар соли 2025 бошад, дар Қирғизистон тамринҳои “Рубеж-2025” ва “ҷамъомад бо фармондеҳии неруҳои зудамали кишварҳои Осиёи Марказӣ” дар чаҳорчӯби тамринҳои “Бародарони ҷангӣ — 2025” баргузор хоҳад гашт.
Ҳамин аст, ки имрӯз бо дарки масъулияти ватандорӣ ҷавонони мо аз уҳдаи нигоҳубини сарҳадоти давлатӣ бо сари баланд баромада истодаанд ва сипари боэътимоди Ватан гардидаанд. Артиши миллии мо дар лаҳзаҳои барои амнияту суботи кишвар хеле ҳассос ва сар задани таҳдидҳо ба якпорчагии кишвар тавонист аз уҳдаи рисолати худ бо сарбаландӣ барояд. Дар ин раванд Артиши миллии кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тавонист, ки зиндагии осудаҳолонаи сокинонро эмин нигоҳ дорад. Бинобар ин, хизмат дар сафи Артиши миллӣ пеш аз ҳама мазмуни ҳимояи номус, шаъну шараф, волидайн, наздикон ва ҳамватанонро дорад. Сабаби дар солҳои охир ба рейтинги амнтарин кишварҳои дунё шомил шудани Тоҷикистон низ натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар аст.
Ҳамин тариқ, дар замони бархӯрди манфиатҳои миллӣ ва байнидавлатӣ ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, барои ҳама қишрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонон, ки ояндаи миллат ва ҷамъият мебошанд, аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад. Албатта, суханҳои зикргардида пеш аз ҳама ба хотири боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди тарбияи ҷавонон, дар руҳияи садоқат ба касбу савганд мебошад. Зеро, Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву Ваҳдат ва Истиқлолият расидан, шукронаи соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва бовар дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем. Зеро, ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама ба ҷавонони бо нангу номус ва далеру шуҷои Ватан вогузор гардидааст.
Зарипова Зилола
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлил ва ояндабинии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон