Дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» сурати воқеии афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) аз руи сенарияи индустриалӣ дар соли 2020 ба ҳисоби миёна, 7,5 дарсад пешбини шуда буд. Ин нишондиҳандаро Бонки Ҷаҳонӣ 5,0 дарсад ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бошад, ба андозаи 6,0 дарсад пешгӯӣ карда буданд.

Акнун савол матраҳ ин аст, ки давоми соли 2020 ба кадом андоза сатҳи рушди воқеии ММД, таъмин гардид ва дар афзоиши он кадом соҳаҳо бештар таъсири мусбат, расониданд.?

Тибқи оморӣ расмӣ, давоми соли 2020 дар натиҷаи амали гардидани вазифаву афзалиятҳои дар доираи ҳȳҷҷатҳои  муҳими стратегӣ муайянгардида бо такя ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ,  суръати афзоиши воқеии ММД дар нимсолаи якуми соли 2020 7,0 дарсад ва нимсолаи дуюми соли ҷорӣ 3,5 фоиз таъмин гашта, нисбат ба дурнамо аз 0,5 то 4 дарсад, пешгуиҳои Бонки Ҷаҳонӣ 1,5%,  ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бошад, 2,5 банди фоизи кам мебошад.

Дар давраи таҳлилӣ афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,2 фоиз ва кишоварзӣ бошад, 8,2 дарсад таъмин  таъмин гардидааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 14%, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо 45,3% ва тарабхонаҳо 17,3%, мусофиркашонӣ 8,7% хусусан, бо нақлиёти ҳавоӣ 57,8%  роҳи оҳан 21,4%, гардиши савдо 5,2%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6%, аз ҷумла аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ 26%, воридоти молу маҳсулот 4%, боркашонӣ 3,3%, бахусус ва бо нақлиёти ҳавоӣ бошад, 38 дарсад коҳиш ёфтанд, ки маҷмӯан 2 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Чунин вазъ натанҳо дар ҷумҳурии мо балки, қариб дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои аз лиҳози иқтисоди пешрафта низ ба назар мерасад.  Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар нимсолаи якуми соли 2020 суръати ММД Фаронса 5,8%, Испания 5,2% ва Италия 4,7% ва ИМА бошад, 4,8 дарсад коҳиш ёфтааст, ки сабаби асосии ҳолати баамаломада дар хуруҷи пандемияи COVID-19 ва таъсири он ба иқтисодиёт арзёбӣ мегардад.

Аммо сарфи назар, аз таъсир ва оқибадҳои манфии пандемияи COVID-19 ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷойдошта кишвари мо тавонист бо тадбиқи вазиваю афзалиятҳои дар барномаю ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ муайянгардида, инчунин роҳандозӣ намудани тадбирҳои судманд ҷиҳати кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ сурати авзоиш ММД-ро дар ҳаҷми 3,5 дарсад таъмин намояд.

Таҳлили вазъи иқтисодиёти кишвар дар нимсолаи якуми соли 2020 нишон доданд, ки сарфи назар аз баъзе мушкилоти мавҷуда гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2158,7 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз ё 21,8 миллион доллар мебошад. Илова бар ин, дар давраи таҳлилӣ ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, истеҳсоли маҳсулот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ як силсила тадбирҳои дахлдор амалӣ гардида, 83 корхонаи нави саноатӣ бо 1135 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз шумораи умумии корхонаҳои навтаъсиси истеҳсоли  34 ададаш ба вилояти Суғд,  вилояти Хатлон 21 шаҳри Душанбе 13, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 ва ВМКБ бошад, 2 корхона рост меояд. Таъсиси корхонаҳои нав имкон фароҳам овард, ки  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,2 дарсад таъмин гардад..

Ҳамин тавр,  аз факту рақамҳои овардашуда метавон хулоса намуд, ки  фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020  новобаста аз таъсири пандемияи COVID-19 ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷойдошта мусбат буда, он ба коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна, таъмини рушди самарабахши иқтисодиёт аз ҳисоби имкониятҳои дохилӣ, таъсиси коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ ва дар ин замина афзоиш додани истеҳсоли молҳои ба содирот нигаронидашуда, сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардида аст. Илова бар ин, дар давраи пандемияи COVID-19 ҳукумати мамлакат тавонистааст, ки раванди саноатикунонии босуръати кишвар ва иҷрои самараноку мақсадноки вазифаҳои дар доираи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз қабили «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» муайянгардидаро таъмин намояд.

Пешгӯиҳои институтҳои молиявии зикргардида дар робита ба коҳиши сурати рушди иқтисодиёти кишвар, бедарназардошти хуруҷ ва таъсири пандемияи COVID-19 арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, дар чунин вазъ дар сатҳи 3,5 дарсат таъмин гардидани рушди иқтисодиёт дар нимсолаи якуми соли 2020 нишондиҳандаи мусбат ҳисобида мешавад. Ба андешаи мо, агар пандемияи хуруҷ намекард сурати рушди иқтисодиёти мамлакат ба андозаи дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинигардида, яъне дар сатҳи 7,5  дарсад таъмин мегардид, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо пешбиниҳои ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2020 аз 1,5 то 2,5 банди фоизи зиёд мебошад.

Одинаев А.И.,

сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои

соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед