«Фарҳанг ҳастии миллат аст» – Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат, фарҳангро ҳастии миллат ва асоси мавҷудияти ҳар як миллат  арзёбӣ намудаанд. Фарҳанг маҳсули фаъолияти дуру дарози таърихии инсон мебошад. Тамоми неруи  сиришти фарҳанг дар сурату симоҳои гуногуни халқу миллатҳо, забонҳо, таълимоти динӣ, илму ҳунар  ба таври хоса  зоҳир гардида, на фақат технология ва тарзу усули зиндагӣ ва  тамоми фаъолияти эҷодкоронаи одамонро фаро мегирад, балки он ба арзишҳои муҳимми ҳаётӣ табдил гардида,  ба зиндагонӣ ва ҳастии инсон  маънӣ мебахшад. Фарҳанг бо мақсадгузориҳои муайяни инсонӣ ва дар ҳаёт  амалӣ гардидани ин мақсадҳо зич  алоқаманд мебошад. Он дар асоси ҷаҳонбинӣ ва меъёрҳои гуногуни маънавию  ахлоқӣ муносибат доштан ба ҳамин навъи ҷомеаро ташкил медиҳад.

Фарҳанг ин нишонаи миллат, таърихи миллат ва пояи ҳастии миллат маҳсуб меёбад. Дар замони истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги мардуми тоҷик ба пуррагӣ эҳё ва рушд ёфт. Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг эътибори хоса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз фазои фарҳанги миллӣ ҳифз гардида, маданияти шаҳрвандон рӯз аз рӯз баланд гашта истодааст.

Маҳз фарҳанги миллат, таърихи миллат, муаррифкунандаи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Фарҳанги шаҳрдорӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса дар пойтахтамон шаҳри Душанбе бо талошҳои созандаи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Сохта ба истифода додани биноҳои баландошёна, майдончаҳои варзишӣ-истироҳатӣ, боғҳои фарҳангӣ, кӯчаҳои мумфарш ва оро дода бо ҳунарҳои мардумӣ, бунёди театру синамо, намунаи иқдомҳои асоси рушди фарҳанги миллӣ мебошад. Боз яке аз ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахтамон- шаҳри Душанбе мебошад, ки аз ҷониби сокинони пойтахт ва дар маҷмӯъ бо ҳамовозии тамоми мардуми кишвар якдилона ҷонибдорӣ ва дастгирӣ пайдо кардааст.

Дар ҳақиқат халқи тоҷик яке аз халқҳои дорои тамаддуни қадима ва  ғание мебошад, ки бо ташаббуси фарзандони фарзонаи миллати тоҷик то ин дам ҳифз гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ баҳри ҳифз ва рушди фарҳангу тамаддуни ниёгони хеш пардохта, дубора ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки халқи мо дар таърих соҳибилм, соҳибҳунар ва соҳибтамаддун ва фарҳангсолор мебошад. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои таърихӣ, мисли Саразми бостонӣ, ҷашну маросимҳои миллати тоҷик амсоли иди Наврӯз, ҳамчун арзиши бузурги миллӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардида ва  ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гардид. Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи дунё ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, Саразмро ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид намуданд ва имсол “5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва аввалин намунаи давлатдорӣ” ҷашн гирифта шуд. Баҳри боз ҳам рушд додани расму ойини гузаштагони миллати тоҷик аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар кишвар эълон гардид, ки ҳисси фарҳангдӯстии мардуми тоҷик дучанд бедор гардида, барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва мустаҳкам намудани фазои фарҳангии тоҷикон пояи бузурге мебошад. Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон ташкил шуда, фаъолият намуда истодаанд. Ҳамзамон ба ҳунармандону фарҳангиён имконияти васеи фаъолият фароҳам оварда шудааст.  Аз ин рӯ, халқи шарифи Тоҷикистон, хусусан мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри неъматҳои бебаҳои даврони истиқлол бирасем. Чунонки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадҳои хеш такрор ба такрор таъкид менамоянд, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, зеро онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ифтихори бузург аст, ки ҷавонони кишвар зери ҳидоятҳои Пешвои миллат аз фарҳангу таърихи миллат хуб огоҳ буда, баҳри ҳифз ва таҳкими худшиносии миллӣ пайваста талош менамоянд.

Малика Боқиева, 

мутахассиси раёсати таҳлил ва 

ояндабинии сиёсати дохилии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед