Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ташкилоти ҷамъиятӣ – сиёсӣ буда, фаъолияташ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.
ҲХДТ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамзамон ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.
ҲХДТ ин бонуфузтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ аст ва аз рӯйи эътибору иқтидор (маъмурӣ, идеологӣ, аъзо ва таркиби иҷтимоии аъзоёнаш) бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. ҲХДТ ҳам иқтидори зиёди маъмурӣ дорад ва ҳам эътибораш миёни омма бузург аст.
ҲХДТ–ро се омили асосӣ тақвият медиҳанд:
- Роҳбари ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Омма дар симои ҳизб роҳбари оқилу доно ва дар симои роҳбари он ҳизби тавоноро мебинад.
- Нерӯи зеҳнии ҳизб бисёр бузург аст. Таркиби онро дар баробари қишрҳои дигари иҷтимоӣ, олимону зиёиёни ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Зиёда аз ин, ҲХДТ таҷрибаи 27– солаи фаъолияти пурсамар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайраро соҳиб мебошад. Сифатнокии таркиби ҳизб ба самаранокии фаъолияти он мусоидат мекунад.
- Барномаҳои ҳизби мазкур ҷузъи барномаҳои имрӯзаи рушди васеи соҳаҳои давлат мебошанд. Ин сифат ҳизбро ба як қувваи давлатсоз табдил додааст.
Зиёда аз ин, доштани дастгоҳи пурқуввати ташвиқоту тарғибот: нашрияҳо, сомонаҳои иҷтимоӣ ба ҳизб боз ҳам қувваи дигар мебахшанд.
Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки равандҳои сиёсати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳанд, ки барои таъмини рушди устувор ва таҳкими суботи сиёсии давлат боло бурдани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва бо ин роҳ бештар намудани самаранокии низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳимми ҲХДТ буда, ба ин масъала диққати махсус дода мешавад.
ҲХДТ зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар баробари масъалаҳои ҳама гуна бахшҳои ҳаёт масъалаи ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар ҷумҳурӣ низ ҳамеша дар маркази фаъолияти ҲХДТ қарор гирифтааст.
ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.
ҲХДТ якҷо бо Ташкилоти «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар ин замина кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва соҳибкасб ба воя расад. Мубориза бар зидди нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва содир намудани дигар амалҳои номатлуб аз тарафи ҷавонону наврасон мунтазам дар мадди назар боқӣ мемонад. Инчунин омӯзиши илму донишҳои муосир, азхуд намудани технологияҳои инноватсионӣ ба хотири ояндаи устувору пояндаи ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, ҲХДТ дар татбиқи сиёсат барои дастгирии ҷавонон дар ҷумҳурӣ ба рушди варзиш ва солимии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Зеро, варзиш ҳамчун зеботарин шуғли инсон таърихи кӯҳан дошта, воситаи асосии беҳдошти саломатӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ба шумор рафта, ҷиҳати таҳкими дӯстии одамон ва баландбардории нуфузи байналмилалии давлат нақши муҳимро мебозад.
ҲХДТ ҷиҳати тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва давлативу шахсони воқеӣ бунёди варзишгоҳу майдонҳо ва толорҳои варзиширо тарафдорӣ менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир инфрасохтори соҳаи варзиш давра ба давра зиёд шуда, дар ҷумҳурӣ даҳҳо маҷмаа ва толорҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуда истодааст. Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас то имрӯз шумораи онҳо ба 10 220 расонида шуд. Яъне теъдоди иншооти варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нуҳ баробар зиёд гардидааст. Рушди вазъи инфрасохтори соҳаи варзиш барои ҷавонон имкон дод, ки имрӯз бештари онҳо ба машқу тамрин ҷалб шуда, аз миёни онҳо чемпионҳои ҷаҳон кашф гарданд. Ин аст, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ, ҷаҳонӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои Олимпӣ, Бозиҳои Осиёӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд ва дар ҷаҳон аз ҳисоби ғолибияти онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон партавфишон шуда, дар баробари он Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ 5743 маротиба Парчами Тоҷикистон афрохта шуда, 1797 маротиба Суруди миллии давлати тоҷикон садо додааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар маҳсуб шуда, солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Дар давоми солҳои 2015–2020 дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст, ки тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар руйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон ҷой гирифтаааст. Барои боз ҳам тараққӣ додани соҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 – ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва баъдан бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 –ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кард. Мақсади асосии ин иқдомҳо амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.
Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон васеъ ба роҳ мондааст. Ин аст, ки дар зарфи солҳои 2018-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст.
Хулоса, ҲХДТ дар даврони Истиқлол ҳамчун як нерӯи бонуфузи сиёсӣ бо барномаи фарогире ворид гашт, ки он рушду таҳаввули тамоми самтҳо ва бахшҳои ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки ҲХДТ бо роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ташаббусу ибтикороти ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди варзишу сайёҳӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд ва дар маҷмӯъ кӯшиш менамоянд, ки мардуми кишвар ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гардад.
Ин аст, ки дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ, рӯзи 8– сентябри соли 2021 Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ботантанаи хеш дар робита ба ин масъала таъкид намуданд: “Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон наврасону ҷавононе ба камол расиданд, ки имрӯз мо бо ҳисси миллӣ ва садоқати онҳо ба Ватан, инчунин, бо сатҳи илму дониш, одобу ахлоқ ва саъю талоши ин насл воқеан ифтихор мекунем. Ҳоло ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва далеру ғаюри мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар бунёди иншооти азиму тақдирсози кишвар, ободонии Ватан, ҳифзи суботу оромии мардум ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд. Имрӯз 90 фоизи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва беш аз 50 фоизи бунёдкорони иншооти сарнавиштсози мо – нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Умуман бояд гуфт, ки ҳоло рушди ягон соҳаи ҳаёти давлат ва ҷомеаро бидуни иштироки фаъолона ва саҳми арзишманди ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад.”
Фарзона Худойдодова –
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон