Марҳилаҳои рушди иқтисодӣ бо шавқи беандоза аз муаммоҳои соҳибкорӣ тавсиф дода мешавад, ки ин ҳол ба дигаргуншавии иҷтимоӣ- иқтисодии ҷомеа алоқаманд аст. Инкишофи соҳибкорӣ аз иштирокчиёни он  қарорҳои наву оқилонаро  талаб менамояд, ки ба амалигардии равандҳои иноватсионӣ ва афзоиши даромади соҳибкорон  ва давлат равона шудааст.

Сатҳи баланди рақобат чун қувваи ҳаракатдиҳандаи тарақиёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ соҳибкоронро водор месозад, ки дар шароити номуайянӣ  ва таваккал фаъолият намуда,  баҳри расидан ба мақсад, усулҳову  қарорҳои  навоварона ва оқилонаро истифода кунанд. Соҳибкорӣ  ояндаи иқтисодии ҳар фарди алоҳида, корхона, соҳа ва ҳатто иқтисодиёти мамлакатро метавонад ба куллӣ тағйир диҳад. Соҳибкорӣ дар шароити кунунӣ  аз дараҷаи қонеъгардонии талаботи он дар истеҳсолот, аз ҷорӣ намудани навигариҳои илмӣ -техникӣ, ташкилию технологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ вобаста аст. Аз ин ҷост, ки Ҳукумат  дар  сиёсати давлатии худ бо максади рушди устувор ва истифодаи дастоварду иқтидорҳои он  дар истеҳсолот ба таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ  дар кишвар таваҷӯҳи доимӣ  зоҳир намуда , маблағгузориҳои давлатии онҳоро тадриҷан афзун гардонида истодааст. Ба ҳолати сифатан нав гузаштани иқтисодиёт ба давраҳои ҳафтсоли оянда моҳиятан ҷоннок намудани фаъолияти иноватсионӣ ва ташаккул додани потенсиали иноватсионии кишварро зиёд менамояд.

Ҳоло барои беҳтар кардани фазои иқтисодии кишвар танҳо бо роҳи ҳар чӣ бештар тадбиқ кардан ва инкишоф додани муносибатҳои иқтисодӣ, мусоидат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ имконпазир аст. Иқтисодиёт ин худ усули бештар самараноки хоҷагидорӣ, инчунин воситаи бунёди арзишҳои нав аст. Аз ин ҷиҳат соҳибкорӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ бояд зинаҳои сифатан навро дар инкишофи истеҳсолот таъмин намояд. Бинобар ин дар ҳамаи самтҳои  хоҷагии халқи мамлакат барпо кардани шароитҳои ҳавсмандии зарурӣ барои равнақи фаъолияти соҳибкорӣ нақши бағоят муҳим дорад. Ба назари эътибор гирифтани хусусиятҳои фаъолияти соҳибкорӣ, муҳайё кардани шароитҳо барои оқилона истифода кардани нерӯи пуриқтидори он, метавонад ба  иқтисодиёти кишвар қувваи тоза бахшида, онро ба шоҳроҳи инкишофи мутамаддин ворид созанд.

Муваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ дар якчанд соли охир пеш аз ҳама, ба мақоми молистеҳсолкунандагони озод ва мустақил соҳиб шудани соҳибкорон боис гардид, дар ҷумҳури шумораи  корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд мунтазам афзуда 4455  ададро ташкил диҳад. Шумораи миёнаи кормандони онҳо бе дуҷоякорон, бошанд ба 18961 нафар расид, ки аз ин  3887 нафарашон занҳо мебошанд. Даромад аз ҳисоби маҳсулоти фурухташуда, иҷрои кор ва хизматрасониҳо,  4351785,6 ҳазор  сомонӣ ва фонди музди меҳнат  21859,3 ҳазор  сомониро ташкил додааст. Инчунин шумораи шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ тибқи шаҳодатнома ва патент машғуланд,  284,7 ҳазор нафарро ташкил намудааст. Аз ин миқдор, 2,2 дарсад дар соҳаи хизматрасонии маишӣ, 0,6 дарсад дар соҳаи иҷтимоӣ – фарҳангӣ, 31,5 % дар соҳаи савдо ва хуроки умумӣ ва 65,7 дарсади ба дигар намудҳои фаъолият машғуланд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар натиҷаи амали гардидани мақсаду вазифаҳои муаянгардида аз ҷумла  дар доираи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020   фаъолияти соҳибкорӣ мунтазам афзуда, соли 2019 – 315 ҳазор ададро ташкил додаст.Илова бар ин дар давраи солҳои 2013-2019 бо такя бо бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ :

-маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат аз 5 ҳазор сомонии соли 2013 то 8,8 ҳазор дар соли 2020 расонида шуд;

– саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра аз 54 ба зиёда аз 70 фоиз расид;

– дар ҳафтсоли охир  зида аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ҳамасола 150 ҳазор ҷои кории доимӣ ва мавсимӣ  таъсис дода шуд;

-даромади пули аҳоли беш аз 2 ва музди меҳнати миёнаи як корманд ба 2.4 баробар зиёд шуд;

-сатҳи  камбизоатӣ  аз 38.3 фоизи   соли 2013 то 26.3 фоиз  дар соли 2020 паст гардид;

-сиёсати самарабахши молиявии давлатӣ  амалӣ  гардида, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ  аз 12 миллиард сомонии соли 2013 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020, яъне 2 баробар афзоиш ёфтааст.

-дар ҳафт соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои  маблағгузорӣ  беш аз 83 милиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Ин имконият дод, ки фаровонии бозор таъмин гардида ва барои гузаштан ба зинаи сифатан нав шароиту заминаҳои мусоид барпо карда шавад. Барои ин дар солҳои минбада аз ҷумла дарку ҳалли масъалаҳои муҳими бунёди иқтисодӣ, инчунин таъмин намудани фаъолияти  пешқадами шаклҳои соҳибкорӣ зарур аст. Илова бар ин, зарурияти таъмини  равнақу болоравии  истеҳсолот  ва самаранокии  он, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум водор месозад, ки соҳибкори рушду равнақ дода шавад. Чунки ин ҳолат натанҳо ҳамчун хусусияти соҳибкориро дар бар мегирад, балки ба сифати омили дигаргунсозии куллии   мавқеи  инсон дар ҷомеъа баромад мекунад.

Аз рақамҳои овардашуда  хулоса  кардан  мумкин аст, ки соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоию – иқтисодии мамлакат, аз ҷумла дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим дорад.

Темуров Р.М.,

мутахассиси  пешбари

Раёсати   тадқиқоти масъалаҳои

соҳибкорӣ ва инкишофи  бахши хусусии

Маркази тадқиқотии стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед